Дар як сатр
» » З. Алихонов: “ҲНИТ дар Покистон барои ояндаи худ артиш омода мекард”

З. Алихонов: “ҲНИТ дар Покистон барои ояндаи худ артиш омода мекард”

10-11-2017, 12:48

З. Алихонов: “ҲНИТ дар Покистон барои ояндаи худ артиш омода мекард”

Суҳбати ихтисосии нашрияи “Хатлон” бо Зафар Алихонов, ҷавоне, ки 8 сол дар Покистон таълимоти ғайрирасмии динӣ гирифта, дар ҳайати созмони экстремистии “Содиқлар” - ҷиноҳи “Ҳаракати исломии Туркистон” - дар пойгоҳи низомии террористон дар Вазиристон машқу тамрин кардааст.

Зафар Алихонов, ки 34 сол дошта, миллаташ ўзбек, маълумоташ миёна, оиладор, падари чор фарзанд аст, чанде пеш аз Туркия ба Тоҷикистон депорт шуд. Вай мегўяд, ки танҳо баъди чанд соли таҳсили динӣ дар Покистон дарк кард, ки аксари ҷавонон он ҷо фирефтаи гурўҳу созмонҳои ифротгарою тахрибгаре, чун ҲНИТ, ДИИШ, “Ансоруллоҳ”, “Содиқлар” мешуданд. Ин ташкилотҳо, ба гуфтаи З. Алихонов, аз ҳисоби муҳассилони мадрасаҳо барои худ сарбоз омода мекардаанд, то дар оянда барои амалисозии ҳадафҳои низомию идеологиашон ба кор баранд.


- Зафар, метавонед аз достони зиндагӣ ва чӣ тавр ба таълимоти динӣ дар хориҷи кишвар ҷалб шуданатон нақл кунед?

- Соли 2000-ум мактаби миёнаи №3-и деҳаи Ваҳдати ноҳияи Хуросонро хатм намудам. Баъд аз он ба деҳаамон мавлавӣ Боймуҳаммад, бо тахаллуси мавлавӣ Раҳматулло, ки чандин сол дар Покистон таҳсил карда буд, омад. Ў, ки ҳам ҳамсоя ва ҳам хешамон буд, ба наздаш рафтам ва ҳамин тавр таҳсилоти ибтидоии диниро шурўъ кардем. Баъдан ў ба ман тавсия дод, ки ба шаҳри Карочии Покистон сафар карда, таҳсилоти диниро дар мадрасае, ки ў онро хатм намудааст, идома диҳам. “Он ҷо беҳтар ва зудтар меомўзӣ”, - гуфт мавлавӣ. Бо роҳнамоии ў азми сафар кардам. Падару модарро розӣ намудам, маблағ ҷамъ карда, шиноснома ва раводид гирифта, ба он тараф рафтам. Соли 2003 буд. Дар Карочи маро мавлавӣ Муъин ном шахсе пешвоз гирифт. Ҳамроҳ ба мадрасае, ки устодамон мавлавӣ Раҳматулло тавсия дода буд, бурданд. Он ҷо дер шуда буд, қабул накарданд. Баъдан ба мадрасаи “Бинурия” оварданд. Тавре огаҳ шудам, дар ин мадраса пеш аз мо ҳам тоҷикон мехондаанд. Соли 1992, бо оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ва даврони гурезагӣ, чандин бачаҳо ба таҳсил дар ин мадраса ҷалб шуда, ҳамон ҷо мондаанд. Маро ҳам пеши ҳамонҳо бурданд. Калонҳояшон Маҳмадшариф, Иброҳим, Саид, Талабшоҳ буда, дар умум тақрибан 30 нафар ҷавони тоҷик таҳсил мекарданд. Ман ҳам он ҷо мондам ва чор сол таҳсил кардам.

- Чунин ақидаҳо низ дар миёни коршиносон роиҷ аст, ки он ҷо аз рўзҳои аввали таҳсил як навъ зеҳнсозии муҳассилон шурўъ мешавад ва ин зеҳнсозӣ ба шинохти асли ислом – он ҳадаф, ки бисёриҳоро ба кишварҳои исломӣ мебарад, ҳеҷ рабте надорад...

- Дуруст аст. Дар чаҳор соли аввали таҳсил шоҳид будам, ки ҷавононе, ки қабл аз мо ба мадрасаи “Бинурия” рафтаанд, ба истилоҳ “ҳама чиро дида буданд”. Яъне як қисмашон дар сафи “Толибон” ҳам ҷангидаанд, қисме дар Афғонистон зиндагӣ кардаанд, ҳама чизро медонистанд. Дар тамрингоҳҳои Пешовар ҳам аз машқҳо гузаштаанд. Баъзеяшон гашта омадаанд ва боз рафтаанд “хонданӣ”.

Дар ҳамон ҷо зеҳнсозии моро шурўъ карда будаанд. Ҷиҳод рафтану чӣ қадар «савоб доштан»-и онро ташвиқ мекарданд. Дар зеҳни муҳассилон эҳсоси нафрату бадбинӣ нисбат ба Ҳукумати Тоҷикистонро бедор мекарданд, тавассути ҳар гуна наворҳои таҳрифшуда Тоҷикистонро бад нишон медоданд. Он замон намефаҳмидам ин ҳамаро. Баъд маълум гардид, ки ҳамон вақтҳо дар миёни бачаҳо аъзои гурўҳҳои террористӣ ҳам будаанд. Оҳиста-оҳиста дар зеҳни мо таъсир мерасониданд. Гурўҳҳое буданд, ки аз ҳисоби муҳассилони ҷавон барои худ ҷонибдор, ташвиқотчӣ ва террорист тайёр мекардаанд.

- Кадом гурўҳҳоро дар назар доред?

- Гурўҳҳои террористӣ ва ифротгароҳо. Аз он ҷумла “Ҳаракати исломии Туркистон”, «Ансоруллоҳ» ва “Содиқлар”, ки бештар ўзбекзабонҳоро ҷалб мекарданд. Намояндагони ин ташкилотҳо ба муҳассилони мад-раса бо баҳонаи ин ки муҳтоҷанд, маблағу либосворӣ ва маводи озуқа тақсим намуда, ба ин васила ба худашон ҷалб мекарданд.

- Чор сол таҳсил кардед. Баъд чӣ шуд?

- Баъдан гашта ба ватан омадам. Соли 2007 буд. Таҳсилам пурра анҷом наёфта буд, аз ин рў, бояд бармегаштам. Ин дафъа ҳамроҳи худ ҷиянам Муродҷон, ҳамдеҳаам Ибрагимов Садриддинро ба мадраса бурдам. Он вақт дуруст намефаҳмидам, ки мо ба роҳи бад рафта истодаем, иштибоҳ мекунем. Ба дарки ин воқеият, ки гумроҳ шудаам, дар соли шашуми таҳсил расидам. Ба ин Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон сабаб шуд.

- ҲНИТ? Чӣ тавр?

- Замони таҳсилам дар Покис-тон медидам, ки раҳбарону фаъолони ҲНИТ ба шогирдони мадрасаҳое, ки ғайриҳанафиянд, ки онҳоро мавдудӣ мегўянд, кумакҳои фаровон мерасониданд. Намояндагони ҲНИТ ба раҳбарии Маҳмудҷон Файзраҳмонов ба бачаҳое, ки зеҳнашон ба шиагӣ яқин аст, ҳар моҳ стипендияи муайян, инчунин маводи ғизоӣ тақсим мекарданд. Шубҳанок буд. Намегуфтанд, ки ин маблағ аз куҷост ва барои чӣ дода мешавад. Хусусан, дар идҳои мазҳабӣ, иди Қурбон маблағ равон мекарданд ва бачаҳои калон гов гирифта, забҳ менамуданд, ба бачаҳо тақсим карда ва барояшон мавъизаҳо мехонданд.

- Мавзўи мавъизаҳо чӣ буд ва чӣ рабте ба ҲНИТ дошт?

- Дар «мавъизаҳо» асосан аз ҷавонон даъват мешуд, ки ҲНИТ-ро дастгирӣ кунанд, ба узвияти он бипайванданд. “Агар мо аъзо нашавем, ҳизбро дастгирӣ накунем, кӣ мекунад?” - мегуфтанд. Бо ин роҳ одам ҷалб мекарданд.

- ҲНИТ он солҳо дар Тоҷикистон расман фаъолият мекард. Қонунан ва амалан барои пешбурди умури таблиғотӣ маҳдудият надошт. Пас, ҷалби муҳассилони мадрасаҳо дар Покистон ба узвияти ин ҳизб бо чӣ мақсад буд?

- Ин ҳизб шумораи тарафдоронашро аз ҳисоби одамони мазҳабӣ, бахусус онҳое, ки бештар ба равияи мавдудиҳо ва шиаҳо гаравиш доранд, афзудан мехост.

- Чаро маҳз инҳо?

- Равияи мавдудиҳо дар Покистон, ба қавли устодон, ба шиагӣ яқин аст. Равия, ақида, амалаш ба шиагӣ яқин аст. Ин муҳассилон ҳарчанд дар шароити люкс таҳсил мекарданд, ба онҳо аз ҷониби ҲНИТ кумакҳои фаровони доимӣ мерасид. Баъдтар фаҳмидам, ки дар Тоҷикистон низ эмиссарҳои ҲНИТ бачаҳоро ҷалб намуда, ба Эрон, ба мадрасаҳои Қум барои омўхтани мазҳаби шиаҳо бо маблағи худашон равон мекарданд.

Бо маблағи ҲНИТ барои ҷавонон дар Қум ҳамаи чизҳоро фароҳам меоварданд, яъне ҷойи хондан, хоб, стипендия, ҳама шароит муҳайё. Ҳоло ҳам чунин мекунанд. Бачаҳои ҳанафимазҳабе, ки онҷо мехонданд, наметавонистанд аз ҲНИТ кумак дарёфт кунанд. Барои ин бачаҳо ақаллан, дар омодасозии ягон санад мусоидат намекарданд. Дертар фаҳмидем, ки мақсади аслии ҲНИТ паҳн намудани шиагарӣ дар Тоҷикистон будаву ҳадаф доштанд, ки мусулмонон, тоҷиконро шиа кунанд. Ҳамчунин, маълум гардид, ки барои амалӣ намудани ин ҳадаф ҲНИТ як шабакаи пурзўри таблиғгаронро таъсис дода истодааст.

- Ин чӣ маънӣ дошт?

- Азбаски наҳзатиён кумакҳоро аз Эрон мегирифтанд (дертар фаҳмидам, ки сарпарасти ҲНИТ Эрон будааст), табиист, ки сиёсат ва мазҳаби расмии он кишвар - шиаро таблиғ мекарданд. Борҳо буд, ки аз Эрон пул гирифта, ба бачаҳо тақсим мекарданд. Масъулони ҳизби мазкур, аз ҷумла Маҳмудҷон Файзраҳмонов кумакҳои моддиро оварда, дар миёни муҳассилин таблиғот мебурданд, ки ба Тоҷикистон рафта, ба узвияти ҲНИТ пайвандед. Баъди бозгаштан ба ватан шахсан маро не, аммо чанде аз ҳамдеҳагон ва онҳоеро, ки дар Покистону Афғонистон таҳсил кардаанд, ба узвияти ин ҳизб ҷалб намуданд. Ҳамин амалҳо, кумакҳои дар назари аввал «холисона» моро ба андеша водор кард.

Аслан, ҳеҷ касе, созмоне, гурўҳе, ҳизбе, аз ҷумла ҲНИТ бидуни ғараз ба каси дигар кумак намекунад, пул намедиҳад. Ин ҳизбу созмонҳо бо роҳи дастгирии молиявӣ, пардохти маблағи таҳсил ва ҷалби онҳо ба машқу тамринҳои низомӣ дар миёни муҳассилони мадрасаҳо барои худ дар оянда артиш тайёр мекарданду мекунанд.

- Бисёр вақт, масалан, вақте достони ҷавонҳоеро, ки мераванд ба таълимоти ғайрирасмӣ, мешунавем, онҳо дар бораи ҷалб шуданашон ба машқҳои низомӣ мегўянд. Шумо низ шоҳиди ҳамчунон ҳолат будед?

- Шоҳид будам. Ба бачаҳо амалҳои ифротгароию тахрибко-рӣ омўзонида шуда, ташвиқоти зиддидавлатӣ бурда мешуд. Ин гурўҳҳо махсус одам доштаанд дар даруни мадраса. Ташвиқот мебурданд, ки дар вақти таътил омада машқи низомӣ гирифта, бо пешвоҳояшон шинос шуда раванд. “Баъдан, ҳар вақте лозим ояд, худамон меёбематон” мегуфтанд. Дар таътил аксар бачаҳо бекор мемонданд. Аз ин фурсат истифода бурда, онҳоро даъват мекарданд, ки аз тамринҳои низомӣ гузаранд.

- Чӣ меомўзанд дар он машқгоҳҳо?

- Ба он ҷо аксар вақт бачаҳои ҷоҳилу ба омўзиши илм камтаваҷҷуҳ мерафтанд: онҳое, ки нав намозро шурўъ кардаанд, ё ба омўзиши ислом тоза пардохтаанд. Онҳо мағзшўӣ мешуданд, барояшон наворҳои видеоиро аз интернет ва дискҳо нишон медоданд ва мегуфтанд, ки исломи ҳақиқӣ ҳамин аст. Дар навбати аввал, рукнҳои намозро нишон медоданд, дуоро меомўзонданд, баъдан машқҳои ҷисмонӣ мегузаронданд, истифода аз автоматро дар кўҳҳо нишон медоданд.

- Яъне ин таълимот аз якчанд марҳила иборат аст?

- Бале, таълимоташон якчанд марҳила ёдавраро дар бар мегирифт. Масалан, як моҳ омўзишҳои назариявӣ мегузаштӣ, моҳи дуюм истифодаи силоҳи калон, дар марҳилаи сеюм таҷҳизоти худкафонӣ ва мисли ҳамин чизҳоро нишон медоданд. Ман ҳам як дафъа аз ҷониби ташвиқгарони гурўҳи “Содиқлар” ба чунин таълимоти низомӣ ҷалб шуда будам.

- Гуфтед, ки истифодаи силоҳро низ меомўзонанд. Оё муҳассилин дар ин тамрингоҳҳо ба аслиҳа дастрасии озод доштанд?

- Нахуст истифодаи автомати Калашниковро меомўзонанд. Аммо ман он ҷо зиёд набудам, танҳо медонам, ки анборҳои калони силоҳ доранд.

- Дар мадрасаи “Бинурия”, ки таълимоти динӣ мегирифтед, ба масъалаи ахлоқ ва тарбияи шогирдон чӣ гуна муносибат мешуд?
- Ростӣ, азбаски мадраса бисёр калон буд, мудирият рафтори бачаҳоро контрол карда наметавонист. Бадахлоқӣ, аз ҷумла қимору мухаддироту бачабозӣ зиёд буд, дар мадраса. Масалан, ҳар рўз мешунавидем, ки яке бо дигаре бозӣ карда истодааст. Ба ҳамин монанд бадахлоқиҳои дигарро низ ҳар лаҳза шунидан ва ҳатто мушоҳида кардан мумкин буд.

- Шумо гуфтед, ки дар он ҷо чанд созмону ташкилоте ҳаст, мисли «Содиқлар»-у «Ансоруллоҳ», ки ҷавононро ба қавле “вербовка”, чидагирӣ мекунанд. Инҳо чӣ гуна ҳадафҳо доранд ва аз ҳамдигар бо чӣ фарқ мекунанд?

- Ҳадафу идеологияашон аз ҳамдигар зиёд фарқ намекунад. Фақат дар забон. Тавре болотар гуфтам, раҳбарони ташкилоти «Содиқлар» аксаран ўзбекистонианд ва сиёсаташонро ба самти Ўзбекистон нигаронидаанд. Масалан, дар ин бораҳо меандешанду нақшакашӣ мекунанд, ки дар даруни Ўзбекистон бояд чӣ кор кунанд, куҷоро таркиш диҳанд, киро террор кунанд. “Содиқлар” асосан ўзбекзабонҳоро ба сафи худ ҷалб мекунад. Калонҳои «Ансоруллоҳ» тоҷикҳо буданд ва сиёсаташонро асосан ба самти Тоҷикистон нигаронидаанд. Бо ҳамин фарқ доранд, дигар ҳадафҳояшон муштарак аст.

- Ҷамъан чанд сол таҳсил кардед дар Покистон?

- Дар он ҷо 8 сол дар мадраса хондам. Соли 2007 ба зиёрати падару модарам омадаму баргаштам. Дубора соли 2009 барои издивоҷ кардан ба Тоҷикистон омадам. Соли 2010, вақте ки бо дастури роҳбарияти давлат ҳамаи донишҷўёне, ки дар кишварҳои хориҷӣ ба таълимоти ғайрирасмии динӣ ҷалб шуда буданд, ба ватан бозгардонида шуданд, ман низ баргаштам. Дар Тоҷикистон тақрибан ду моҳ истодам. Ҷавоне, ки соли 2007 бо худ ба Покистон бурда будам, нахост ба ватан баргардад. Вай ба узвияти ДИИШ пайваста, дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар амалиётҳои ҷангӣ ширкат меварзад. Дар Тоҷикистон хешу табори он ҷавон ба ман зиёд фишор оварданд, аз ин рў, маҷбур шудам, ки ба тарафи Россия ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намоям.

- Пас, чӣ хел шуд, ки шуморо аз Туркия депорт карданд ба Тоҷикистон?

- Вақти дар Россия буданам аз Тоҷикистон, аз деҳаамон Ҷамолиддин Бобохонов рафта буд. Вай аз Туркия чизҳои куҳна ҷамъ мекарду мисле ки ба тиҷорат машғул буд. Шумораи телефони ўро дарёфта, ҳолати Туркияро пурсидам, ки он ҷо барои коркунӣ ва зиндагӣ мешавад ё не. Хуллас, бо мусоидати ў ба Туркия рафтам. Дар он ҷо кор ёфтам - кори сохтмонӣ. Баъди чанде зану фарзандонамро, ки дар Тоҷикистон буданд, низ ба Туркия даъват кардам ва якҷоя зиндагӣ доштем. Азбаски ҳуҷҷатҳоям чандон дуруст набуд, маро дар Туркия боздоштанд ва депортатсия карданд.

- Дар Туркия чӣ рўзгоре доштед? Оё он ҷо намояндагони гурўҳҳои ифротӣ бо шумо кўшиши тамос гирифтан нишон намедоданд?

- Он ҷо низ ташвиқгарон ҳастанд. Масалан, як донишҷўи тоҷик бо номи Сайраҳмон дар суҳбат бо ман гуфт, ки он ҷо ҲНИТ ячейкаҳои худро дорад. Намояндагони ин ҳизб ҳуҷраҳои кории люкс, яъне шароити хеле хуб доранд, бо мошинҳои гаронбаҳо мегарданд, дар тарабхонаҳои гаронарзиш хўрок мехўранд. Аммо ягон нафарашон дар ҷое расман кор намекунанд. Бачаҳое, ки аъзои ин ҳизб шудаанд, аз ҷое кумакпулӣ ё маош мегиранд, ҳуҷҷатҳояшон дуруст аст, бидуни мушкил гаштугузор ва фаъолият мекунанд. Ҳамон ҷо ҳам маълум шуд, ки ҲНИТ спонсорҳои хориҷӣ дорад, маблағҳои зиёд мегирад, аз ин рў, аъзоҳояш ранҷи муҳтоҷӣ намекашанд.

- Ба фикри шумо, кадом усулҳо, методҳо барои ҷалби ҷавонон ба гурўҳҳои ифротию террористӣ истифода мешаванд?

- Методи асосиашон маблағ аст. Онҳо ба ҷавононе, ки муҳтоҷанд, кумакҳои моддӣ расонида, онҳоро ба қавле миннатшунав ва ба навъе вобастаи худашон мекунанд. Худашонро хизматгори аслии дин нишон дода, бо намоиши видеоҳои сохтаву қалбакӣ онҳоро зидди ҳукумати қонунӣ мешўронанд. Яъне ба эҳсоси ҷавон бозӣ мекунанд. Ҷавононеро, ки ҳанўз аз ҷиҳати илм ва донишҳои сиёсӣ мусаллаҳ нестанд, бо ин роҳ зеҳнсозӣ мекунанд. Бархеҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҷалб мешаванд. Хуллас, ин гурўҳҳо ташвиқгарони пурқуввате доранд, ки баъди якчанд суҳбат гузаронидан ҷавонони камтаҷрибаро зуд ба сўйи худ моил карда метавонанд.

- Шумо, ки таҳсилдидаи мадрасаи динӣ дар як кишвари исломӣ ҳастед, ба назаратон, сохти демократии давлатдорӣ чӣ мухолифате бо идеологияи он гурўҳҳои ифротӣ дорад? Демократияро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Демократия, яъне... Дар ин бора ягон фикр надорам. Шарҳ дода наметавонам...

- Имрўз давлати Тоҷикистон аз он ки шаҳрвандонаш бо роҳҳои ғайрирасмӣ ба таълимоти динӣ дар хориҷи кишвар фаро гирифта шудаанд ё аз онҳое, ки дар сафи ДИИШ дар ҷангҳои Сурияву давлатҳои ҷангзада иштирок мекунанд, нигарон аст. Фикр мекунед, то куҷо ин нигаронӣ асос дорад?

- Ин хавотиршавӣ асос дорад. Набояд гузошт, ки масалан, идеологияи ДИИШ ва дигар созмонҳои ифротӣ ба ҷавонони мо таъсир кунад, ақидаҳои онҳо ба дили ҷавонони Тоҷикистон роҳ ёбад. Бубинед, идеологияи ин гурўҳҳо чист: Онҳо хуб медонанд, ки бо роҳи низомӣ вориди як давлат шудан мушкил аст. Аз ин рў, мехоҳанд бо роҳи ақидатӣ ва идеологӣ ба ҷомеа таъсир гузоранд ва суботи ҷомеаву давлатро халалдор созанд. Барои онҳо осон аст, ки ба қишри ҷавон, ки зеҳни тоза доранд, кор баранд. Пайравони ДИИШ, ки як созмони террористӣ аст, одамони ғайри худашонро ҳеҷ мусалмон намеҳисобанд. Аз ақидаҳои онҳо бояд гурехт. Бисёр радикал ҳастанд.

Инчунин онҳоеро, ки ҳоло ҳам дар мадрасаҳои кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, бояд баргардонид ва мағзашонро аз андешаву боварҳои иштибоҳӣ ва ифротӣ пок сохт, зеро ҳама созмонҳои ифротгарою террористӣ онҳоро зеҳнсозӣ мекунанд.

- Ба таблиғоти ҷавонон ба сафи ДИИШ-у созмонҳои дигар асосан киҳо машғул мешаванд? Оё таблиғгарон омўзишҳои махсусеро гузаштаанд?

- Таблиғгаронро асосан аз ҷумлаи пайравони ин созмонҳо, ки дар навбати худ, манфиатҳо доранд, интихоб мекунанд, онҳоеро, ки идеологияи гурўҳ ё ҳизбашонро хуб медонанд, илми фалсафа ва психологияи инсонро балад ҳастанд. Ба шунидаам дар Туркия як таблиғгари фаъоли ДИИШ-ро барои он ки одамони бисёреро аз роҳи ташвиқот ба сафи ин гурўҳ ҷалб карда буд, ҳатто маоши моҳона таъин карда буданд. Тавре гуфтам, ки ҲНИТ ҳам дар он ҷо барои таблиғгаронаш шароитҳои хуб муҳайё кардааст. Яъне байни таблиғгарони наҳзатӣ ва таблиғгарони ДИИШ-ӣ тақрибанд тафовуте нест,чун дар ниҳоят ҳамагӣ як ҳадаф доранд: бо роҳи зўроварӣ ва қатли инсонҳо ба даст овардани қудрат.

- Тавсияи шумо имрўз ба ҷавонони тоҷик чӣ аст?

- Асло фирефта нашаванд, ба мадрасаҳои номуайяни динӣ нараванд. Фиреби онро нахўранд, ки дар ин мадрасаҳо таҳсил ройгон аст, шароити хуб дорад, зеро банда бо чашми худ дидаму шоҳид будам, ки муҳассилин дар он ҷо чӣ рўзгори сахту сангине доранд. Дар кишвари худамон ҳамин хел мадрасаҳо ҳастанд, донишҳое, ки кифоя ба ислом аст, дар Тоҷикистон гирифтан мумкин аст. Дар он кишварҳо гурўҳҳои террористӣ зеҳнҳоро хароб мекунанд. Нафаре, ки шомили ин гурўҳҳо шуд, агар пушаймон ҳам шавад, дигар аз он баромада наметавонад. Дигар барояшон баромада ба хона рафтанро иҷоза намедиҳанд. Немегузоранд, ё ба сўят тир холӣ мекунанд ё саратро аз тан ҷудо мекунанд.

Ба падару модарон ҳам муроҷиатам ин аст, ки аз гумроҳшавии фарзандонашон пешгирӣ кунанд. Нагузоранд, ки ҷигарбандашон қурбони бозиҳои ҳароми гурўҳҳои ифротӣ шаванд, ба қатлу куштори одамони бегуноҳ даст зананд, нисбаташон ҷиноятҳои бадахлоқона содир шавад.

Вақте ки дар Покистон мехондам, ҷиҳодро фақат ба маънои кушокуш, ғайр аз худат касе бошад, бераҳмона қатл кардан, сўхтан медонистам. Ҳозир яқин медонам, ки ҷиҳод он нест. Ҷиҳод ин ҳимояи ватан, ёрӣ ва хизмат ба падару модар, тарбияи хубу шоистаи фарзандон аст. Ҷиҳод ба маънои дар роҳи ислом ҳаракат кардан аст. Дар даст силоҳ гирию бо мусулмонон ҷанг кунӣ, ин ҷиҳод нест. Ҳоло фикр мекунам, ки ҳамон идеологҳои гурўҳу созмонҳои таблиғгари ҷиҳоду тундгароӣ барои расидан ба ҳадафашон баъзан ба таҳрифи китоби Қуръон низ даст мезаданд. Ба назарам, яке аз сабабҳои асосии «ифротӣ» хондани онҳо маҳз ҳамин аст, ки ҳама чиро - шурўъ аз муқаддасоти динӣ то зиндагии дунявӣ - ба ҳадди ифроту ифлосӣ расонидаанд.

Мусоҳибаи
Носирҷон МАЪМУРЗОДА,
“Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Мардуми тоҷик мазҳабфурӯшонро ҳаргиз намебахшанд

Мардуми тоҷик мазҳабфурӯшонро ҳаргиз намебахшанд

Хабарҳо, Сиёсат
Чаро роҳбарони ҲНИТ мазҳаби ҳанафиро фурӯхта, мазҳаби бегонаро қабул кардаа ...

Чаро роҳбарони ҲНИТ мазҳаби ҳанафиро фурӯхта, мазҳаби бегонаро қабул кардаа ...

Хабарҳо, Таҳқиқи журналистӣ, Номаҳои Шумо
СҲШ: «ҲНИТ ба рӯйхати ташкилотҳои террористӣ ворид карда шуд»

СҲШ: «ҲНИТ ба рӯйхати ташкилотҳои террористӣ ворид карда шуд»

Хабарҳо, Сиёсат, Ҳуқуқу амният
Хиёнати ҲНИТ алайҳи давлатдорӣ

Хиёнати ҲНИТ алайҳи давлатдорӣ

Хабарҳо, Сиёсат, Номаҳои Шумо
Ифротгароӣ, таассуб ва мағзшӯии ҷавонон. Чӣ бояд кард?

Ифротгароӣ, таассуб ва мағзшӯии ҷавонон. Чӣ бояд кард?

Таҳқиқи журналистӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА