Дар як сатр
» » НАЗОРАТ ДАР САМТИ ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ҶИДДӢ МЕШАВАД

НАЗОРАТ ДАР САМТИ ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ҶИДДӢ МЕШАВАД

11-02-2020, 19:31

Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2006 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти ташкилотҳои кишоварзӣ»  соли 2019  дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 68 ҳазору 483 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ ташкил карда шудааст. Аз ин миқдор хоҷагиҳои навтаъсиси деҳқонӣ аксари заминдорон Шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодаи заминро соҳиб шудаанд.

Тавре  ки Фатҳулло Ҳурматзода, раиси Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон, дар нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон изҳор дошт, дар соли сипаригардида бо қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳудуди 4066,19 гектар қитъаҳои замин ба намуди заминҳои корами обию лалмӣ ва дарахтони бисёрсола гузаронида шудааст. Аз он 3562,45 гектар  аз ҳисоби заминҳои партов, 425,09 гектар чарогоҳ  29,90 гектар корами лалмӣ ва 48,75 гектари он аз ҳисоби дигар заминҳо мебошанд.

- Ҳамзамон дар давраи ҳи-соботӣ аз тарафи нозирони давлатии истифода ва ҳифзи замини шаҳру ноҳияҳои вилоят 6347 ҳолати вайронкунии қонунгузории заминро дар майдони 5320,78 гектар ошкор намуданд. Барои бартараф намудани ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин 6347 дастур, 5186 адад протоколу қарорҳо қабул гардида, ба маблағи 2 миллиону 35 ҳазору 335 сомонӣ ҷарима баста шудааст, - иброз дошт раиси Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон Фатҳулло Ҳурматзода.

Мутобиқ ба талаботи моддаи 55 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон барои чораҷӯӣ ва таҳқиқи ҳуқуқӣ дар соли 2019 аз тарафи масъулони Кумитаи идораи замини шаҳру ноҳияҳо ба мақомоти прокуратура 264 маводи маъмурӣ пешниҳод карда шуда, барои маҷбуран ситонидани ҷаримаҳои басташуда 278 маводи маъмурӣ ба судҳои шаҳру ноҳияҳо пешниҳод карда шудааст.

 

Ҳасан АБДУРАҲИМЗОДА,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ЗАМИН МОЛИКИЯТИ ДАВЛАТ АСТ

ЗАМИН МОЛИКИЯТИ ДАВЛАТ АСТ

Ҳуқуқу амният
Беш аз 3 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар Хатлон

Беш аз 3 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар Хатлон

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ
Ба эҳтиёҷмандон беш аз 700 гектар замин дода мешавад

Ба эҳтиёҷмандон беш аз 700 гектар замин дода мешавад

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ
Ғасби беш аз 1000 гектар қитъаи замин

Ғасби беш аз 1000 гектар қитъаи замин

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо
Беш аз 1 миллион сомонӣ ҷарима барои вайронкунии қонунгузории замин

Беш аз 1 миллион сомонӣ ҷарима барои вайронкунии қонунгузории замин

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА