Дар як сатр
» » МАН ЗАВҶААМРО ОЧАҶОН НАМЕГӮЯМ!

МАН ЗАВҶААМРО ОЧАҶОН НАМЕГӮЯМ!

7-02-2020, 23:38

Номи зебо ними ҳусн аст. Кас аз номи зебо ифтихор мекунад, шахси дӯстдошта мегардад. Оё мо-падару модарон ба фарзанди худ номи зебо мегузорем, то онҳо дар синни камолот аз номашон фахр кунанду боиси ранҷишашон набошад? На ҳамеша, албатта! Мардуми мо баъзан ба хотири чизе ва касе шитобкорона ба фарзандон номҳоеро мегузоранд, ки баъди ба камол расидан писар ё духтар аз номи худ шарм медоранд, он боиси ранҷиш гашта, дар байни ҳамсолон нороҳат мешаванд.

Хонандагони гиромӣ! Дар мавриди номгузорӣ андешаҳои чанд нафар "ҷабрдида”-ро пешкаши шумо менамоем. Бо хоҳиши баъзеи онҳо номҳояшонро иваз кардем.

Очаҷон, номатро

иваз намо!

- талаб мекунад шавҳари

«ҷабрдида» Ҷовиди Даврон:

-Ман бо духтараки зебою дилрабо ва меҳрубоне издивоҷ намудам, ки ӯро яке аз волидайн ба хотири пос доштани номи модари худ Очаҷон ном ниҳодааст. Ман ҳам ӯро, яъне завҷаамро бо як лутфи зиёд "Очаҷон” ном мебурдаму дар аввал ба маънои аслии он аҳамият намедодам.

Зиндагии оилавии мо хуб буд. Худованд бароямон се фарзанди ширинро ҳадя намуд. Ин ҳадяи илоҳӣ муҳаббати моро қавитар намуд. Завҷаам интихоби модарам буд ва ӯ аз зиндагии хуши мо қаноатмандӣ мекард. Келинро ба фарзандӣ хонду байни якдигар муносибати дугонагӣ доштанд.

Бале, ҳамааш хуб буд. Вале, рӯзе рафиқи давраи мактабиам Шодмон, ки ба меҳмонӣ омада буд, иллати зиндагии моро фаҳмонида,чашмонамро кушода монд. Вақте ки дар ҳузури ӯ ба завҷаам "Очаҷон” гӯён муроҷиат намудам, Шодмон ангушти ҳайрат газида, гуфт:

-Модарат ин қадар ҷавон, боварам намеояд.

-Ин модарам не, завҷаам мешавад,- ранҷида ба ӯ фаҳмондам.

-Мебахшӣ, пас чаро завҷаатро "оча” мегӯӣ? Убол аст, - гӯён дӯстам аз шарм дар ҳолати ногувор монд.

-Номи завҷаам "Очаҷон” аст, - шарҳ додам ман.

-Очаҷон?! Аҷиб, бисёр аҷиб! Ӯро "Очаҷон” мегӯиву боз бо вай ҳамхоба мешавӣ! Ман намефаҳмам, ҳам очаю ҳам завҷа?!

-Шодмон чаро ҳайрон мешавӣ?

-Чаро ҳайрон нашавам? Волидон аҷаб номҳое мегузоранд. Чӣ тавр забон мегардад, ки ба завҷаи худ "оча” гӯён муроҷиат намоӣ? Магар модарат аз ин хафа намешавад?

... Баъди рафтани Шодмон ба андеша рафтам. Акнун дар хона, ба қавле, ду модар доштам: яке, модаре, ки маро ба дунё овардааст, дуюмӣ завҷаам мешаваду ба ман бахт додааст. Пас аз ин, аз завҷаам талаб кардам: "Ман дигар туро "Очаҷон” намегӯям, номатро иваз намо!”. Ӯ ҳам дар байни обу оташ монда, аз номи худ хиҷолат мекашидагӣ шуд. Намедонад номашро чӣ тавр иваз намояд. Акнун муносибати мо коҳиш ёфтааст. Номи завҷаам сабабгор шуда, метавонад оилаи моро ба парешонӣ барад.

Чӣ тавре ки дарк намудед, як ном ҳаёти шахсро тағйир медиҳад, дар ҷое ҳатто ӯро бадбахт мегардонад. Пас, чаро волидон ба фарзандон таваккалӣ номгузорӣ мекунанду аз ояндаи онҳо бепарвоянд?

 

Таънаи ҳамсинф

теғест ба ҷон

Неъмати Валӣ, 30-сола:

- Ҳамсинфе доштам бо номи "Падарҷон”. Шояд ба хотири падар нафаре аз волидон писарро "Падарҷон” ном додаанд. Албатта, ин барои онҳо шояд хушоянду азиз бошад, вале барои дигарон (бегонагон) чӣ? Чӣ тавр ӯро "Падарҷон” гӯянд? Боз дар ҳузури падари аслӣ ва модари худ! Аммо ӯ чунин ном дорад, айби вай нест. Агар мо хоҳем ё нахоҳем, "Падарҷон” мегӯемаш.

Ёд дорам, ҳар гоҳе гапаш бо нафаре гурезад, албатта, таънаомез "ёдрас” мешавад: "Ман падари шумо мешавам, бо ман гапатона дониста занед, дар акси ҳол намебахшаматон!”

Боре гапам бо Падарҷон гурехта монд. Ӯ писхандомез ба ман гуфт: "Падарата меранҷонӣ писарам, боз дуоям туро нагирад!” Ин суханонро модарам шунида, оби дида кард. Таънаи ҳамсинф теғе буд ба ҷонам. Вале бо гузашти вақт тасодуф буд ё амри тақдир Падарҷон хоҳарамро ба занӣ гирифта, язнаам шуда монд. Акнун, ба гуфти ӯ, вай барои ман ҳам рафиқу ҳам "падар” ва ҳам язна аст. Ба хоҳарам шавҳару "падар”, ба модарам "падар”, "шавҳар” ва домод мешавад. Болои сӯхта намакоб, ман хоҳари ӯро ба занӣ гирифтам. Яъне бо "духтар”-и "падарҷон”-аму ба "хоҳар”-и худ издивоҷ намудаем.

Магар ин дуруст аст?

 

Номи паёмбарро

эҳтиром намекунанд

Умаршо Муродов,

сокини шаҳри Бохтар:

- Ба мушоҳида мерасад, ки як идда бачаҳо Муҳаммад ном доранд. Албатта, ин номи зебост ва ба хотири эҳтироми Паёмбари Худованд падару модар фарзандро чунин ном гузоштаанд. Пас онҳо ин номи бузургро бояд эҳтиром намуда, бо эҳтиёткорию меҳрубонӣ номи Муҳаммадро ба забон бигиранд. Нафарони соҳиби ин ном низ бо рафтору гуфтори хеш бояд сазовори чунин ном гарданд.

Аммо дар асл ин тавр нест. Бачаҳо баъзан бадфеъл ба камол расида, ба корҳои ношоиста, ба монанди майзадагӣ, дуздиву дилозорӣ даст мезананду ин номро сазовор нестанд. Падару модарон низ дар баъзе ҳолатҳо номи Муҳаммадро эҳтиром намекунанд. "Муҳаммад”-ҳои худро барои бадфеълию гапнодаро будан дашномҳои қабеҳ медиҳанд, ки ин гуноҳест азим. Пас, чаро Муҳаммадро, ҳарчанд фарзанди онҳост: "Худо ҷоната гирад Муҳаммад, ки аз ту халос шавам”, "Ошата хӯрам, Муҳаммад” , "Муҳаммади аҷалрасида”, "Муҳаммади кофири майзада” барин суханони нораворо мегӯянд? Магар ин эҳтиром ба номи Паёмбар аст?

Падару модарон қабл аз номгузории фарзандон бояд аввал биандешанд, ки чӣ гуна номҳо медиҳанд.

Ном барои шиноснома?

Х. Саидов, узви Иттиҳоди

журналистони Тоҷикистон:

-Ман зидди он нестам, ки баъзеҳо ба фарзандони худ номи бобою бибӣ, падару модари аз дунё гузаштаашонро мегузоранд. Ин ҳатто хуб аст, агар эҳтиром ба номи онҳо риоя гардад. Чанд нафареро медонам, ки ба фарзандони хеш чунин номҳо гузоштаанду ҳангоми муроҷиат ба кӯдак номи онҳоро ба забон намегиранд ва эшонро "Бобоҷон”, "Бибиҷон”, "Очаҷон”, "Отаҷон”, "Апаҷон” ном мебаранд. Талафузи ин "тахаллус”-ҳо одат шуда, номҳои болозикр ба фарзандон часпида мемонад.

Пас, номҳои аслӣ чӣ, танҳо дар шиноснома сабт мешаванду халос?

 

Хушдоман

аз келин ранҷид

С. Солеҳ, ноҳияи Кӯшониён:

-Дар рӯзи ҷанозаи ҳамсоя дар оилаи писари маит писарчае ба дунё омад. Ба ӯ номи падарро гузоштанд. Писарча мактабрав шудаю хеле шух аст. Ҳамин ки ӯ аз мактаб омад, китобҳояшро дар хона гузошта ба кӯча медавад. Дарсҳояшро тайёр намекунад, дар рӯзномааш баҳои "ду” ва "се” бисёр аст.

Барои ин, келини хона писарчаро назди хушдоман ҷанг карда, дуоҳои бад мекунад. Хушдоман номи шавҳарро аз забони келин шунида, аз дашномҳояш ранҷида, аламашро бо оби дида мебарорад: "Ту писарчаатро не, шавҳари маро дуо кардӣ”,- гӯён келинро сарзаниш мекунад...

 

Аз идора: Хонандагони азиз! Ба андешаҳои дар боло баёншуда шумо чӣ мегӯед? Ба ин баҳс ҳамроҳ шуда, фикру андешаҳои худро дар мавриди номгузорӣ ба фарзандон ба мо навишта фиристонед.

А. САТТОР,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

АГАР ҶАННАТ НАСИБАМ ГАРДАД, ОНРО БА ЗАВҶААМ МЕБАХШАМ

АГАР ҶАННАТ НАСИБАМ ГАРДАД, ОНРО БА ЗАВҶААМ МЕБАХШАМ

Ҳаёти иҷтимоӣ
Номи зебо-ними ҳусн

Номи зебо-ними ҳусн

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, САТТОР ҚАРАХОНОВ
Номи тифлро чӣ монем: Табару Гургак ё Абдурасул?

Номи тифлро чӣ монем: Табару Гургак ё Абдурасул?

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Келин ганда ё хушдоман?

Келин ганда ё хушдоман?

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
Дар 2015 ба фарзандатон чӣ ном мегузоред?

Дар 2015 ба фарзандатон чӣ ном мегузоред?

Маориф ва илм, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ