Дар як сатр

Ғазали ҷовидона

7-02-2020, 23:43

Маъшуқа ба сомон шуд, то бод чунин бод,

Куфраш ҳама имон шуд, то бод чунин бод.

З-он лаб, ки ҳаме заҳр фишондӣ ба такаббур,

Акнун шакарафшон шуд, то бод чунин бод.

Он ғамза, ки бад будӣ бо муддаии суст,

Имрӯз батар з-он шуд, то бод чунин бод.

Пайдош ҷафо будӣ, пинҳони латофат,

Пайдош чу пинҳон шуд, то бод чунин бод.

Чун гул ҳама тан будӣ, то бод чунин бод,

Чун бода ҳама ҷон шуд, то бод чунин бод.

Деве, ки бар он куфр ҳаме дошт мар ӯро,

Он дев мусалмон шуд, то бод чунин бод.

То лоҷарам аз шукр саноӣ чун Саноӣ,

Машҳури Хуросон шуд, то бод чунин бод.

Ҳаким САНОӢ



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Мулло Кабирӣ куҷо парвои интернет дорад

Хабарҳо
Руҷўи Пешвои миллат

Руҷўи Пешвои миллат

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Дунёи туро ёд орам, модар!

Дунёи туро ёд орам, модар!

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт
Хуросон. 24 ариза барои фарзандхонӣ

Хуросон. 24 ариза барои фарзандхонӣ

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Дар 2015 ба фарзандатон чӣ ном мегузоред?

Дар 2015 ба фарзандатон чӣ ном мегузоред?

Маориф ва илм, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ