Дар як сатр
» » ДАР СИТОИШИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

ДАР СИТОИШИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

7-02-2020, 23:44

Ширинӣ ҳамчу нону гувороӣ ҳамчу об,

Ҳам гарму нарму равшану ҳам тозаиву ноб.

Эй лафзи поки модарӣ, чун меҳри модарон

Боронӣ дар латофату дар шафқат офтоб.

Аз рафтаҳои пок ту мерос мондаӣ,

Ҳамчун забони илму адаб давр рондаӣ.

Бо ту агарчи гуфта навиштанд беҳисоб,

Ҳарфи нагуфтаиву китоби нахондаӣ.

Дар гуфтану шунидан агар саҳлу содаӣ,

Сад маънӣ дар итоати як лафз додаӣ.

Нодон агарчи нест зи лутфи ту бенасиб,

Оғӯши бекаронӣ ба доно кушодаӣ.

Шаҳдиву ҳосиле зи ниёгони шаҳдгир,

Дар коми мо нишастаӣ аз кӯдакӣ чу шир.

Ҳатто ба разм ҳамдами мардон ту будаӣ,

Аз баҳри дӯст ҷавшану сӯи аду чу тир.

Садсолаҳо забони ҷаҳонгир будаӣ,

Шодоби оби чашмаи тақдир будаӣ.

Аз баҳри ғайр лафзи шукӯҳу ба халқи ман,

Лафзи умеду бовару тадбир будаӣ.

Тоҷик гарчи дарду ғами беҳисоб дид,

Садсолаҳо зи душмани миллат азоб дид.

Бар қасди ҷоҳилони зи илму ҳунар барӣ

Дар рушду инкишофи ту як инқилоб дид.

Азпофитода миллати моро ту пар шудӣ,

Дар шохи нахли бовари мардум самар шудӣ.

Аздастдодаҳо чу фузун буд аз шумор,

Бар ҳар зидастдодаи миллат асар шудӣ.

Эй лафзи поки тоҷикӣ, эй лафзи бостон,

Эй лафзи панду ҳикмату авсофу достон.

То ҳаст эҳтиёҷ ба илму ба маърифат,

Бар рафъи эҳтиёҷ бимонӣ ту ҷовидон.

Сафармуҳаммад Аҳмад



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ЗАБОН - ҲАСТИИ МИЛЛАТ

Фарҳанг ва адабиёт
АЙНӢ ВА ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

АЙНӢ ВА ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Фарҳанг ва адабиёт

Шоҳсутуни миллат забони модарист

Фарҳанг ва адабиёт
Ҳар сешанбе – Рӯзи забони тоҷикӣ

Ҳар сешанбе – Рӯзи забони тоҷикӣ

Хабарҳо, Маориф ва илм
Нашри нахустин китоб ба забони тоҷикӣ дар таърихи роҳи оҳани Тоҷикистон

Нашри нахустин китоб ба забони тоҷикӣ дар таърихи роҳи оҳани Тоҷикистон

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА