Дар як сатр
» » КОРОНАВИРУС ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРӢ АЗ ИН БЕМОРӢ

КОРОНАВИРУС ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРӢ АЗ ИН БЕМОРӢ

7-02-2020, 23:33

Коронавирусҳо аз оилаи тоҷвирусҳо буда, то соли 2020-ум 39 намуди он маълум аст, ки дар 2 зероила муттаҳид мешаванд. Тоҷвирусҳо одам, парандаҳо, саг, ҳайвоноти калони шохдор, хук ва гурбаҳоро бемор мекунад. Бори аввал ин вирус соли 1965 кашф карда шуд, ки он аз геноми як занҷираи якқатораи КРН-и мусбат иборат мебошад. Ин бемориро ба хотири он Коронавирус ном гузоштаанд, ки геноми ин вирус (геном маҷмаи маводҳои ирсӣ) бо капсиди сафедаю чарбдори монанди сари сӯзанаки хордор иҳота шудааст, ки бо тоҷ монандӣ дорад (Капсид - пардаи болопӯши вирус).

Тоҷвирусҳо узвҳои роҳҳои нафас, ҳозима ва асабро бемор мекунанд. Ҳангоми ворид шудани вирус ба роҳҳои нафас аз рафтани оби бинӣ сар мешавад ва дар кӯдакон бошад, илтиҳоби шушҳо ва бронхҳоро ба вуҷуд меорад. Штамми коронавируси роҳҳои нафас ОС38, ОС43 ва узвҳои ҳозима 229Е аст ва тоҷвируси нави Ухан (шаҳри маъмурияти Ҳубейи мамлакати Чин) аз тарафи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, чун 2019-nCO ном гузошта шудааст.

Коронавируси нав аввалин бор дар Арабистони Саудӣ соли 2012 ба қайд гирифта шуда буд. Тоҷвируси нав ба  «Алоими шадиди респиратории Осиёи наздик» ном монда шудааст, ки сабаби бемориҳои шадид ва фавти одамон дар баъзе аз мамлакатҳои Араб шуда буд. Бештар ба ин беморӣ одамони масунияташон суст, илтиҳоби музмини шуш, бемории қанд ва бемориҳои музмини гурдаҳо гирифтор мешаванд. Роҳҳои гузариши ин вирус, асосан, ба тариқи ҳавоӣ-қатрагӣ сурат мегирад.

Имрӯз коронавирусе, ки дар мамлакати Чин  ба қайд гирифта шудааст, як мавзӯи асосӣ дар соҳаи тандурустӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Тибқи маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ коронавируси нав ба кадом роҳҳо ба одамон сироят меёбанд, то ҳол маълум нест. Мутахассисони чинӣ бошанд, роҳҳои гузариши вирусро аз одам ба одам тасдиқ кардаанд.

Дар ИМА барои баровардани ваксина бар зидди ин беморӣ шурӯъ намудаанд. Дар Росия бошад, рӯзҳои наздик тестҳои оҷилӣ барои муайян намудани ин беморӣ бароварда мешавад.

Коронавирус чист?Роҳҳои паҳншавӣ, аломатҳои беморӣ ва табобат

Тибқи нишондодҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) оид ба чӣ тавр сироят ёфтан ва манбаи табиии ин беморӣ то ҳол маълум нагардидааст. Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ мамлакатҳои чаҳонро ба он даъват намуд, ки оид ба пешгирии паҳншавии ин бемории сироятии коронавирусӣ тамоми чораҳоро андешанд. Ин намуди бемории вирусӣ дар шаҳрҳои Пекин (дар самти шимол), Шанхай (самти шарқ) ва Шенчжене (самти ҷануб) паҳн гардидааст. Аввалин ҳодисаи ин намуди беморӣ моҳи декабр дар қисмати марказии кишвари Чин, шаҳри Ухан ба кайд гирифта шуд.

Санаи 20 январи соли 2020 олимони чинӣ тибқи комиссияи миллии тандурустӣ тасдиқ намуданд, ки бемории коронавирус аз одам ба одам мегузарад. Табобати беморони бо коронавирус сироятёфтаро Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ бо истифодаи антибиотикҳои таъсирашон баланд, глюкокортикостероидҳо ва доруҳои зиддивирусӣ  тавсия медиҳанд. Табобати ин беморон дар беморхонаҳои бемориҳои сироятӣ ё шуъбаҳои бемориҳои сироятӣ гузаронида мешаванд.

Коронавирус чӣ гуна вирус аст?

Асосан, аз коронавирус (тоҷдор) саг, муши паррон ва парандагон сироят меёбанд. То ин дам аз шаш намуди коронавирусҳо инсон сироят ёфтааст.

Аломатҳои асосии ин беморӣ баландшавии ҳарорати бадан, сулфа ва нафастангӣ мебошад, ки ин аломатҳо дар бемориҳои шадиди роҳҳои нафас ва зуком низ мушоҳида мегардад. Инчунин, ҳангоми сироятёбии узвҳои ҳозима, ба монанди зукоми рӯдаҳо аломатҳои дарунравӣ, дилбеҳузурӣ ва қайкунӣ дида мешавад.

Пешгирӣ намудани бемории коронавирус. Тавсияи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ.

1. Шустани муттасили (тез-тез) дас-тон бо антисептикҳои спиртӣ ё собун ва об.

2. Ҳангоми сулфидан ва атсазанӣ  даҳон ва биниро бо дастпоккунаки яккарата пӯшонда, баъдан рӯймолчаи истифодашударо партофта, дастонро шустан лозим.

3. Аз одамоне, ки нишонаҳои табларза ва сулфа доранд, дурӣ ҷустан лозим аст.

4. Агар ҳарорати баланд, табларза, сулфа, нафаскашии душвор дошта бошед, ба ёрии тиббӣ муроҷиат намуда,  дар бораи таърихи ҳаракатҳои худ ба муассисаҳои тиббӣ хабар диҳед.

Дар фурудгоҳҳои Россия ва инчунин, дар ҷумҳурии мо ҳам оид ба пешгирӣ ва паҳншавии бемории коронавирусӣ як қатор чораҳои зиддиэпидемикӣ гузаронида шуда ба воситаи тепловизорҳо ҳарорати бадани мусофирон санҷида мешавад. Ҳангоми баланд будани ҳарорати бадан онҳо дар шуъбаҳои бемориҳои сироятӣ бистарӣ ва муддати 14 рӯз таҳти тобобати табибон қарор дода мешаванд.

Дар вилояти Хатлон низ, аз  тарафи директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят ба ҳамаи муассисаҳои табобатию профилактикӣ баҳри пешгирӣ ва пайдоиши бемории коронавирусӣ оид ба захира намудани маводҳои худмуҳофизаткунанда ва таъмин намудани маводҳои дезинфексионӣ амрномаҳо ва пешниҳодҳои санитарӣ ирсол карда шуданд.

Барои муайян намудани ташхиси коронавирус ба тарзи озмоишгоҳӣ намунаҳо, аз бинию гулӯ ҳангоми сироятёбии узвҳои болоии роҳҳои нафас, балғам ҳангоми сироятёбии узвҳои поёнии роҳҳои нафас, зардобаи хун ва ахлот ҳангоми сироятёбии узвҳои ҳозима гирифта мешавад.

 

К.Абдураҳимзода,

директори САДСЭ-и вилояти Хатлон




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Хатари сироятёбии муҳоҷирони меҳнатӣ ба внмо афзудааст

Хатари сироятёбии муҳоҷирони меҳнатӣ ба внмо афзудааст

Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА

Бемории ҳорӣ ва оқибатҳои он

Тандурустӣ ва экология
Рӯзҳои эмгузаронӣ бар зидди сурхча

Рӯзҳои эмгузаронӣ бар зидди сурхча

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Дар эмгузаронӣ фаъол бошед

Дар эмгузаронӣ фаъол бошед

Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
559 мубталои бемориҳои сироятӣ

559 мубталои бемориҳои сироятӣ

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА