Дар як сатр
» » ҶАЗО БАРОИ СӮЙИҚАСД БА КӮШТОР

ҶАЗО БАРОИ СӮЙИҚАСД БА КӮШТОР

7-02-2020, 23:38

Сокини 52 солаи Ҷамоати шаҳраки «Киров»-и ноҳияи Вахш Нуриддин Сагатов бо ҷурми сӯиқасд ба одамкушӣ 9 сол равонаи маҳкама шуд. Мавсуф аз ҳисси рашк нисбат ба ҳамсараш гумонбар Н. Ҷумъаевро бо истифода аз корди хоҷагӣ захмдор мекунад.

Бинобар иттилои Зебуннисо Сатторзода, судяи Суди ноҳияи Вахш, маҳкумшуда Н. Сагатов аз соли 2002 ҳамроҳи Норқулова Муҳайё (Сагатова М.) бо бастани ақди никоҳ бо урфу одатҳои милливу динӣ оила барпо намуда, соли 2013 дар Ҷамоати шаҳраки "Киров”-и ноҳия ақди никоҳи худ-ро ба қайд гирифтаанд. Н. Сагатов давоми зиндагонии якҷоя бо Муҳайё Сагатова соҳиби се фарзанд шуд.

Нуриддин Сагатов бо гумони он, ки ҳамсараш бо шаҳрвандН. Ҷумъаев муносибати маҳрамона дорад,нахуст ин ҳолатро аз ҳамсари худ пурсон мешавад. Ҳамсараш изҳор мекунад, ки байни вай ва гумонбар ягон муносибате вуҷуд надорад. Аммо Н. Сагатов нақшаи сӯйиқасд ба ҷони Н. Ҷумъаевро тарҳрезӣ менамояд.

- Ҳамин тавр, рӯзе ӯ корди хоҷагиро бо худ гирифта, ба бозори мавсимии ҶДММ «Хоҷа Қудратулло»-и ноҳияи Вахш, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти "Машъал” меояд. Ӯ дар бозор Ҷумъаевро машғули азназаргузаронии сару либосҳои мардона дида, бо корд ӯро захмӣ мекунад. Бинобар дахолати шоҳидони ин ҳолат Н. Сагатов ҳаракатҳои қасдонаи худро ба охир расонида наметавонад, - афзуд раисикунандаи мурофиа Зебуннисо Сатторзода.

Тибқи хулосаи экспертизаи судӣ-тиббӣ Н. Ҷумъаев дар натиҷаи зарбаи корд ҷароҳатҳои ҷисмонии сабук ба саломатӣ бардоштааст. Бинобар ин бо дастрасии моддаи 32 қисми 3-104 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Нуриддин Сагатов ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 9 (нуҳ) сол, дар калонияи ислоҳии низомаш сахт таъйин карда шуд. Бо назардошти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф” аз чор як ҳиссаи ҷазо кам карда шудааст.

А. Ҳасан,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ҶАЗОИ МАРДИ ФОСИҚ

Ҳуқуқу амният

ҚОТИЛ АЗ ОЗОДӢ МАҲРУМ ШУД

Ҳуқуқу амният

НАШЪАҶАЛЛОБ ҶАЗОИ САЗОВОР ГИРИФТ

Ҳуқуқу амният
Занро шавҳараш кушт

Занро шавҳараш кушт

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният

Зӯроварӣ дар оила ҷавобгарӣ дорад

Хабарҳо