Дар як сатр
» » МУШКИЛОТ ДАР ТАТБИҚИ САЛОҲИЯТНОКӢ

МУШКИЛОТ ДАР ТАТБИҚИ САЛОҲИЯТНОКӢ

11-02-2020, 19:39

Солҳои  охир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат  ба соҳаи  маориф эътибори  ҷиддӣ дода, доир  ба  тадбиру  таъбири ҷадиди  он,  пеш  аз ҳама, Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ, Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон мунтазам дар  баромаду паёмҳои ҳамасолаи  худ сухан  ронда, таъкид менамоянд,  ки соҳаи маориф яке аз  самтҳои афзалиятноки  рушди мамлакат  маҳсуб  гардида, барои  пойдории беҳдошти  миллат  ва иқтидори давлат  таъсири  мусбӣ ва  калидиро  дорад. Ин афкори  воқеӣ  ва хирадмандона  якдилона  эътирофу ҳамовозӣ  пайдо намуда, дар  ин самт  ҳамасола тадбирҳои  судманд андешида  мешаванд. Хусусан, оид ба бунёди муассисаҳои таълимии  нав, таҷдиди инфрасохтор, инчунин, ба  сифат, мазмуну самарабахшии мундариҷа  ва  ҷараёни таълимӣ  диққати махсус равона  карда шуд. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суханони  таҳкимбахши Раиси ҷумҳур такя намуда, ба вазъи таълиму тадриси муассисаҳои таҳсилотии  қаламрави кишвар  бори  дигар эътибори   ҷиддӣ   дода, баҳри  баланд  бардоштани сатҳи сифати  таҳсилот  дар муассисаҳои таълимӣ  рӯ ба  таҳияи стандарт  ва  барномаҳои нави таълимӣ  овард,  ки  дар ин ҷода ҷорӣ  намудани  муносибатҳои хоси босалоҳият  мавриди зикр  мебошанд.  Дар татбиқи ин раванд, албатта, нақши омӯзгорони кишвар   мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Имрӯзҳо ҳама огоҳанд, ки вобаста ба инкишофи босуръати муносибатҳои  гуногуни ҷамъиятӣ ва  талаботи замон  на танҳо  бо  дониш мусаллаҳ  будан  хотирҷамъист, балки  дар  амал истифода  бурдани  донишу малакаҳо муҳимтарин  роҳи иҷтимоишавии  ҷавонон  ва дастёбӣ ба  натиҷаҳои  дилхоҳ ба  шумор  меравад. Ин  нуктаи  мазкур чун муҳаррикест, ки тавассути  он  метавонем ба раванди  ҳаёти иқтисодиву  иҷтимоии кишвари навбунёди  азизамон такон   ва таъсири   мусбӣ бахшем.  Бинобар ин,  дар ҷаҳони  муосири зудтағйирёбанда  ва  пур аз  тазодҳо,  пеш аз  ҳама, хусусан,  омӯзгорон мебояд  омилҳои  ташаббускориву  навоварӣ, татбиқсозиву тағйирпазирӣ ва  уҳдабароиро   дар  касби худ  дошта  бошанд, вагарна барои  ба ҳадаф  расидан мушкилоти азиме  моро домангир  хоҳад  шуд. 

Инак, чандин  сол  аст (2016-2020), ки  баҳри ислоҳот ва тақвияти соҳаи  маориф, бо кумак ва саҳмгузории  шарикони рушд ва берунмарзии Лоиҳаи ЮСАИД «Ҳамроҳ  бихонем»  бо дастгирии бевоситаи Вазорати  маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон   баҳри  беҳтар намудани сатҳи  сифати таҳсилот кӯшишу  талошҳо ба  харҷ дода     мешаванд,  ки  ин амали  шоиста  ва иқдоми нек  гардид.  Мутаассифона,    чӣ тавре ки  ба  ҳамагон маълум  аст, ин  раванди бозсозиву беҳсозӣ  имсол  дар ҳадди фарҷомист.   Дар ин муҳлати  кӯтоҳ лоиҳаи  мазкур  тавонист 75%  муассисаҳои қаламрави  Тоҷикистонро кумак  расонад, яъне омӯзгорони ин  муассисаҳоро аз омӯзиши курси  кӯтоҳмуддати салоҳият ва,  хусусан, аз марҳилаҳои омӯзиши самти тақвияти хониш («Ҳамроҳ бихонем»)  гузаронад, ки ин заҳмат  ҳам ҷолиби зикр  ва ҳам  ҷолиби ҷонибдорист.  Акнун ҳазорҳо  омӯзгорон аз нозукӣ ва  сирру асрори дарси  босалоҳият огоҳ  шуда, аз роҳу усул  ва  стратегияҳои раванди  дарс воқиф  гардиданд ва имрӯзҳо шогирдони  худ-ро тибқи ин  таълимот ба тадрис шурӯъ хоҳанд   намуд.

Дарвоқеъ,  лоиҳа бо тамоми санъати  худ  тавонист мақсади  дар пеши  худ вогузоштаро  иҷро намояд  ва дар  симои омӯзгор шахсеро тарбия  намояд, ки ӯ, пеш аз  ҳама,  мебоист чунин сифатҳои  зерини омӯзгориро   дошта бошад:

- масъулиятшиносӣ;

- дониши комил;

- малакаву маҳорат (ҳунар);

- истифода, эҷодкорӣ, навоварӣ, нав-гонӣ, ихтироъ (амал).

Яъне,  агар омилҳои фавқиро ба  таври фишурда баён намоем, пас омӯзгори босалоҳият бо чунин омилҳои  муҳим: ақл, нақл  ва шакл (яъне шаклдарорӣ, тағйирдиҳӣ, навоварию навгонӣ, эҷодкориву  ихтироъ,…) мусаллаҳ  бошад. Онҳо бояд  шахсони  бомаърифат ва аз  ҷиҳати маънавӣ-ахлоқӣ устувору кордоне бошанд,  ки ҳар мушкилоти  гуногуни таълимиву  ҳаётиро  пешгӯйӣ ва ҳал  карда  тавонанд, масъулияти  худро дар касби худ,   ҷомеа ва  кишвар дарку  эҳсос  карда, сарбаландона  иҷро намоянд.

Дар  низоми нави  таълим масъулиятнокии  омӯзгорон барои  беҳтар гаштани  натиҷаҳои таълимии  хонандагон акнун  бамаротиб  зиёд мегардад.  Минбаъд  дар ҷараёни  татбиқи маҷмӯи  стандартҳо ва  барномаҳои  фаннӣ    омӯзгор  шахси  асосӣ аст.  Аз  ин рӯ,  самаранокии  татбиқи стандартҳои  нав ва  ҷараёни ислоҳот маҳз  ба  дарки масъулият, ташаббусу  эҷодкорӣ  ва маҳорату  малакаи  омӯзгор вобастагии  зич дорад. Дар  ҳар маврид, татбиқи ин  зуҳуроти  нав дар  соҳаи  маориф барои омӯзгорони муассисаҳои   таълимӣ мушкилоти  нав  ба навро эҷод  менамояд.  Мусаллам аст, ки дар  ҳар  давру замон пайдоиши  ҳар  зуҳуроти нав бо  сабаби дар  нахуст мураккаб буданаш,  душвориҳои зиёдеро  пеши  рӯ меовард.  Аммо  ин ҳолат бо мавриди бунёд  намудани муҳит  ва  фароҳам намудани   имконияташ  дер  ё зуд сода  мегардид. Ин аҳвол,  айни замон,  барои  собит намудани мақсадҳои вогузоргардидаи Вазорати маориф  ва илми Ҷумҳурии  Тоҷикистон акнун  эҳсос мегардад. Дар  ҳақиқат, дар  баъзе муассисаҳои  таълимӣ ҳанӯз ба мафҳум  ва моҳияти муносибатҳои    салоҳият, тарзи истифода  ва корбурди он нофаҳмиҳо, ҳатто  каҷфаҳмиҳои  печдарпеч дида  мешаванд,  ки ин боиси нигаронист. Гумон меравад,  ба ин  мавзӯъ  сабабҳо шояд  бисёр  бошанд, вале  яке  аз онҳо, пеш  аз  ҳама, вазъи фаъолияти худи омӯзгорон  дар  муассисаҳои таълимӣ  аст, ки  онро шарҳ чунин додан мумкин аст. 

Яке аз  он дастовардҳое,  ки тӯли  чандин  соли омӯзиши салоҳият   маълум  гардид, ин,  аслан,  омода намудани  омӯзгорони босалоҳият дар  муассисаҳои таълимист.  Аз  талаботе, ки курси  омӯзиши салоҳият ба  омӯзгор вогузор  намудааст, дар қадами  аввал дороии дониши амиқу мукаммали  ӯст.  Ҳаминро ба  назар гирифта, мо  кӯшиш намудем, ки доир  ба  ин паҳлу-сатҳи дониш,  алъон ба  таври мухтасар,  вале мушаххас  назари  афкор намоем, зеро бе  мавҷудияти  ин мабдаъ-дониш ба қадами навбатӣ-малакаву  маҳорат дохил  гардидану амал намудан турфа хандаоваре менамуд.

Сареҳатан фаъолияти сатҳи сифати кулли омӯзгорони муассисаҳои таълимии  кишварро мушоҳида  намуда,  омӯзгоронро ба чор  гурӯҳ ҷудо намудан ҷоиз  донистем, ки тафовути  онҳо чунин  аст:

- хазинаи маънавии илмии  омӯзгор

 

1) гурӯҳи омӯзгоронеанд, ки дар муассисаи таҳсилоти  миёнаи  касбӣ ё дар  муассисаи таҳсилоти  олии  касбӣ ҳанӯз машғули таҳсиланд;

2) гурӯҳи омӯзгоронеанд,  ки акнун маълумоти  таҳсилоти миёнаи  касбӣ ё  таҳсилоти олии  касбиро соҳиб гардидаанд (собиқаи кории чандон надоранд),  вале чӣ дар  самти дониш ва чӣ дар самти  таҷриба ба ҳар  сурат ниёз  доранд;

3) гурӯҳи омӯзгоронеанд, ки дониши комили касбӣ ва таҷрибаи чандинсола доранд, аммо аз  «чорчӯбаи хатти  кашида» берун пой намегузоранд;

4) гурӯҳи омӯзгоронеанд,  ки дониши пурраи  касбӣ ва таҷрибаи бойи  мутахассисӣ доранд,  рахна  аз «чорчӯбаи хатти кашида» мекунанд, аз  таҷрибаҳои куҳнаву  фарсуда, аз анъанаҳои  обшуставу  нодаркор  парҳез  мекунанд, побанд  ва саргардони сохтакориҳо нашуда, мудом ба роҳу  усулҳои нав  ва муфиди таълим талош  мекунанд, қолаб мешикананд, «сар  аз  дарича» берун  меандозанд, то нав биҷӯянду нав бигӯянду нав  бубинанд, мисли  оне ки бузурге  гуфта:

Фасона гашту куҳан  шуд  ҳадиси

Искандар,

Сухани нав ор, ки навро ҳаловатест

дигар.

Мушоҳидаҳо кайҳо  собит  намудаанд, ки моҳият ва  мафҳуми маводу  дастурҳои Лоиҳаи ЮСАИД оид  ба муносибатҳои  босалоҳият ва «Ҳамроҳ бихонем», бешубҳа, ба тайёр намудани  омӯзгорони давр  дар ҳамин мавқеи  гурӯҳи  омӯзгорони 4-ум  мебошад, ки ин бесабаб нест. Ин гурӯҳ   метавонад бе душворӣ  дар  муҳлати муайян  ва ҳатто   дар муҳити душвор  уҳдабаро  буда, ба ҳадафҳо  ноил  гардад, ба  рушду  нумӯи илму маориф  такон бахшад ва  оқибат онро ба  сӯйи пеш бомайлон  равона  гардонад.  Агар  ин  тавр бошад, пас моро мақсад ба навъи омӯзгорони гурӯҳи  4  ниёз буда, ҷуз аз он беш  ниёзе нест. Акнун шумораи ин гуна омӯзгорон дар  муассисаҳои таълимӣ  чанд   фоиз ва боқимондаи дигари  гурӯҳҳо чандфоизиро ташкил медиҳанд, хулосабарорӣ ва натиҷаҳои дилхоҳро ба худи хонандаи закӣ вомегузорем.

Илова бар ин, дар ҳамин гуна мавҷудияти имконият Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кумак ва  саҳмгузории шарикони рушди Лоиҳаи ЮСАИД ба  ин мушкилоти  сангин нигоҳ накарда, тавонист мутаносибан гурӯҳи 4-уми  омӯзгорони болаёқат  ва мувофиқро аз ҳар минтақа дарёфт намояд ва барои  татбиқи барномаи лоиҳаи  мазкур омода  созад. Бояд тазаккур дод, ки  гарчанде ин кор заҳмату машаққати зиёдеро дошт, аз  тарафи кормандони  лоиҳа ҳамаҷониба ва  бомуваффақият қариб  анҷом ёфт, вале аз  ҷониби муқобил ҳанӯз интизориҳо тас-кинбахш нестанд.  Иллат дар чист?  Барои чӣ?  Мо гуфтем, роҳи  ҳал аз қазовати  шумост!

Муҳаммадҷон  Шарипов,        

директори ФДҶТИБКСМ,

Асомиддин Асоев, мутахассиси

ФДҶТИБКСМ-и шаҳри Бохтар



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Босмачӣ ва ҲНИ

Хабарҳо

Корҳои ободонӣ вусъат меёбанд

Арсаи кишоварзӣ

Оқи миллатшуда

Хабарҳо
Насли ояндасозро тарбия менамоем

Насли ояндасозро тарбия менамоем

Маориф ва илм
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ