Дар як сатр
» » ЯРМАРКА - ФУРӮШИ НИҲОЛ ДАР КӮЛОБ

ЯРМАРКА - ФУРӮШИ НИҲОЛ ДАР КӮЛОБ

14-02-2020, 20:44

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Раёсати кишоварзии вилоят дар гулгашти ба номи Сафар Амиршоеви шаҳри Кӯлоб ярмарка-фурӯши ниҳол ва гулу буттаҳо доир гардид. Дар ин чорабинӣ аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон кишоварзону ниҳолпарварон ширкат варзиданд. Ниҳолпарварон ба шаҳрвандон навъҳои беҳтарини ниҳолҳои мевадиҳанда ва ороишию сояафканро пешниҳод карданд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар ярмарка-фурӯши ниҳол иштирок намуда, аз ниҳол, гулу буттаҳо ва тухмиҳо дидан кард. Мавриди зикр аст, ки чунин ярмарка-фурӯши ниҳолҳо давоми чанд соли охир гузаронида мешавад ва ниҳолпарварон имкон пайдо мекунанд, ки ниҳолҳои парваридаи хешро ба фурӯш бароранд. Инчунин, бо корхонаю ташкилот ва хоҷагиҳои деҳқонӣ шартномаҳои ҳамкорӣ баста, ба онҳо ниҳолҳоро дастрас менамоянд.

Давоми солҳои охир дар бозору марказҳои савдои кишвар бештар маҳсулоти меваю сабзавот аз хориҷи кишвар ворид гардида истодааст, ки тамъу лаззати аксари онҳо то дараҷае ба саломатии инсон зарарнок мебошанд. Аз ин рӯ, мутахассисон тавсия медиҳанд, ки майдони боғот дар дохили кишвар васеъ карда шуда, истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ба роҳ монда шавад.

Дар намоишгоҳ номгӯи тухмии гулҳо ду баробар зиёд буд. Тухмиҳои хушсифати ғалладонагиҳо ва наску нахӯду дигар намуди сабзавот низ пешниҳоди харидорон гардонида шуд. Ҳамзамон мутахассисон навъҳои гуногуни нуриҳои органикӣ ва заҳрхимикатҳои зидди ҳашарот ва касалиҳоро ба маъраз гузоштанд. Кормандони биолабаратория ҳам дар ин намоишгоҳ хеле фаъол буданд.

Ҳамчунин, муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои томактабӣ, донишгоҳу коллеҷҳо намудҳои гуногуни гулҳои ороишию пурнакҳатро ба маъраз гузоштанд. Бино ба иттилои ҳайати комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ин ярмарка-фурӯш зиёда аз 30 хоҷагиҳои ниҳолпарвар ва ташкилоту корхонаҳо 86900 ниҳоли мевадиҳанда, 22480 ниҳоли ҳамешасабз, 1600 ниҳоли ороишӣ ва 32 навъи тухми гулҳо, ки 1552 килограммро ташкил медод, ба маъраз ва фурӯш гузоштанд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода барои ташкили ярмарка-фурӯши ниҳол ба ҳамаи иштирокчиён изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки чунин чорабиниҳо ниҳолпарварону боғкорон ва кишоварзонро бо ҳам муттаҳид менамояд. Онҳо аз ҳамдигар таҷриба омӯхта дар беҳтар намудани фаъолияташон кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Дар ярмарка-фурӯши ниҳоли имрӯза беҳтарин навъҳои ниҳолҳои мевадиҳанда, дорои сертификати сифат ва ба иқлими минтақа мувофиқ ба фурӯш бароварда мешавад, ки ин дар бунёди садҳо гектар боғҳои нав мусоидат менамоянд.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ барои иштироки фаъол ҷои аввал ба ниҳолпарварони ноҳияи Восеъ, ҷои дуюм ба ноҳияи Данғара ва ҷои сеюм ба ноҳияи Ҳамадонӣ сазовор дониста шуда, ба онҳо ифтихорнома ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон супорида шуд. Инчунин, як қатор ниҳолпарварон ва боғдорон барои фаъолияти пурсамарашон бо сипоснома ва туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.Дар ҳамин рӯз раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва роҳбарони ташкилоту корхонаҳо барои сарсабзу хуррам гардонидани шаҳри Кӯлоб дар гулгаштҳо ниҳолҳои ороишию сояафкан шинониданд.

Ш. Сафарзода




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ҲАШАРИ УМУМИШАҲРӢ

Ҳаёти иҷтимоӣ
Самараи умри деҳқон

Самараи умри деҳқон

Арсаи кишоварзӣ
Беш аз як миллион бех ниҳол дар фурӯш аст (видео)

Беш аз як миллион бех ниҳол дар фурӯш аст (видео)

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, Матолиби чандрасонаӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР, НАҶОТ САФАРЗОДА
Дар шоҳроҳи Данғара-Душанбе 4 ҳазор арча мешинонанд

Дар шоҳроҳи Данғара-Душанбе 4 ҳазор арча мешинонанд

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Анонс: 14-15 феврал ярмарка дар Қӯрғонтеппаю Кӯлоб

Анонс: 14-15 феврал ярмарка дар Қӯрғонтеппаю Кӯлоб

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА