Дар як сатр
» » ДИЛРАБОРО КӢ САРПАРАСТ МЕШАВАД?

ДИЛРАБОРО КӢ САРПАРАСТ МЕШАВАД?

11-02-2020, 19:45

Дилрабо Раҷабова 16 сол дош-та, хонандаи МТМУ №25 ба номи Ҷумъа Муъминови ноҳияи Восеъ мебошад. Ба ин синну сол нигоҳ накарда, дар намуди варзиши сабук аллакай соҳиби 6 медал ва ифтихорномаҳо гаштааст.

Дилрабо аз хурдсолӣ ба намуди варзиши сабук завқ пайдо намуд. Пайваста машқу тамрин мекард. Бо гузашти вақт дар мусобиқаҳои мактабӣ, ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, соҳиби ҷоизаҳо гашт.

Дилрабо Раҷабова орзу дорад, ки дар мусобиқаҳои берун аз ҷумҳуриявӣ низ иштирок карда, пирӯзӣ ба даст оварад ва парчами ҷумҳуриро баланд бардорад. Вале барои амалӣ намудани орзуяш ба мушкилоти молиявӣ рӯ ба рӯ гаштааст.

-Шароити танги рӯзгор имконият намедиҳад, ки ман ба дигар давлатҳои хориҷа сафар кардаву парчами Тоҷикистонро боло бардорам, - мегӯяд Дилрабо. - Борҳо аз намуди варзиши сабук дар ноҳия, даври дуюм дар шаҳри Кӯлоб, даври сеюми мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Турсунзода ширкат варзида, ба гирифтани ҷойи якум комёб гаштам. Вақте ки дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ҷойи аввалро соҳиб шудам, барои иштирок дар мусобиқоти ҷаҳонӣ ба ман роҳхат доданд. Аммо барои ба хориҷа рафтан танқисии молиявӣ садди роҳ шуд, - афзуд ӯ.

Чуноне ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намуданд: "...ҳар қадаре, ки мо дар кишвар барои рушди варзиш шароит фароҳам оварем, ҳамон қадар насли наврасро аз зуҳуроти номатлуб, аз қабили нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, амалҳои қонуншиканӣ, шомил гардидан ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва ифротгаро наҷот мебахшем”. Таъкидҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он далолат мекунанд, ки ба варзишгарон, бахусус, бонувони варзишгар таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, сарпарастонро мебояд дастгирии молиро ба онҳо дареғ надоранд.

Мо ҳам умедворем, ки барои Дилрабо Раҷабова сарпарасте ёфт мешавад ва ӯ дар намуди варзиши сабук дар чемпионатҳои ҷаҳонӣ иштирок карда, пирӯзӣ ба даст меоварад ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад.

Фирдавс УМАРОВ,

коромӯзи «Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ВАРЗИШГАРИ ТОҶИК ҒОЛИБИ МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ШУД

ВАРЗИШГАРИ ТОҶИК ҒОЛИБИ МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ШУД

Ҷавонон ва варзиш

51 МЕДАЛИ ВАРЗИШГАРОНИ ҚУБОДИЁН ДАР ЯК СОЛ

Хабарҳо
Азизҷон – варзишгаре, ки 65 медал дорад

Азизҷон – варзишгаре, ки 65 медал дорад

Хабарҳо, Чеҳранигорӣ, Ҷавонон ва варзиш
Варзишгари хатлонӣ сарпараст меҷӯяд (видео)

Варзишгари хатлонӣ сарпараст меҷӯяд (видео)

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Матолиби чандрасонаӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
154 медали варзишгарони Хатлон дар 3 моҳ

154 медали варзишгарони Хатлон дар 3 моҳ

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо