Дар як сатр
» » БА 20 ПАРВАНДА ҲУКМ БАРОВАРДА ШУД

БА 20 ПАРВАНДА ҲУКМ БАРОВАРДА ШУД

11-02-2020, 19:30

Дар толори маҷлисгоҳи Суди вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб нишасти матбуотӣ бо иштироки муовини раиси Суди вилоят дар минтақаи Кӯлоб Изатулло Табарзода ва намояндагони ВАО  баргузор гардид.

И. Табарзода дар оғоз доир ба ҷамъбасти солонаи ниҳод мухтасар маълумот дод. Мавсуф қайд намуд, ки соли сипаригардида ба Суди вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб 24 парвандаи ҷиноятӣ ворид гардида, 1 парвандаи ҷиноятӣ аз соли 2018 боқӣ мондааст. Аз ин шумора 20 парванда бо баровардани ҳукм нисбати 21 шахс, 1 парванда аз рӯи тобеият фиристода шуда, 1 парванда бо сабаби дар кофтуков будани судшаванда боздошта шуда, 3 парванда ба соли 2020 боқӣ мондааст.

Инчунин, қайд гардид, ки судяҳои Суди вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб оид ба Паёми навбатии Пешвои миллат, доир ба таҷрибаи судӣ ва қонунҳои амалкунанда дар байни аҳолии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб 41 вохӯрӣ ва суҳбатҳо гузарониданд.

Сипас, рӯзноманигорон ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ҚАРЗДОРИИ ИСТИФОДАИ ОБ ЗИЁД АСТ

Ҳаёти иҷтимоӣ

БАҲСҲОИ ОИЛАВӢ АФЗУДА ИСТОДААНД

Ҳаёти иҷтимоӣ
Бекоршавии ақди никоҳ рӯ ба афзоиш аст

Бекоршавии ақди никоҳ рӯ ба афзоиш аст

Ҳаёти иҷтимоӣ

Мулоқот бо сокинони ноҳияи Шаҳритӯс

Ҳуқуқу амният
Оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ ҳанӯз нуқтаи ниҳоӣ нест

Оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ ҳанӯз нуқтаи ниҳоӣ нест

Ҳуқуқу амният