Дар як сатр
» » НАТИҶАҲОИ ИСТЕҲСОЛӢ ХУБАНД

НАТИҶАҲОИ ИСТЕҲСОЛӢ ХУБАНД

11-02-2020, 19:24

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои иқтисодӣ-иҷтимоии вилоят дар моҳи январи соли равон шуда гузашт. Ҷамъомадро бо сухани ифтитоҳӣ раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода оғоз бахшид.

Сипас, муовини якуми раиси вилояти Хатлон Абдуалим Исмоилзода баромад намуда, аз натиҷаҳои ба дастовардаи меҳнаткашони шаҳру навоҳии вилоят дар моҳи аввали соли равон маърӯзаи муфассал намуд. Дар ҷараёни ҳисобот, аз ҷумла гуфта шуд, ки дар соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят дар ин давра бо меҳнати софдилона натиҷаҳои истеҳсолӣ назаррас буда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта барзиёданд. Ба андозаи 102% таъмин гардидани қисми даромади буҷет, ки аз натиҷаи мусбии бадастоварда дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ дарак медиҳад, гувоҳи ҳамин гуфтаҳост.

Муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ дар ҳисоботи худ, аз ҷумла қайд намуд, ки дар шаҳру навоҳии вилоят дар баробари  ба корҳои ободонию созандагӣ, сабзгардонии маҳал, ҳамчунин, ба маъракаи муҳими сиёсӣ-интихобот  диққати ҷиддӣ дода шудааст. Дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани интихобот, омӯзиши Паёми навбатии Пешвои миллат дар ташкилоту муассиса, идораҳо ва аз рӯи нуктаҳои муҳими дар Паём зикргардида ба роҳ мондани фаъолият аз пайгирии мардуми шарифи вилоят аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва дас-туру супоришҳои Сарвари давлат мебошад.

Дар охир, раиси вилоят нисбати он камбудиву норасоиҳое, ки ҳанӯз ҳам мавҷуд аст, аз раисону дигар масъулини шаҳру навоҳии вилоят пурсиш ба амал оварда, ҷиҳати ҳалли ҳарчи зудтари онҳо вазифаҳои мушаххас дод. Ҳамчунин, дастур дода шуд, ки баробари иҷрои ҳатмии нақшаҳои истеҳсолӣ, кишти баҳорӣ, ба корҳои омодагӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар, иҷрои нақшаи барзиёди ҳармоҳаи андозсупорӣ, иҷрои нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷум-ҳурӣ диққати зарурӣ дода шавад.

И. ҲАСАНОВ,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ОМОДАГӢ БА НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Ҳокимияти давлатӣ

ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ БА БЕШ АЗ 2969 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

Ҳокимияти давлатӣ

Ба фасли сармо омода бошем

Хабарҳо
Кишти баҳорӣ мувофиқи мақсад нест

Кишти баҳорӣ мувофиқи мақсад нест

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
Д. Гулмаҳмадзода:Аз зарфиятҳои вилоят барои рушди иқтисод истифодаи пурсама ...

Д. Гулмаҳмадзода:Аз зарфиятҳои вилоят барои рушди иқтисод истифодаи пурсама ...

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА