Дар як сатр
» » КОРИ НЕК ПОДОШИ НЕК ДОРАД

КОРИ НЕК ПОДОШИ НЕК ДОРАД

11-02-2020, 19:43

Ҳурматой Умарова, ҷавондухтари қавиирода ва ватандӯст, омӯзгори яке аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Кӯшониён аст ва ба ҷавонии худ нигоҳ накарда, роҳбарии Ташкилоти ҷамъиятии занони дорои маъюбиятдоштаи «Дурахшон»-ро ба уҳда дорад ва яке аз шахсони фаъоли ҷомеа мебошад. 

Ташкилот моҳи апрели соли 2018 таъсис ёфта, тӯли як солу панҷ  моҳ мешавад,  ки фаъолияти худро пеш бурда истодааст. Яке аз самтҳои калидии фаъолияти ташкилот, ин баланд бардоштани мақоми духтарони маъюбиятдошта дар вилояти Хатлон ва инчунин, баланд бардоштани иқтидор ва малакаҳои лидерии онҳо мебошад. Ташкилот, максади асосии худро дар ҳифз ва пешбурди ҳуқуқу манфиатҳои занон ва духтарони маъюбиятдошта мебинад. Инчунин, яке аз ҳадафҳои ташкилот, ворид сохтани шахсони маъюбиятдошта ба ҷомеа мебошад.

«Ман миссияи худро дар  ҷомеаи инклюзивӣ мебинам», - мегӯяд Ҳурматой. Ӯ яке аз ҳадафҳои худро дар ҷомеаи баробар мебинад. Талош дорад, ки ҳар як шахси маъюбиятдошта тавонад бо шахси бемаъюбият дар як ҷой таҳсил намояд, озодона дар ҷомеа кору фаъолият кунад ва ҳуқуқҳои баробар дошта бошад. Барои Ҳурматой мушкилӣ дар он буд, ки ӯ худ шахси маъюбиятдоштааст. Дар бисёр ҳолатҳо медид, ки дар вақти ба кору фаъолияташ машғул шудан, назари ҷомеа нисбаташ дигар буд. Ӯ аз суханони пасту баланди ҷомеа ҳарос дошт, аммо мехост, ки худ ва дигар шахсони маъюбиятдошта озодона ба ҷамъият ворид гарданд ва кору фаъолияти худро оғоз кунанд. Ҳурматой мегӯяд: «Хушбахтона, бо гузаронидани чорабиниҳо ва семинарҳои зиёд, онҳо тавонистанд, ки ба ҳаёти мустақил ворид гарданд ва ба кору фаъолияти писандидаи худ машғул шаванд».

- Ташкилоти ҷамъиятии занони дорои маъ-юбиятдоштаи "Дурахшон” дар як муддати кӯтоҳ 2 лоиҳаи калонро амалӣ гардонд. Яке аз онҳо барои таъсисдиҳии ташкилот равона шуда бошад, дигаре, ин лоиҳаи "Баланд бардоштани мақоми занону духтарони маъюбиятдошта дар вилояти Хатлон” буд. Инчунин, 3 мизи мудаввар бо намояндагони мақомоти давлатӣ гузаронида шуд. Дар ҳар як чорабиние, ки мо дар минтақаҳо гузаронидем, беш аз 15 нафар духтарони маъюбиятдошта иштирок карда, донишҳои гирифтаашонро дар минтақаҳои худ роҳандозӣ карда истодаанд, - афзуд Ҳурматой.

 "Ман хело шодам, ки баъди иштирок дар ин чорабиниҳо, ҳоло метавонам ҳаёти мустақили худро оғоз намоям”. Ин суханони яке аз иштирокчиёни чорабиниҳои мо мебошад, ки бо мушкилиҳои худ ба мо муроҷиат карда буд. Шаҳрвандон ба Ташкилоти ҷамъиятии занони дорои маъюбиятдоштаи "Дурахшон”, бештар бо масъалаҳои нагирифтани нафақаи худ ва ба кор қабул накардани онҳо бо сабаби маъ-юбият доштанашон муроҷиат мекунанд. Мо дар навбати худ, онҳоро бо Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои шахсони маъюбиятдошта шинос карда, ба онҳо дастрас ва фаҳмондадиҳӣ мекунем, ки бо кадом роҳ, ба куҷо муроҷиат кунанд.

Ҳурматой Умарова дар анҷоми суҳбат чунин иброз дошт: «Яке аз орзуҳои кӯдакиам, ин бо шахсони маъюбиятдошта кору фаъолияти худро оғоз кардан буд. Вақте, ки ман хурд будам, ҳамсояамон апаи Шаҳло, ки худ дорои маъюбият буд, вале ба ин нигоҳ накарда, ӯ тамоми талошҳояшро ба он равона мекард, ки ба дигар шахсони маъюбиятдошта кумаки худро расонад. Аз ҳамон лаҳза ин орзу дар дили ман пайдо шуд. Ин як кори нек аст ва хело хурсанд мешавам, вақте ба чунин шахсон кумаки худро мерасонам».

- Ман касби худро хело дӯст медорам. Аз он ифтихор мекунам, ки саҳми худро дар ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шахсони дорои маъюбиятдошта гузошта истодаам, - афзуд Ҳурматой.

Мақолаи мазкур аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» бо дастгирии молиявии Институти «Ҷамъияти кушода»-и  Бунёди Мадад дар Тоҷикистон омода шудааст.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Семинари омӯзишӣ бо намояндагони ВАО дар Хатлон

Ҳаёти иҷтимоӣ
Арзишмандӣ ва ҳуқуқи инсон

Арзишмандӣ ва ҳуқуқи инсон

Ҳуқуқу амният
Саодат орзуи табиб шудан дорад

Саодат орзуи табиб шудан дорад

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Тандурустӣ ва экология
Духтарони фаъоли ояндасоз

Духтарони фаъоли ояндасоз

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
«Фидокор» робитаро бо ҷомеа густариш медиҳад

«Фидокор» робитаро бо ҷомеа густариш медиҳад

Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА