Дар як сатр
» » ИСТИФОДАИ МАҚСАДНОКИ МАБЛАҒҲОИ БУҶЕТӢ - БА МАНФИАТИ КОР

ИСТИФОДАИ МАҚСАДНОКИ МАБЛАҒҲОИ БУҶЕТӢ - БА МАНФИАТИ КОР

11-02-2020, 19:38

Тавре кизимни нишасти матбуотӣ Бахтиёр Назарзода, сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон, иброз дошт, иҷрои нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ дар соли ҳисоботӣ аз ҳисоби даромадҳои худӣ 101 фоиз таъмин гардида, ба буҷет ба ҷойи 1166 миллион сомонӣ маблағи пешбинишуда 1177,3 миллион сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақша 11,3 миллион сомонӣ ва нисбат ба соли 2018-ум 180 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Андоз аз арзиши иловашударо 11 шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла ноҳияи Вахш 48 фоиз- 2,3 миллион сомонӣ, Хуросон 27 фоиз- 1,1 миллион сомонӣ, Қубодиён 54 фоиз - 2,4 миллион сомонӣ, Ҷайҳун 82 - фоиз 3,2 миллион сомонӣ, А. Ҷомӣ 73 фоиз- 4,8 миллион сомонӣ, Панҷ 68 фоиз - 2,6 миллион сомонӣ, Шаҳритуз 49 фоиз - 1,3 миллион сомонӣ, Ёвон 52 фоиз- 19,2 миллион сомонӣ, Норак 3 фоиз - 400 ҳазор сомонӣ, Восеъ 26 фоиз - 1,3 миллион сомонӣ, Темурмалик 8 фоиз - 201 ҳазор сомонӣ ва буҷети вилоятӣ 22,2 миллион сомонӣ таъмин карда натавонистанд. Яке аз сабабҳои сифатнок таъмин нагардидани нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳо ин ба пуррагӣ ба адозбандӣ ҷалб нагардидани манбаи андозҳо дар шаҳру ноҳияҳо бошад, омили дигари он аз ҷониби як қатор корхонаҳо пурра ва сари вақт пардохт нагардидани андозҳои ҳисобшуда мебошад.

Аз рӯи маълумотҳо ба ҳолати 1 декабри соли 2019 бақияи қарзи андозҳо дар сатҳи вилоят дар маҷмӯъ 169 миллион сомониро ташкил менамояд. Қарзҳои калони бақияпулиҳо асосан аз ҳисоби андози иҷтимоӣ 80,4 миллион сомонӣ (47 фоиз), андоз аз арзиши иловашуда 15 миллион сомонӣ (22 фоиз) ва андоз аз фоида 15 миллион сомонӣ (22 фоиз)-ро дарбар мегирад, ки65 фоизи ҳаҷми умумии бақияпулиҳои андозро дар соли 2019 ташкил мекунад. Хароҷоти буҷети маҳаллӣ дар давраи ҳисоботӣ дар доираи иҷрои воқеии буҷети маҳаллӣ ба роҳ монда шуда, ба соҳаҳои иқтисодии вилоят бо назардошти маблағҳои мақсадноки ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои ҳисоббаробаркунии буҷети вилоятӣ 1687,3 миллион сомонӣ равона карда шудааст, ки96 фоизи нақшаи хароҷоти буҷети маҳаллии вилоятро дар давраи ҳисоботӣ ташкил медиҳад. Дар маҷмӯъ 1478 миллион сомонӣ ё ин ки 88 фоизи маблағҳои буҷетӣ дар вилоят ба соҳаҳои иҷтимоиёт, аз ҷумла маориф 980,6 миллион сомонӣ, тандурустӣ 420 миллион сомонӣ, ҳифзи иҷтимоӣ 12,7 миллион сомонӣ, фарҳанг ва варзиш 65 миллион сомонӣ равона карда шудааст. Дар ин давра аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ барои моддаҳои ҳимояшавандаи буҷет 1404 миллион сомонӣ, аз ҷумла барои музди меҳнат 1119 миллион сомонӣ, фонди ҳифзи иҷтимоӣ 251,4 миллион сомонӣ, идрорпулӣ 3,4 миллион сомонӣ, ҷубронпулӣ ва кумакпулиҳо 8,7 миллион сомонӣ ва барои пардохтҳои хизматрасониҳои коммуналӣ ва алоқа 22 миллион сомонӣ равона карда шудааст, ки 83 фоизи хароҷоти маблағҳоро дар соли 2019 дарбар мегирад.

Мувофиқи маълумотҳои Раёсатҳои молияи шаҳру ноҳияҳои вилоят қарздорӣ аз музди маош ба маблағи 5,6 миллион сомонӣ, аз ҷумла дар ноҳияи Вахш 1 миллион сомонӣ, А. Ҷомӣ 449 ҳазор сомонӣ, Панҷ 905 ҳазор сомонӣ, Қубодиён 1,1 миллион сомонӣ, Фархор 868 ҳазор сомонӣ ва Темурмалик 400 ҳазор сомонӣ қарздорӣ вуҷуд дошт. Қайд кардан лозим аст, ки бо дастгирии роҳбарияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарздории музди меҳнати моҳи декабр дар шаҳру ноҳияҳои болозикр бо пуррагӣ пардохт карда шудаанд. Барои хариди(ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ) дар давраи ҳисоботӣ ба соҳаи маориф 7,2 миллион сомонӣ ва тандурустӣ 849 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст. Барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ бо назардошти маблағҳои нақшавӣ ва бо қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо 5,3 миллион сомонӣ ва барои пардохти истифодаи қувваи барқ ба оилаҳои камбизоат ба 37268 оила 11,6 миллион сомонӣ ҷубронпулӣ маблағгузорӣ карда шудааст.

Шуъбаи "Аудит”-и дохилӣ ва назоратии Сарраёсати молияи вилоят ва мутахассисони Раёсатҳои молияи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мувофиқи нақшаи корӣ дар соли 2019 дар 633 ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ оид ба мақсаднок истифодабарии маблағҳои буҷетӣ таҳлилҳои интихобӣ гузарониданд. Дар натиҷаи санҷишҳои интихобии гузаронидашуда ба маблағи 7,5 миллион сомонӣ камбудиҳо ошкор карда шуданд. Дар рафти таҳлилҳои интихобӣ аз зарари ошкоркардашуда ба маблағи 7,2 миллион сомонӣ ба фоидаи корхонаҳо барқарор карда шуд, ки 95 фоизи маблағҳои ошкоркардашударо ташкил медиҳад. Масъулину кормандони Сарраёсати молияи вилоят Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолияти хеш қарор дода, баҳри татбиқи амалии он кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат аз тарафи Сарраёсати молияи вилояти Хатлон нақшаю чорабиниҳо тартиб дода, Раёсатҳои молияи шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки баҳри амалӣ намудани он дар соли 2020 чораҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.

ВАХШОНА,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Натиҷаи иҷрои буҷети маҳаллӣ назаррас аст

Натиҷаи иҷрои буҷети маҳаллӣ назаррас аст

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, АСАЛМО САФАРОВА
Натиҷаи иҷрои буҷети маҳаллӣ назаррас аст

Натиҷаи иҷрои буҷети маҳаллӣ назаррас аст

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, АСАЛМО САФАРОВА

Нақшаи андозҳо дар Норак 111,6% иҷро гардид

Хабарҳо
Нақшаи умумии андозҳо 102% иҷро гардид

Нақшаи умумии андозҳо 102% иҷро гардид

Иқтисоду тиҷорат
Ошкорсозии 1,1 млн. сомонӣ зарар

Ошкорсозии 1,1 млн. сомонӣ зарар

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА