Дар як сатр
» » ХУШ КАСЕ, КИ БОҒ БУНЁД МЕКУНАД

ХУШ КАСЕ, КИ БОҒ БУНЁД МЕКУНАД

14-02-2020, 20:49

Дар мавсими ниҳолшинонӣ ва рафти корҳои боғдорӣ рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар бозори «Ҳоҷӣ Шариф»-и шаҳри Бохтар намоиш - фурӯши ниҳолу гулу гулбуттаҳо доир гардид. Дар ин рӯз боғпарварони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ниҳолони навъҳоибеҳтарини меваҳо, ангур, ороишӣ, гулҳоро пешниҳод намуданд.

Мавриди зикр аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди боғу токзор таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, аз ҷумла дар доираи як барномаи давлатӣ бунёди 20 ҳазор гектар боғу токзори нав-ро дар ҳудуди вилояти Хатлон ба роҳ монда буд. Аз таҳлилҳои оморӣ бармеояд, ки дар ин давра аз ҳисоби заминҳои лалмӣ ва доманакӯҳҳои ноҳияҳои вилоят ҳазорҳо гектар боғу токзори нав бун-ёду садҳо гектар боғҳои пешина аз нав барқарор карда шуданд.

Таҷрибаҳо собит намуд, ки иқлими вилояти Хатлон ба парвариши себу зардолу ва ангурҳои навъи гуногун мусоид буда, рушди ин соҳаи муҳим василаи таъмини бозорҳои дохилу хориҷ бо меваҷоти хушсифат ва мояи беҳбудии рӯзгори кишоварзон шуда метавонад. Боғҳои сарсабзу ҳосилдеҳи шаҳру навоҳии вилоят, арзонии нарху навои меваҳо дар бозорҳо ва афзоиши ҳаҷми содироти меваҳои гуногун аз қаламрави вилояти Хатлон шаҳодати ин гуфтаҳост.

Дар намоиш-фурӯши ниҳол таҳти унвони «Самараи умри деҳқон» беҳтарин боғпарварони муассисаҳои ниҳолпарварии шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд. Тавре ки роҳбарияти Кумитаи тадорукотӣ иброз доштанд, ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ на танҳо дастрасии аҳолӣ ба ниҳолҳои мевадиҳанда ва гулу буттаҳои ороишӣ аст, балки намоиши ҳунару малакаи боғпарварони собиқадор ва табодули таҷрибаи беҳтарин миёни боғу токпарварони минтақа мебошад. Дар рафти чорабинии мазкур мутахассисони соҳа оид ба тарзи дурусти буриши ниҳол ва нозукиҳои истифодаи заҳрҳои кимиёӣ барои растаниҳо дар фаслҳои гуногуни сол маълумот доданд.

Чунонки муовини раиси вилояти Хатлон Умед Зоирзода таъкид дошт, баргузории чунин намоишҳо дар рӯҳияи дӯстдории табиат, меҳру муҳаббат ба пешаи боғпарварӣ ва баланд бардоштани донишу малакаи боғпарварони ҷавон нақши муҳим мебозад. Аз рафти муаррифии дастранҷи ниҳолпарварон мушоҳида мешуд, ки имрӯзҳо хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ ва соҳаи боғдорӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар рушду нумӯъ карда истодааст. Ин имкон медиҳад, ки дар ояндаи наздик боғпарварони минтақа дар ғанисозии бозори дохилу хориҷ аз кишвар бо себу шафтолу, анору зардолу, бодому пиставу лимӯ ва чормағзу дигар меваҳои хушсифат саҳми бештар хоҳанд гузошт.

Боғдорону ниҳолпарварони вилояти Хатлон изҳори қаноатмандӣ доранд, ки маҳз бо ташаббусу дастгирии Сарвари давлат баҳри рушди соҳаи боғдорӣ сол аз сол ҳамкориҳо миёни олимону мутахассисон ва боғпарварони дигар минтақаҳои кишвар бо боғпарварони вилояти Хатлон густариш ёфта, майдони боғҳои интенсивӣ ва боғистони меваҷоташ дар бозорҳои ҷаҳонӣ серталабгор зиёд шуда истодааст. Тавре масъулини Сарраёсати кишоварзии вилоят зимни суҳбат бо хабарнигорон иброз доштанд, солҳои охир ҳамкориҳои олимону мутахассисони шаҳрҳои Турсунзодаву Ҳисор бо боғпарварону мутахассисони вилояти Хатлон густариш ёфта, дар шаҳру ноҳияҳои ҷануби кишвар масоҳати майдонҳои боғу токзори серҳосил зиёд гардида истодааст.

Дарвоқеъ, намоиш - фурӯши ниҳол дар бозори «Ҳоҷӣ Шариф»-и шаҳри Бохтар имкони хубе буд баҳри дастрасии сокинони шаҳру ноҳияҳо ба ниҳолу гулу буттаҳои ороишӣ ва тухмиҳои хушсифат. Дар ин рӯз, инчунин, соҳибкорон ҳосили боғу сабзавот ва дигар маҳсулоти кишоварзии худро пешкаши сокинон намуданд. Мардум аз намоишгоҳ заҳрхимикатҳо барои пешгирӣ аз касалиҳои мавсимии набототро дастрас намуда, оид ба истифодаи дурусти он аз мутахассисони соҳа маслиҳатҳои судманд гирифтанд.

Дар ин рӯз аз ҷониби Кумитаи тадорукоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон беҳтарин ниҳолпарвару боғдорони шаҳру ноҳияҳо бо сипосномаву мукофотҳо сарфароз гардонида шуданд. Ҳайати тадорукот омодагиҳои шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлонро ба намоиши ниҳолҳо, гулу гулбуттаҳо, тухмиҳои хушсифату заҳрхимикатҳо ба инобат гирифта, ниҳолпарварони шаҳри Левакантро бо Дипломи дараҷаи якум, ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро бо Дипломи дараҷаи 2 ва ноҳияи Қубодиёнро бо Дипломи дараҷаи 3-юм сарфароз гардониданд.

Ҷамолиддин САЙФИДДИН




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Самараи умри деҳқон

Самараи умри деҳқон

Арсаи кишоварзӣ
Самараи умри деҳқон

Самараи умри деҳқон

Арсаи кишоварзӣ

Азми бунёди беш аз 1100 га боғу токзори нав

Хабарҳо

ДУРНАМОИ БУНЁДИ БОҒУ ТОКЗОР 98% ИҶРО ШУД

Хабарҳо
Намоиши ниҳолҳо дар Хатлон

Намоиши ниҳолҳо дар Хатлон

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА