Дар як сатр
» » ДАР МАРКАЗҲОИ САВДО БЕХАТАРИИ СӮХТОРРО ТАЪМИН НАМОЕМ

ДАР МАРКАЗҲОИ САВДО БЕХАТАРИИ СӮХТОРРО ТАЪМИН НАМОЕМ

11-02-2020, 19:47

Дар фасли зимистон эҳтиёҷ ба неруи барқ ва гармӣ натанҳо дар манзилҳои истиқоматии сокинон, балки дар тамоми иншооти вазорату идораҳо ва дигар хизматрасонии маишӣ ва бозорҳо, марказҳои савдо зиёд мегардад. Ин ҳолат кормандони оташнишониро водор месозад, ки дар ин самтҳои муҳим назоратро ҷоннок намоянд.

Пӯшида нест, ки бархе аз шаҳрвандон дар манзилҳои истиқоматӣ, коргарон дар утоқҳои корӣ ва соҳибкорону савдогарон дар бозору мағоза ва дуконҳо, марказҳои савдои молҳои рӯзгору масолеҳи сохтмонӣ барои гарм шудану хӯрок тайёр намудан дар қатори асбобҳои гармидиҳандаи стандартии ҳозиразамон, боз аз ҳар гуна асбобҳои гармидиҳандаи худсохти ғайристандартии барқиву газӣ, ки боиси талафоти зиёди неруи барқ ҳангоми истифодабариашон мегарданд, ба таври васеъ истифода мебаранд. Онҳо бо ин амали худ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бехатарӣ аз сӯхтор», ки таҳти №363 аз 20 марти соли 2008 ва қоидаҳои назорати давлатии бехатарии зидди сӯхтор аз 3 майи соли 2010-ро вайрон намуда, дар бисёр ҳолатҳо сабабгори ба амал омадани ҳодисаҳои даҳшатовари сӯхтор мегарданд. Дар натиҷа, аз ин амал, на танҳо худи онҳо зарари моддиву маънавӣ мегиранд, балки ба атрофиён низ зарари ҷиддӣ расонида, саломатӣ ва вазъи рӯҳии онҳоро вайрон менамоянд.

Бо мақсади пешгирӣ ва роҳ надодан ба ҳодисаҳои сӯхтор Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Хатлон тавсия медиҳад, ки: шабакаҳои барқӣ таҳти назоратӣ қатъӣ гирифта, барои ҷудо кардани ҷараёни барқ бо калидҳо (рубилникҳо)-и махсус таъмин карда шаванд. Калидҳои барқӣ аз беруни бино дар ҷойи махсус ё қуттиҳои оҳанини қулфдор шинонда шаванд, барои гарм кардани ҳуҷраҳои биноҳои маъмурӣ, дохили дуконҳо, ҷойҳои истироҳати соҳибкорон бо истифодаи асбобҳои газӣ ва гармидиҳандаҳои худсохти барқӣ қатъиян манъ аст; пайвасти ноқилҳо ва кабелҳои барқӣ баҳри пешгирӣ намудани хавфи сар задани сӯхтор бо роҳи кафшеркунӣ, прессонидан амалӣ карда шаванд; санҷиши муқовимати рӯйпӯши ноқилҳо ва кабелҳои барқӣ гузаронида шуда, аз натиҷаи он санади кормандони идораи барқ тартиб дода шавад; дар сипарҳои барқӣ ба истифода бурдани муҳофизаткунакҳои худсоз қатъиян роҳ дода нашавад; беназорат гузоштани асбобҳои ба шабакаи барқӣ пайвастшуда, инчунин бе таҳмонаки ба оташ тобовар истифода бурдани онҳо қатъиян манъ карда шавад; дар бом ва таҳхонаҳои дуконҳои соҳаи савдо ва дигар иншооту корхонаҳо нигоҳ доштани ашёҳои даргиранда қатъиян манъ аст.

Ҳамватанони азиз! Шумо бо риоя кардани қоидаҳои назорати давлатии бехатарии сӯхтор ҳангоми истифодабарии ҳезум, ангишт, асбобҳои газию барқӣ ва муносибати сарфакорона ба он дар фасли зимистон манзили зист, саломатии фарзандон ва наздикон ҷойи кор ва муассисаҳои таълимиро аз ҳар гуна ҳодисаҳои нохуши сӯхтор ҳифз карда метавонед.

Ҳамчунин, хотиррасон мекунем, ки ҳангоми сар задани сӯхтор ва ё ошкор гардидани нишонаҳои он ҳатман ба Хадамоти давлатии оташнишонӣ бо телефонҳои 01 ва 101 занг занед.

Ш. ҲАЛИМОВ,

нозири шуъбаи НДБЗС РХДО-и вилояти Хатлон


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ПЕШГИРИИ СӮХТОР ДАР ИНШООТҲОИ ХОҶАГИИ ХАЛҚ

Ҳаёти иҷтимоӣ

ХОМӮШ НАМУДАНИ АСБОБҲОИ БАРҚИРО ФАРОМӮШ НАКУНЕД!

Ҳаёти иҷтимоӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
79,9%-и сӯхторҳо дар хонаҳои истиқоматӣ рух додааст

79,9%-и сӯхторҳо дар хонаҳои истиқоматӣ рух додааст

Ҳуқуқу амният
Ду сӯхтор дар рӯзҳои ҷашн

Ду сӯхтор дар рӯзҳои ҷашн

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ду сӯхтор дар як рӯз

Ду сӯхтор дар як рӯз

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА