Дар як сатр
» » БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ АҚДИ НИКОҲ КОҲИШ ЁФТААСТ

БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ АҚДИ НИКОҲ КОҲИШ ЁФТААСТ

11-02-2020, 19:28

Дар нишасти матбуотии Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилояти Хатлон иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби шуъба ва бахшҳои САҲШ-и шаҳру ноҳияҳои вилоят ба 192 оилаи навташкил ва 157 нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоату ниёзманд, тариқи ройгон кумак расонида шудааст. 

З. Сафарзода, сардори Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилояти Хатлон, зикр кард, ки дар асоси иҷро намудани талаботи моддаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҷиҳати ба қайди давлатӣ гирифтани асноди таваллуд, вафот, ақди никоҳ, бекор кардани ақди никоҳ, фарзандхондӣ, муқаррар намудани падарӣ, ивази насаб, ном ва номи падар ва барқарории сабтҳои асноди ҳолати шаҳрвандӣ, дар маҷмӯъ, 202 ҳазору 377 сабти ҳолати шаҳрвандӣ ба қайди давлатӣ гирифта шуд. Ин рақам нисбати ҳамин давраи соли гузашта 972 адад зиёд мебошад.

- Тибқи моддаи 7 банди 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис-тон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» чор намуди сабт: таваллуд, вафот, никоҳ ва муқаррар намудани падарӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба қайди давлатӣ гирифта мешаванд, - зикр намуд З. Сафарзода.- Аз рӯи ҳисоботҳои пешниҳодшуда дар соли 2019-ум 85%-и сабти никоҳ дар ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот ба қайди давлатӣ гирифта шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки 29 ҳазору 778 ақди никоҳ ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, ки нисбати соли гузашта 1 ҳазору 505 сабт кам аст. Аз ин, 24 ҳазору 906 никоҳи ҷавонони то 35-сола, 4 ҳазору 872 ақди никоҳи нафарони аз 35- сола болоро ташкил менамояд.

Дар соли 2019 шуъба ва бахшҳои Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилояти Хатлон, ҷиҳати бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ба маблағи 3 миллиону 729 ҳазору 12 сомонӣ боҷи давлатӣ ситонида, ба буҷети давлат ворид намудаанд, ки нисбат ба соли 2018-ум  803 ҳазору 747 сомонӣ зиёд мебошад.

Комрони БАХТИЁР,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

КОРГУЗОРӢ БЕҲБУДИРО МЕТАЛАБАД

Ҳаёти иҷтимоӣ

УСУЛИ «ХОНА БА ХОНА» НАТИҶА МЕДИҲАД

Хабарҳо
З. Сафарзода: «аз ҳам пош хӯрдани оилаҳо масъалаи ташвишовар аст»

З. Сафарзода: «аз ҳам пош хӯрдани оилаҳо масъалаи ташвишовар аст»

Ҳаёти иҷтимоӣ, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Дар роҳи иҷрои ваколатҳо

Дар роҳи иҷрои ваколатҳо

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо
Оила маънии хушбахтиро дорад

Оила маънии хушбахтиро дорад

Номаҳои Шумо, ИСМАТУЛЛО ҲАСАНОВ