Дар як сатр
» » ЗАНОН ВА РУШДИ ИЛМИ МУОСИР

ЗАНОН ВА РУШДИ ИЛМИ МУОСИР

11-02-2020, 19:25

Дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи энергетикии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии занон дар соҳаи илм конференсияи илмӣ таҳти унвони "Занон ва рушди илми муосир” баргузор гардид. Дар кори конференсия муовини раиси вилояти Хатлон, номзади илмҳои иқтисодӣ Ф. Шарифӣ, раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин Сироҷиддин, мушовири ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон Аҳмадҷон Ализода, занон, олимонҳо, профессорон, номзадҳои илм, дотсентҳо, унвонҷӯён, омӯзгорон ва донишҷӯён ширкат доштанд.

Чорабиниро сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Раъно Раҳимзода кушода, иброз дошт, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, аз 3 декабри соли 1999 №5 даҳҳо барномаи давлатӣ, стратегия ва санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки ба фаъолияти назарраси занон дар ҷомеа заминаҳои боэътимод гузошт. Дар даврони соҳибистиқлолии ватани азизамон барои рушди соҳаи илм шароитҳои мусоид фароҳам овард. 11 феврал ҳамасола Рӯзи умумиҷаҳонии занон дар соҳаи илм ҷашн гирифта мешавад ва чорабинии имрӯза дар заминаи ин сана доир гашта истодааст, таъкид дошт, сардори Раёсат.

Муовини раиси вилоят  Фирӯза Шарифӣ  дар мавзӯи "Занон ва саҳми онҳо дар рушди илми муосир” сухан ронда, таъкид дошт, ки шумораи занон дар соҳаи илм сол то сол меафзояд. Аз ин теъдод 3 нафар доктори илм, профессор,  63 нафар номзади илм, 250 нафар унвонҷӯю тадқиқотчиён аз ҳисоби бонувон мебошанд, ки нисбати соли гузашта 37 нафар зиёд аст.

Тавре ки муовини раиси вилоят зикр намуд, дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон гардидааст, ки ин пешниҳод бори дигар аз ғамхориҳои Роҳбари давлат нисбати илму дониш гувоҳӣ медиҳад.

Лозим ба ёдоварист, ки соли равон аз ҷониби занҳои олим беш аз 100 мақолаи илмӣ барои ширкат дар конференсияи илмӣ пешниҳод гардид. Ҳамин тавр, муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ ба иштирокчиёни конференсия барори кор таманно намуд.

Кори конференсия дар панҷ бахш идома ёфт. Дар бахши филология ва рӯзноманигорӣ 23 маърӯзаи илмӣ, бахши технологияи иттилоотӣ, табиӣ ва тиббӣ 18 маърӯзаи илмӣ, бахши иқтисодӣ 12 маърӯза, бахши педагогика ва методикаи таълим 19 маърӯза ва бахши таъриху сиёсатшиносӣ иборат аз 20 маърӯзаи илмӣ баррасӣ гардид. Дар ҷамъбасти чорабинӣ як қатор иштирокдорон бо сипосномаҳои Раёсати кор бо занон ва оилаи  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз гардиданд.

 

Вахшона,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

МАҚОМИ ЗАН БОЛО МЕРАВАД

Ҳаёти иҷтимоӣ
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - НИШОНИ ПОЙДОРӢ ВА УСТУВОРИИ МИЛЛАТ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - НИШОНИ ПОЙДОРӢ ВА УСТУВОРИИ МИЛЛАТ

Ҳаёти иҷтимоӣ
Саҳми занон дар рушди илми муосир

Саҳми занон дар рушди илми муосир

Ҳаёти иҷтимоӣ
ЗАНОН-БУНЁДСОЗИ ҶОМЕА

ЗАНОН-БУНЁДСОЗИ ҶОМЕА

Ҳаёти иҷтимоӣ, НАҶОТ САФАРЗОДА
Баррасии нақши занон дар рушди илм

Баррасии нақши занон дар рушди илм

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Маориф ва илм, АМОН МАҲКАМОВ