Дар як сатр
» » ШАРОИТИ МУСОИДИ ТАҲСИЛ БАРОИ ДОНИШҶӮЁН

ШАРОИТИ МУСОИДИ ТАҲСИЛ БАРОИ ДОНИШҶӮЁН

7-02-2020, 23:34

Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар дар даврони соҳибистиқлолӣ рушду нумӯъ ёфта, соҳиби бинои тозабунёд гардид.

Дар муассисаи мазкур, айни замон, ҳафт шуъба, аз ҷумла шуъбаи кори момодоягӣ, кори табобатӣ, кори ҳамширагӣ, кори тиббии ташхисӣ, тиббӣ- профилактикӣ, дандонпизиш-кӣ ва фарматсевтӣ амал менамояд.

Директори коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар Аскар Нуриддинзода зимни нишасти матбуотӣ бо намояндагони ВАО иброз дошт, ки дар коллеҷи тиббӣ 302 нафар омӯзгорон фаъолият менамоянд, ки 5 нафарашон соҳиби дараҷаҳои илмӣ мебошанд. Теъдоди донишҷӯён 2888 нафар буда, аз ин шумора 2063 нафарро духтарон ташкил медиҳанд. Аз ҳисоби донишҷӯёни фаъолу аълохон як нафар донишҷӯ гирандаи стипендияи президентӣ, 3 нафар гирандаи стипендияи раиси вилоят, 2 нафар гирандаи стипендияи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи тандурустии вилоят ва 4 нафар гирандаи стипендияи ҲХДТ мебошанд.

Директори коллеҷи мазкур, ҳамчунин, ёдовар гардид, ки баъди бунёди бинои хуштарҳу замонавӣ дар назди муассиса аз ҳисоби даромадҳои шартномавӣ шароити таълиму тарбияи донишҷӯён беҳтар гардид. Шумораи синфхонаҳо ба 110 адад расида, 42-тои он тариқи қаблӣ ҷиҳозонида шудааст, ки донишҷӯён дар ин синфхонаҳо малакаи касбии худро баланд мебардоранд. Ҳуҷраҳои қаблии бинои нав бо ҳама асбобу айёниятҳои таълимии муосир, аз қабили муляжҳо барои азхуд намудани фанҳои анатомия ва физиологияи одам, расонидани ёрии аввалияи тиббӣ барои кӯдакон ва калонсолон, симулиятори зани зоянда ва асбобҳои тиббӣ, аёниятҳо барои гузаронидани машғулиятҳо аз фанни ҷарроҳӣ, 14 синфхонаи лексионӣ бо тахтаҳои электронӣ барои гузаронидани лексияҳо, 29 ҳуҷра барои фанҳои таълимӣ, 25 синфхона барои фанҳои дақиқ, аз ҷумла 4 синфхонаи компютерӣ, 1 синфхонаи лингафонӣ барои фанни забони англисӣ, 2 лабораторияи шуъбаи дандонсозӣ, як маркази тестӣ ва ғайра барои азхудкунии дониш муҳайё карда шудааст. Китобхонаи коллеҷ дорои 17500 китобҳои таълимӣ - тахассусӣ ва бадеӣ мебошад. Танҳо таи як соли охир ба китобхонаи коллеҷ 1100 адад китобҳои бадеӣ ва 880 адабиётҳои таълимӣ -тахассусӣ ворид карда шудааст. Сессияи зимистонаи донишҷӯён дар маркази нав-ташкили тестии коллеҷ гузаронида шуд. Ҷамъбасти сессияи зимистона нишон дод, ки азхудкунии дониши донишҷӯён 99,8 фоиз буда, нисбати соли гузашта 0,7% зиёд аст. Дастовардҳои донишҷӯён дар мусобиқаҳои варзишӣ низ назаррас мебошад. Сорбон Шарипов, Исмоил Гулмаҳмадов, Анасултан Аннаева аз зумраи он донишҷӯёне мебошанд, ки дар мусобиқаҳои варзишӣ натиҷаҳои хуб ба даст оварда, соҳиби ширкат дар чемпионати Осиё, спартакиадаи Осиёи Миёна гардидаанд. Донишҷӯи бахши дуюми кори момодоягӣ Ширини Мирбадал дар озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ...” ширкат варзида, соҳиби диплом гардид.

Тавре ки зимни нишасти матбуотӣ равшан гардид, дар арафаи Соли нави мелодӣ аз ҷониби маъмурияти коллеҷ ба 27 нафар донишҷӯёни ятими кулл кумакҳои моддӣ расонида шуд. Ҳамчунин, ба як қатор ташкилотҳои ҷамъиятии маъюбон пайваста кумакҳои моддӣ расонида мешавад.

ВАХШОНА,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Кӯлоб: Коллеҷи санъат мақоми ҷумҳуриявӣ гирифт

Маориф ва илм
Ифтитоҳи коллеҷи технологӣ - фармасевтии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон

Ифтитоҳи коллеҷи технологӣ - фармасевтии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон

Ҳокимияти давлатӣ
Бунёди иншоотҳои ҷашнӣ

Бунёди иншоотҳои ҷашнӣ

Иқтисоду тиҷорат
ДДК: 2 рисолаи докторӣ ва 16 рисолаи номзадӣ омодаи дифоъ аст

ДДК: 2 рисолаи докторӣ ва 16 рисолаи номзадӣ омодаи дифоъ аст

Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ифтитоҳи коллеҷи милитсия дар Кӯлоб

Ифтитоҳи коллеҷи милитсия дар Кӯлоб

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА