Дар як сатр
» » ҶАМЪОВАРИИ АНДОЗ 114,1 МИЛЛИОН СОМОНӢ ЗИЁД ИҶРО ШУДААСТ

ҶАМЪОВАРИИ АНДОЗ 114,1 МИЛЛИОН СОМОНӢ ЗИЁД ИҶРО ШУДААСТ

7-02-2020, 23:28

Танҳо дар моҳи январи соли 2020 дар вилояти Хатлон 39 нафар кормандони соҳаи андоз аз вазифа сабукдӯш карда шуданд.

Дар ин бора Солеҳзода Абдурозиқ, муовини сардори Раёсати андози вилояти Хатлон, зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. Дар соли 2019 бошад, зиёда аз 150 корманди идораҳои андози шаҳру ноҳияҳои вилоят, бинобар бемасъулиятӣ ва дуруст иҷро накардани вазифаҳои хизматӣ, аз вазифаҳои хеш маҳрум гардиданд.

Тавре ки иттилоъ дода шуд, дар соли 2019 иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 100,1% таъмин гардид. Дар натиҷа, ба ҷойи як миллиарду 464 миллиону 905,2 ҳазор сомонии пешбинигардида, ба буҷет як миллиарду 467 миллиону 59,6 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд. Ин нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 2,2 миллион сомонӣ зиёд буда, нисбат ба маблағҳои дар ҳамин давраи соли 2018  ҷамъоваригардида ба андозаи 142,1 миллион сомонӣ, ё худ 10,7% бештар мебошад.

Ба гуфтаи Абдурозиқ Солеҳзода, соли 2019 аз уҳдаи нақшаи андозҳо нозироти андоз дар шаҳру ноҳияҳои Вахш (99%), Қубодиён (89%), Абдураҳмони Ҷомӣ (80%), Ҷайҳун (94%), Панҷ (93%) ва Шаҳритуз (97%) баромада натавонистанд. Ҳашт ноҳия иҷрои нақшаи андози иҷтимоиро аз ҳисоби корхонаҳои буҷетӣ таъмин накарданд. Аз ҷумла, Кӯшониён 98%, А. Ҷомӣ 78%, Панҷ 64%, Ёвон 92%, Ҳамадонӣ 97%, Ховалинг 82% ва Норак 92% таъмин намуданд, ки дар маҷмӯъ, аз ҳисоби ноҳияҳои зикршуда ба буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 11,5 миллион сомонӣ ворид нагардид.  

Дар баробари ин, дар давраи ҳисоботӣ дар вилоят иҷрои нақшаи ду намуди андозҳо таъмин нагардид. Аз ҷумла, аз арзиши иловашуда 83% ва андози иҷтимоӣ аз ҳисоби корхонаҳои ғайрибуҷетӣ 97% таъмин гашт, ки дар натиҷа аз ин ҳисоб ба буҷет 61,2 миллион сомонӣ ворид нашуд.

Аз маълумоти ҷойдошта бармеояд, ки то аввали моҳи январи соли 2020 бақияи қарзи андозҳо дар сатҳи вилоят 168,9 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали соли ҷорӣ ба маблағи 14,1 миллион сомонӣ кам карда шудааст. Дар сатҳи 21 шаҳру ноҳия дар алоҳидагӣ 15,8 миллион сомонӣ бақияи қарзи андозҳо кам гардида бошад ҳам, мутаассифона, дар чор шаҳру ноҳияҳо ба маблағи 1,7 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Яке аз сабабу омилҳои сифатан таъмин нагардидани нақшаи намудҳои алоҳидаи андоз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аз як тараф дар сатҳи зарурӣ дуруст ба роҳ намондани маъмурикунонии андозҳо бошад, аз тарафи дигар дуруст ба инобат нагирифтани манбаъҳои воқеии андозбандӣ дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳо асос шуда метавонад. Гарчанде ки соли сипаригардида дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҳисоби сифатан таъмин нашудани нақшаи андозҳо ба буҷет 111,5 миллион сомонӣ ворид нагардида бошад ҳам, аз ҳисоби нақшаҳои пешбинишудаи дигар намуди андозҳо дар миқёси вилоят 114,1 миллион сомонӣ барзиёд ҷамъоварӣ карда шудааст.

Ҳангомаи ИСМАТ,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ЁВОН. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ  ДОХИЛӢ МЕАФЗОЯД

ЁВОН. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ ДОХИЛӢ МЕАФЗОЯД

Иқтисоду тиҷорат

Нақшаи андозҳо дар Норак 111,6% иҷро гардид

Хабарҳо
Нақшаи умумии андозҳо 102% иҷро гардид

Нақшаи умумии андозҳо 102% иҷро гардид

Иқтисоду тиҷорат
Муҳлати даъвои 36,7 миллион сомонӣ «қарзҳои беэътимод» гузаштааст

Муҳлати даъвои 36,7 миллион сомонӣ «қарзҳои беэътимод» гузаштааст

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Нақшаи ҷамъоварии андоз - 115%

Нақшаи ҷамъоварии андоз - 115%

Хабарҳо