Дар як сатр
» » МАНОРА ВА ЛАКЛАК

МАНОРА ВА ЛАКЛАК

6-02-2020, 23:40

Замоне буд, ки ҷумла мавҷудоти олам ҳамдигарфаҳмӣ доштанд, ба ҳам сухан мегуфтанду бовар мекарданд. Дар он гузаштаҳои дури дур дар як канори шаҳри азим манорае қомат афрохта буд, боҳашамат, сар ба афлок кашида. Ин манораро киҳо ва кай сохта буданд, маълум набуд. Танҳо ҳамин қадарашро медонистанд, ки болои ин манораи азим лаклак лона дорад. Манораву лаклак бо ҳам аҳди дӯстӣ доштанд. Лак-лак аввали баҳор, то омад-омади сардиҳои сол дар ин мулк ба сар мебурд. Рӯзона манораву лак-лак, ҳар яке, аз пайи кори хеш буданд. Ба тамошои манора, ки бисёр ҳам зебо сохта шуда буд, одамони зиёд меомаданд. Аз ҳар мулку диёр ба тамошову зиёрат меомаданд. Чун рамзи эҳтиром пеш аз дохили манора шудан, ки хеле васеъ буду ошёна ба ошёна ҳуҷра дошт, пойафзоли худро бадар мекарданд. Манора то охири саёҳати одамон пойпӯши онҳоро "бонӣ” мекард ва аз ин хизмати хоксоронаву беғаразонаи худ завқ ҳам мебурд. Калушҳои хурду бузург, кафшҳои рангобарангу мунаққаш. Танҳо, вақте ки одамон баромада мерафтанду атроф сокит мегашт, манораро ҳисси ногуворе фаро мегирифт.

То бегоҳ, то омадани лаклак манора маъюс мемонд. Чун бегоҳ мешуду лаклак ба лона бармегашт, манора ин ҳамаро ба лаклак нақл мекард. Лаклак ҳам дар навбати худ аз дидаву шунидаҳояш ба дӯсташ нақлҳои аҷиб менамуд. Ҳамин тариқ рӯзгор доштанд дар ин шаҳри азим тамоми мавҷудот ва дӯстӣ доштанд манораву лаклак то он замоне, ки байнашон ба қавле, беаҳдие рух намедод.

Боре, пеш аз он ки лаклак бо омад - омади зимистон ба мамлакати гарм парида равад, манора аз дӯсташ хоҳиш мекунад, ки дар бозгашт барои ӯ калуш биёрад. Зеро дар фасли сармо одамон дигар ба тамошои манора намеомаданд, пойпӯшиҳои худро намекашиданд, манора ҳам бекор мемонд ва аз ин танҳоӣ бис-ёр ҳам дилтанг мешуд. Худро як мавҷудоти нолозим мешуморид. Лаклак парида рафту манора дар ин шаҳри азим танҳо монд. Танҳои танҳо. Аз танҳоӣ маъюсу дилгир мешуд. Вале илоҷи дигар надошт, ба ҷуз шуморидани шабҳову рӯзҳо. Оқибат интизориҳо ба охир расид. Фасли баҳор омаду ба шаҳри азим ҳам гармӣ расид. Субҳгоҳоне манора лаклакро дар лона диду бисёр хурсанд шуд. Пурсид, ки оё хоҳиши ӯро аз ёд набароварда, барояш калуш овардааст.

- Оварда будам, аммо ту набудӣ,-ҷавоб додааст лаклак.

Аз ин суханони лаклак манора сахт ранҷида: "Чаро дурӯғ мегӯӣ. Ман солҳост инҷоям, ба ҳеҷ куҷо нарафтаам ва рафта ҳам наметавонам”, гуфтааст.

-Агар ба ҷое рафта натавонӣ, пас калуш барои ту чӣ лозим?-фаҳмиданӣ шуд лаклак. Манора ишқи худро, ки ба калуш дошт, пинҳон намуду ифшо накард ва ҳарфе ҳам нагуфт. Бо ҳамин дӯстии байни манораву лак-лак канда шуд. Манора ҳам дигар гап намезадагӣ шуд, то ба ин рӯзгор.

Таҳияи Исматуллои Гули ОЛИМ




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ҲИКОЯТҲОИ ТАМСИЛИИ ШАРҚ

Фарҳанг ва адабиёт

ЗАБОНДОНӢ

Фарҳанг ва адабиёт
Бозгашт ба Ватан

Бозгашт ба Ватан

Хабарҳо, Чеҳранигорӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, САТТОР ҚАРАХОНОВ
Тоҷикистони азизам, модари ҷони манӣ

Тоҷикистони азизам, модари ҷони манӣ

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, Номаҳои Шумо

"Модарамро ёд кардам" - мегӯяд момои Ҳуснигул

Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо