Дар як сатр
» » ҚИССАИ ИБРАТОМӮЗИ САПАРГУЛ

ҚИССАИ ИБРАТОМӮЗИ САПАРГУЛ

7-02-2020, 23:27

Вақте модар мегӯем, пеши назари ҳар яки мо симои зане, ки фарзанд ба дунё меораду дар тарбияаш асос мегузорад, намудор мегардад…

Аммо агар хубтар андеша кунем, ин тавр нест. Зеро вазифаи модар бо тавлиди тифлон анҷом намеёбад. Модар ҳамонест, ки баробари таълиму тарбия, барои солимии фарзанд, барои соҳибҳунару соҳибном шудани ӯ талош мекунад. Баъзан аз рӯи диду таҷрибаҳо бо заноне низ вохӯрдан мумкин аст, ки Худованд барои онҳо тавлиди фарзандро насиб нагардонидааст, вале муҳаббату дилсӯзӣ, талошу аз худгузаштанҳои онҳоро дида садҳо маротиб метавон арзандаи номи бузурги модар номид. Рисолати анҷомдодаи ин қабил занон шоистаи таҳсину офарин аст. Қаҳрамони навбатии мо аз зумраи ҳамин гуна модарон аст.

Гаппарова Сапаргул аз оилаи турк-мантаборони Ҷамоати деҳоти "Гардӣ Гулмуродов”-и ноҳияи Дӯстӣ аст. Дар як чорабинии ноҳия, ки ҳунармандони туркмантабор иштирок доштанд, Сапаргул низ маҳсули ҳунарашро ба намоиш гузошта буд. Симои зебо, нигоҳи гарми дар ҳақиқат пурмеҳри модаронаи ӯ маро аз байни садҳо зани ҳунарманд ба сӯяш бурд. Аз гуфтораш маълум буд, ки зани ботамкин ва тарбиятдида аст. Ман баъди шиносоӣ ба ҳунараш дида дӯхтам, сумкаҳои бо дастгоҳи қолинбофӣ омодашуда, ҷомаҳо ва камзӯлҳои туркманӣ ва умуман, ҳар ҳунаре, ки бо ришта бофта мешавад, маҳсули дастони Сапаргул буанд, ки бо хубӣ аз уҳдааш баромадааст. Баъди хубтар ошно шудан бо Сапаргули 62-сола хостам донам, ки ин зани шоиста чанд фарзанд дорад ва оё фарзандонаш низ ин ҳунарро аз худ кардаанд. Баробари пурсидан, пушаймон шудам, зеро Сапаргул боре ҳам фарзанд ба дунё наоварда будааст. Вале ӯ ғамашро бо ханда ва шукргузорӣ аз фарзандони ба воя расонидааш бароям изҳор кард.

Сарнавишти Сапаргул хеле печидаву аҷиб аст. Ӯро волидонаш ба марде ба шавҳар медиҳанд, ки ҳамсараш ҳангоми таваллуди фарзанд аз дунё мегузарад. Чи хеле, ки ҳамагон медонанд, солҳои пешин қадру қимати муаллим дар деҳа баланд буд. Ин марди занмурда ҳам муаллими номдори деҳа будааст ва ба хотири эҳтирому қадраш Сапаргулро ба ӯ медиҳанд. Шояд волидони Сапаргул бо боварии комил ба тарбияи додаашон, ӯро ҳамқисмати марде месозанд, ки даҳ фарзанди ятим дошт. Сапаргул гирди домони пурмуҳаббату пурнавозишаш ин даҳ фарзанди муаллимро, ки аз ҳама хурдаш се сол дошт, ба воя расонида, соҳиби хонаву дар мекунад. Ҳамсараш омӯзгорӣ мекунаду Сапаргул бо ҳунари қолинбофиаш, ки аз модар омӯхта буд, даҳ фарзанди шавҳарро мехӯронаду мепӯшонад. Сапаргул умри қурбонкардаи хешро андеша намекунад, танҳо бо шодии беҳаду канор мегӯяд, ки онҳо ӯро "Оча” гӯён садо мекунанд ва ҳамин барояш кофист.

- Баробари садо кардани калимаи "Оча” ҳама дарду ғами бенаслии хешро фаромӯш месозам”- мегӯяд Сапаргул Гаппарова. Ман соҳиби қариб панҷоҳ набера ҳастам. Қисмаш домоду қисми дигараш арӯс шудаанд. Маро эҳтиром намуда, кӯшиш мекунанд, ки ман эҳсоси баде накунам. Аз ин рӯ, фикр мекунам, ки рисолати як модарро тавонистам ба хубӣ ба анҷом расонам.

Ҳунари қолинбофии Сапаргулро фарзандону набераҳояш аз худ кардаанд. Маҳсули дастони аҳли оила пешкаши фармоишгарон мегардад. Дар хона ба ҳамсояҳо қолинбофиро меомӯзонад, то ҳунари аз модар ба худ мерос гирифтааш аз байн наравад.

Ҳангомаи ИСМАТ,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ЧОДАРИ ДӮХТАИ БИБИМОҲ ЯК ШОҲАСАР АСТ

ЧОДАРИ ДӮХТАИ БИБИМОҲ ЯК ШОҲАСАР АСТ

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
ҲАМШИРАИ ҲУНАРМАНД

ҲАМШИРАИ ҲУНАРМАНД

Тандурустӣ ва экология
Қаламзане аз «Тахти сангин»

Қаламзане аз «Тахти сангин»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Ҷуфти ҳамдилу ҳамандеш

Ҷуфти ҳамдилу ҳамандеш

Хабарҳо, Чеҳранигорӣ, Мусоҳибаи мо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Шаш нақши муҳими зан

Шаш нақши муҳими зан

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт