Дар як сатр
» » 164 ТАШКИЛОТИ ҶАМЪИЯТӢ БАРҲАМ ХӮРД

164 ТАШКИЛОТИ ҶАМЪИЯТӢ БАРҲАМ ХӮРД

7-02-2020, 23:29

Дар Раёсати адлияи вилояти Хатлон 548 ташкилоти ҷамъиятии маҳаллӣ, 18 намояндагӣ ва 104 филиали ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ дар қайд буда, соли гузашта 164 ташкилоти ҷамъиятӣ бинобар вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ ва оинномавӣ барҳам дода шудааст.

С. Салимзода, сардори Раёсати адлияи вилояти Хатлон, зимни нишасти матбуотӣ зикр намуд, ки дар самти хизматрасонии шахсони ҳуқуқӣ ва идораҳои нотариалии давлатии вилоят дар ин давра 101 ҳазору 451 адад амалиёти нотариалӣ гузаронида, ба маблағи 9 миллиону 623 ҳазору 510 сомонӣ боҷи давлатӣ рӯёнида шудааст, ки назар ба соли гузашта 502 ҳазору 623 сомонӣ зиёд мебошад.

Аз тарафи мутахассисони бахши бақайдгирии давлатии ташкилотҳои ҷамъиятӣ, кор бо ҳизбҳои сиёсӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Раёсати адлияи вилояти Хатлон фаъолияти 71 ташкилоти ҷамъиятӣ мавриди санҷиш қарор ёфт. Ба масъулони 39 ташкилоти ҷамъиятии маҳаллӣ бинобар сабаби вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ ва оинномавӣ огоҳиномаи хаттӣ дода шуд.

- Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи-кистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ташкилотҳои шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Фархор, Шамсиддин Шоҳин, Дӯстӣ, Шаҳритуз, Қубодиён ва Носири Хусрав мавриди баррасӣ қарор дода шуд, - зикр намуд сардори Раёсати адлияи вилояти Хатлон.

Комрони БАХТИЁР,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ҚАРЗДОРӢ АЗ МУЗДИ МЕҲНАТ БОҚӢ МЕМОНАД

Ҳаёти иҷтимоӣ
БУНЁДИ 24 КИТОБХОНА БА НАҚША ГИРИФТА ШУДААСТ

БУНЁДИ 24 КИТОБХОНА БА НАҚША ГИРИФТА ШУДААСТ

Фарҳанг ва адабиёт
Корҳои сохтмонӣ пас аз маблағгузорӣ оғоз карда мешаванд

Корҳои сохтмонӣ пас аз маблағгузорӣ оғоз карда мешаванд

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, КОМРОНИ БАХТИЁР
139 ташкилоти ҷамъиятӣ барҳам хӯрд

139 ташкилоти ҷамъиятӣ барҳам хӯрд

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
«Фидокор» робитаро бо ҷомеа густариш медиҳад

«Фидокор» робитаро бо ҷомеа густариш медиҳад

Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА