Дар як сатр
» » ЧИЛ ДАРСАДИ НОМЗАДҲО БА МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ БОНУВОНАНД

ЧИЛ ДАРСАДИ НОМЗАДҲО БА МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ БОНУВОНАНД

11-02-2020, 19:23

Тибқи маълумоти комиссияи ноҳиявӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  то санаи 9-уми феврали соли ҷорӣ 120 нафар номзадҳо ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳия пешбарӣ шудаанд, ки аз ин теъдод 40 дарсадро бонувон ташкил медиҳанд.

Тавре ки Маҳмадсаид Абдулҳаев, раиси Кумитаи иҷроияи ҲҲДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, изҳор дошт, фароҳам овардани имкониятҳои пешбарии номзадҳо ба маҷлисҳои маҳаллӣ аз ҳисоби занон ва ҷавонон аз нуктаҳои муҳиму ҳадафҳои пешгирифтаи ҳизби мазкур дар пайравӣ аз дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ мегардад. Вобаста ба ин, ҲХДТ барои Маҷлиси вакилони халқи вилоят 2 номзад пешбарӣ намудааст, ки аз ин як нафарашон аз ҳисоби бонувон аст. Ҳамчунин, аз 40 нафар номзадҳои ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳия пешбаринамудаи ҲХДТ 16 нафарро бонувон ва 12 нафарро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Саид Асозода, раиси комиссияи ноҳиявӣ оид ба интихоби вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, иброз медорад, ки дар баробари пешбарии номзадҳо аз ҷониби Конференсияҳои ҳизбҳои сиёсӣ, инчунин 28 нафар номзадҳо ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳисоби шаҳрвандони ғайриҳизбӣ мебошанд, ки тариқи худпешбарӣ дар интихобот ширкат хоҳанд намуд.

Рамазон Каримов, раиси ҳавзаи интихоботии якмандатаи №30 Ҷалолиддини Балхӣ, изҳор медорад, ки дар ҳавзаи мазкур 5 номзад аз ҷумла, як нафар аз бонувони ноҳия ҳамчун номзад ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Гуфта мешавад, ки 3 нафар номзадҳо ба Маҷлиси намояндагон тариқи конференсияи ҳизбҳои сиёсӣ пешбарӣ шуда, ду нафар номзадҳои худпешбар мебошанд..

Дар доираи омодагӣ ба интихоботи парлумонӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 53 участкаи интихоботӣ таъсис дода шудааст, ки дар он 105 ҳазору 888 нафар интихобкунандагон ба вакили ояндаи худ дар парлумони кишвар ва вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ раъй хоҳанд дод.

 

Ҷамолиддин САЙФИДДИН



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ВАХШ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТИ ПАРЛУМОНӢ

ВАХШ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТИ ПАРЛУМОНӢ

Ҳаёти иҷтимоӣ

ПЕШБАРИИ НОМЗАДҲО ДАР ХАТЛОН

Ҳаёти иҷтимоӣ
Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон барпо гардид

Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон барпо гардид

Сиёсат, Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА
Муборизаи 159 номзад барои 69 курсӣ дар Маҷлиси вакилони Хатлон

Муборизаи 159 номзад барои 69 курсӣ дар Маҷлиси вакилони Хатлон

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Бақайдгирии 4 номзад дар ҳавзаи «Қӯрғонтеппа-26»

Бақайдгирии 4 номзад дар ҳавзаи «Қӯрғонтеппа-26»

Сиёсат, Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА