Дар як сатр
» » 58 КӮДАКИ БЕМОРИИ ДИЛ РОЙГОН ҶАРРОҲӢ ШУДАНД

58 КӮДАКИ БЕМОРИИ ДИЛ РОЙГОН ҶАРРОҲӢ ШУДАНД

11-02-2020, 19:36

- То ҷашни 30-солагии Истиқ-лолияти давлатии Ҷумҳурии То-ҷикистон мушкилоти нарасидани бунгоҳҳои тиббӣ дар ноҳияҳои вилоят пурра ҳалли худро пайдо хоҳанд кард, - зикр намуд М. Раҷабзода, сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон, дар нишасти хабарии худ.

Дар ин ҳамоиши матбуотӣ гуфта шуд, ки яке аз рӯйдоди фараҳбахш  дар соли 2019 сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон буд, ки дар ҷараёни он як қатор муассисаҳои тандурустӣ, аз он ҷумла дар шаҳри Кӯлоб - Маркази вилоятии перинаталӣ, маркази вилоятии бемориҳои қалб дар ноҳияҳои Ховалинг, Муъминобод ва Данғара мавриди истифода қарор гирифта, бо тамоми дастгоҳу таҷҳизоти муосири пешрафтаи тибби ҷаҳонӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд.

Ҷиҳати беҳтар гардидани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ дар ҳудуди вилоят бо ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ, соҳибкорон ва шарикони рушд давоми соли 2019-ум 74 адад муассисаҳои муолиҷавию профилактикӣ, аз ҷумла 67 муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ (аз инҳо 25 маркази саломатии деҳотӣ ва 42 адад бунгоҳҳои саломатӣ) ва 7 адад муассисаҳои сохтори госпиталӣ ба маблағи зиёда аз 115 миллион сомонӣ сохта ва бо дастгоҳу таҷҳизотҳои тиббӣ ҷиҳозонида шуда, мавриди истифода қарор гирифтанд.

Инчунин, 18 адад автомашинаи ёрии таъҷилӣ ба вилоят дастрас гардид, ки мушкилоти соҳаро дар самти дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ беҳтар намуд. Вобаста ба ин ду адад автомошини сайёри флюрографии тамғаи «Камаз» барои марказҳои зиддисилии вилоят дар минтақаи Бохтару Кӯлоб аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 3 миллиону 200 ҳазор сомонӣ дастрас карда шуд.

Дар нишасти матбуотӣ қайд гардид, ки бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Тоҷикистон», инчунин зери сарпарастии Муассисаи «Муҳаммад бини Рошид ибни Мактум»-и Аморати Муттаҳидаи Араб дар муассисаи давлатии маҷмааи тандурустии «Истиқлол» давраи баргузории ҷарроҳиҳои дил миёни кӯдакон ва наврасони гирифтори бемории нуқсони модарзодии дил аз 12 то 23 апрел ва аз 31 октябр то 5-уми ноябри соли 2019 ройгон гузаронида шуда буд. Дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба 58 нафар кӯдакон амалиётҳои ҷарроҳӣ ва ташхисӣ гузаронида шудаанд. Ҳамчунин, дар соли 2019 аз тарафи ҷарроҳони Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо» бо дастгирии молиявии соҳибкорони маҳаллӣ ва волидайн даҳ нафар кӯдакон бо нуқсонҳои модарзодии дил ҷарроҳӣ шуданд.

Кормандони ВАО-и вилоят ба суолҳои хеш вобаста ба мушкилиҳои соҳаи тандурустӣ дар вилоят  аз тарафи масъулони Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Дар нишасти мазкур оид ба пешгирии таваллуди хонагӣ, фавти модарон, муносибати дағалона ва ришваситонии баъзе кормандони соҳаи тиб, бахусус дар таваллудхонаҳо, нарасидани марказҳои саломатӣ дар деҳотҷойҳо, нарасидани мутахассисони соҳаи тиб, аз қабили табибони нарколог, табиби бемориҳои чашм, силшинос, саратоншинос ва ғайра суолу ҷавоб сурат гирифт.

Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят новобаста аз мушкилоти мавҷуда, дар самти беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии саривақтӣ, босифат ва баландихтисоси тиббӣ, ҳифзи сиҳатии модару кӯдак, таъмин намудани ҳифзи сиҳатии аҳолӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббию санитарӣ, таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ ва ба самти дурусту самарабахш равона сохтани фаъолияти сохторҳои тобеи худ, аз ҳамаи захираю имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода менамояд.

 Ҳангомаи ИСМАТ, «Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

СОЛИМИИ ҶОМЕА ДАР МАДДИ АВВАЛ

Тандурустӣ ва экология
БАРАНДАГОНИ ҶОИЗАИ «ВОРИСИ СИНО»

БАРАНДАГОНИ ҶОИЗАИ «ВОРИСИ СИНО»

Тандурустӣ ва экология
Ифтитоҳи 6 иншооти тиббӣ дар ноҳияи Данғара

Ифтитоҳи 6 иншооти тиббӣ дар ноҳияи Данғара

Тандурустӣ ва экология
С. Маллазода: “саҳми соҳибкорон дар бунёди бунгоҳҳои тиббӣ намоён аст”

С. Маллазода: “саҳми соҳибкорон дар бунёди бунгоҳҳои тиббӣ намоён аст”

Тандурустӣ ва экология
Дар Хатлон тайи се моҳ 6 маркази саломатии деҳот ва 16 бунгоҳи тиббӣ сохта  ...

Дар Хатлон тайи се моҳ 6 маркази саломатии деҳот ва 16 бунгоҳи тиббӣ сохта ...

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА