Дар як сатр
» » АФЗОИШИ КӮДАКОНИ МАЪЮБ АЗ ҲИСОБИ НИКОҲИ ХЕШОВАНДӢ

АФЗОИШИ КӮДАКОНИ МАЪЮБ АЗ ҲИСОБИ НИКОҲИ ХЕШОВАНДӢ

11-02-2020, 19:29

Дар вилояти Хатлон 249 ҳазору 260 нафар нафақахӯрон ба қайд гирифта шудаанд, ки ҳаҷми нафақапулиҳои онҳо ба ҳисоби миёна 291,89 сомониро ташкил медиҳад. Дар қиёс ба як соли пешин шумораи нафақагирон дар вилоят 9319 нафар, ё 3,7% афзудаанд.

Бинобар маълумоти Саймуъмин Мӯсозода, сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Хатлон, имрӯз шумораи нафақагирон аз ҳисоби иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар шаҳру навоҳии вилоят ба 74 нафар мерасад. Ба ҳисоби миёна нафақапулии собиқадорони ҷанг 940,91 сомониро ташкил медиҳад.

- Аз шумораи умумии  нафақахӯрони вилоят 52 ҳазору 331 нафари онҳоро нафақагирони маъюб ташкил медиҳад. Аз теъдоди маъюбон 10935 нафарро нафақагирони маъюби то синни 18-сола мебошанд. Бинобар маълумотҳои оморӣ нисбат ба як соли пешин дар вилояти Хатлон шумораи нафақагирони маъюби то синни 18-сола 417 нафар зиёд шудаанд.

Таҳлилҳо  нишон медиҳанд, ки як сабаби афзоиши кӯдакони маъюб никоҳи хешутабории волидони онҳо мебошад, ки дар бисёр маврид аз ин гуна хонаводаҳо фарзандони маъюб таваллуд мешаванд. Ҳамчунин, сари вақт муроҷиат накардани занон ҳангоми давраи ҳомиладорӣ ба табибони соҳавӣ ва истеъмоли ғизои аз лиҳози экологӣ бесифат ва ғайристандартӣ низ ба солимии модару кӯдакон таъсири манфӣ мерасонад,- мегӯяд С. Мӯсозода.

 

Ҷ. САЙФИДДИН,

«Хатлон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

НИЁЗ БА МАКТАБУ СИНФХОНАҲО ЗИЁД МЕШАВАД

НИЁЗ БА МАКТАБУ СИНФХОНАҲО ЗИЁД МЕШАВАД

Маориф ва илм

450 ЗАН ДАР МАҚОМИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ

Хабарҳо

ВАХШ: МАЪЮБОН 44175 СОМОНӢ КУМАК МЕГИРАНД

Хабарҳо

Шумораи нафақагирон 8727 нафар афзудааст

Хабарҳо
26,3% афзудани маоши миёна дар Хатлон

26,3% афзудани маоши миёна дар Хатлон

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА