Дар як сатр
» » БАҲСҲОИ ОИЛАВӢ АФЗУДА ИСТОДААНД

БАҲСҲОИ ОИЛАВӢ АФЗУДА ИСТОДААНД

7-02-2020, 23:35

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки масоилу муносибатҳои оиладорӣ аз муҳимтарин мавзӯъҳои ҷомеа ба ҳисоб рафта, баҳсҳои вобаста ба бекор намудани ақди никоҳ, тақсими мерос, маскун кардани занони бесаробонмонда дахолати шахсони сеюм ва ҳаққу ҳуқуқҳои фарзандони оилаҳои пошхӯрда нисбат ба дигар баҳсҳои судӣ бештар мушоҳида мешаванд. Агар ба ҳисоботи солонаи Суди вилояти Хатлон назар афканем, дар соли 2019 аз чаҳор категорияи парвандаҳои ба судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон воридшуда, 55,7 дарсади онро парвандаҳои оилавӣ ташкил медиҳанд.

Тавре ки Рустам Мирзозода, раиси Суди вилояти Хатлон, зимни нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон иттилоъ дод, дар соли сипаригардида ба судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 2 ҳазору 847 адад парвандаҳои ҷиноятӣ, 13 ҳазору 673 адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, 3 ҳазору 191 адад парвандаҳои гражданӣ ва  15 ҳазору 722 адад парвандаҳои оилавӣ ворид гардидааст.

-  Нисбат ба соли 2018 теъдоди парвандаҳои оилавӣ 769 адад зиёд ворид шуда, аз шумораи умумии он 13 ҳазору 965 парванда баррасӣ гардида, 1392 адад аризаҳо бе баррасӣ мононда, 1063 адади онҳо дар истеҳсолоташон қатъ карда шудааст. Ҳамчунин, дар ин давра 1757 адад парвандаҳо боқӣ мондааст.

Ба гуфтаи Рустам   Мирзозода, бо мақсади маълумотнокӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинон зимни баррасии парвандаҳои оилавӣ 2226 мурофиа тариқи судҳои сайёр гузаронида шудааст, ки дар рафти он сокинони маҳаллаҳои воқеӣ иштирок намудаанд. Ҳамчунин, ҷиҳати пеш бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби судяҳои судҳои шаҳру ноҳия ва вилояти Хатлон 3453 маротиба бо аҳолии вилоят вохӯриҳои муфид гузаронида шудааст.

Мавриди зикр аст, ки сол аз сол зиёд шудани шумораи аризаву шикоятҳои сокинон ба унвонии ҳокимияти судии вилоят далели боло рафтани донишу маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аст, ки дар мавриди мушкилу нофаҳмиҳо бо судҳои шаҳру ноҳияҳо ба мо муроҷиат менамоянд. Бинобар маълумотҳои манбаъ дар соли 2019-ум  680 шикоятҳо ва эътирозҳои назоратӣ  ба Суди вилоят ворид гардидааст, ки аз ин 129 эътирозу шикоятҳо вобаста ба парвандаҳои оилавӣ мебошанд.

 

 Ҳасан АБДУРАҲИМЗОДА,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ҲАДАФ - ИСЛОҲИ КАМБУДИҲОИ ҶОЙДОШТА

Ҳуқуқу амният
Бекоршавии ақди никоҳ рӯ ба афзоиш аст

Бекоршавии ақди никоҳ рӯ ба афзоиш аст

Ҳаёти иҷтимоӣ
Оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ ҳанӯз нуқтаи ниҳоӣ нест

Оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ ҳанӯз нуқтаи ниҳоӣ нест

Ҳуқуқу амният
85 эътироз ба қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят

85 эътироз ба қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят

Ҳуқуқу амният
88,5%-и ҷиноятҳо ошкор шуданд

88,5%-и ҷиноятҳо ошкор шуданд

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР