Дар як сатр
» » ҚАРЗДОРӢ АЗ МУЗДИ МЕҲНАТ БОҚӢ МЕМОНАД

ҚАРЗДОРӢ АЗ МУЗДИ МЕҲНАТ БОҚӢ МЕМОНАД

7-02-2020, 23:31

Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1-уми декабри соли 2019 қарздорӣ аз музди меҳнат дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба 6,2 миллион сомонӣ мерасад, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 488,9 ҳазор сомонӣ коҳиш ёфтааст.

Бинобар гуфтаи Қ. Яқубҷонзода, сардори Раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон, қарздории бештар, асосан,  дар соҳаҳои саноат 5,3 миллион сомонӣ, об-344,6 ҳазор сомонӣ, коммуналӣ-190,5 ҳазор сомонӣ, алоқа-146,8 ҳазор сомонӣ, кишоварзӣ-107,1 ҳазор сомонӣ рост меояд.

- Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки 87 дарсади қарздории музди меҳнат аз ҳисоби  баъзе корхонаҳои азими саноатие мебошад, ки аз фаъолият бозмондаанд ва ё бо сабаби ба фурӯш нарафтани маҳсулоти истеҳсолнамудаашон музди меҳнати коргарони худро напардохтаанд. Дар мисоли ҶСК «Тоҷик-Азот» ё худ «Нуриҳои Осиё»-и шаҳри Левакант, ки қарз аз музди меҳнати кормандонаш 2 миллиону 517 ҳазору 21 сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин, дар ин давра қарздорӣ аз музди меҳнат дар ҶСШК «Тоҷикхимпром»-и ноҳияи Ёвон 517 ҳазору 931 сомонӣ, ҶДММ «Талко- Кемикал» 88 686 сомонӣ ва "Бохтаргаз”-и шаҳри Бохтар 167 ҳазор сомониро ташкил медиҳад,- гуфт Қ. Яқубҷонзода.

Масъулони Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон зимни нишас-ти матбуотӣ изҳор доштанд, ки  дар соли гузашта фаъолияти 369 субъектҳои хоҷагидорӣ, аз ҷумла 270 ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва 99 ташкилоти хусусӣ ва ҷамъиятҳои шакли гуногун  мавриди санҷиш қарор дод. Дар натиҷаи санҷишҳо 1367 ҳолати қонунвайронкуниҳо ошкор гардида, барои содир гардидани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар соҳаи меҳнат,  муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар умум, нисбат ба 50 нафар корфармоён ва масъулони корхонаю ташкилотҳо  ҷарима дар ҳаҷми умумии  56 ҳазору 450 сомонӣ таъйин карда шуд.

- Дар маҷмӯъ,  соли 2019 бо дахолати Раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон беш аз 9 миллиону 486 ҳазор сомонӣ ба буҷети давлатӣ ва шаҳрвандон пардохт карда шудааст, ки аз ин 8 миллиону 865 ҳазору 939 сомонии онро қарз аз музди меҳнат ташкил медиҳад.

 

Ҷ. САЙФИДДИН




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

57 корфармо ҷаримабандӣ шуд

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ҳаққи хизмати обрасонӣ  дар 1 гектар замин 65, 5 сомонӣ

Ҳаққи хизмати обрасонӣ дар 1 гектар замин 65, 5 сомонӣ

Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР
Нақшаи умумии андозҳо 102% иҷро гардид

Нақшаи умумии андозҳо 102% иҷро гардид

Иқтисоду тиҷорат
Қарздорӣ аз музди меҳнат

Қарздорӣ аз музди меҳнат

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Муъминобод. 69,3%-и буҷет барои маош

Муъминобод. 69,3%-и буҷет барои маош

Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА