Дар як сатр
» » БА КОРКАРДИ МАҲСУЛОТИ ХОМ НИЁЗ ДОРЕМ

БА КОРКАРДИ МАҲСУЛОТИ ХОМ НИЁЗ ДОРЕМ

7-02-2020, 23:26

Бинобар мавҷуд набудани корхонаҳои коркарди пашму пӯст дар ҳудуди вилояти Хатлон солҳои охир пашму пӯсти хоҷагиҳои зотпарварӣ ба фурӯш нарафта истодааст.

Тавре аз суҳбат бо чорводорони собиқадор маълум мегардад, то солҳои 1990-уми асри гузашта пашму пӯсти хоҷагиҳои зотпарварӣ ва чорводорони инфиродиро Корхонаи истеҳсоли чарми ноҳияи Кӯшониён харидорӣ мекард, ки ҳозир аз фаъолият мондааст. Баъдан, пӯсти чорвои калони шохдорро тоҷирони дохилӣ харидорӣ намуда, бидуни коркард ба дигар кишварҳо содир мекарданд. Ҳамин тавр, то имрӯз маҳсулоти хоми пашму пӯст аз вилояти Хатлон ба нархи арзон ба хориҷ аз кишвар бароварда мешавад. Ин дар ҳолест, ки дар бозорҳои кишвар сарулибоси чармӣ ва дигар маҳсулоти аз пашму мӯяи хушсифат истеҳсолкардаи киш-варҳои хориҷӣ арзиши баланд дорад.

Дар ноҳияи Вахш, ки ҳудуди майдонҳои чарогоҳҳои он ба 60 ҳазор гектар мерасад, дар қатори хоҷагиҳои бузурги зотпарварӣ чорводорони мустақил низ ба парвариши чорвои калони шохдор ва гӯсфандони хушзот машғуланд. Чорводорон умед доранд, ки дар марҳилаи саноатикунонии босуръати кишвар соҳибкорон корхонаҳои коркарди пашму пӯстро бунёду ба истифода медиҳанд ва ба ин васила ин маҳсулоти хушсифати маҳаллӣ харидори худро пайдо мекунад.

Шералӣ Сатторов, сарму-ҳосиби филиали Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Дарё»-и ноҳияи Вахш, иброз медорад, ки барои рушди соҳаи чорводорӣ ва афзоиши саршумори чорво дар вилоят, пеш аз ҳама, заминаи хӯроки табиӣ ва маҳсулоти серғизоро фароҳам бояд сохт. Иловатан, корхонаҳои хурди коркарди пашму пӯст ва истеҳсоли маҳсулоти ширу гӯштро бунёд намуда, бозорҳои дохили кишварро бо маҳсулоти хушсифату арзон таъмин кардан ба манфиати кор аст.

-Дар хоҷагии зотпарварии мо 890 сар чорвои калони шохдор, аз ҷумла 218 сар гови ҷӯшоӣ нигоҳубин карда мешавад. Соли 2019 ба ҳисоби миё-на аз ҳар сар гови ҷушоӣ 1095 литр шир гирифтаем, ки ин қаноатбахш нест. Зеро саршумори асосии чорвои хоҷагии моро говҳои зоти «Шведу зебумонанд» ташкил медиҳанд, ки дар асл шири зиёд медиҳанд, - мегӯяд Ш. Сатторов.

- Аз 613 гектар заминҳои тобеи филиали ҶДММ «Дарё»-и ноҳияи Вахш дар 200 гектари он юнучқаи хушсифат парвариш меёбад. Масъулони хоҷагӣ ба хубӣ дарк намудаанд, ки барои рушди минбаъдаи хоҷагии зотпарварӣ бояд коргоҳҳои хурди коркарди хӯроки сер-ғизои чорво ва корхонаи истеҳсоли  маҳсулоти ширӣ дошта бошанд. Зеро дар шароити кунунии иқтисодӣ дар нисбат ба истеҳсолкунандагони маҳсулоти хом корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти тайёр фоидаи бештар меёбанд.

Дар ҳамин ҳол чорводорони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ изҳори нигаронӣ доранд, ки бинобар пайдо нашудани харидори  пашму пӯст солиёни зиёд аст, ин навъ маҳсулоти хоми гаронарзишро несту нобуд мекунанд. Аҳлиддин Мирзоев, яке аз чорвопарварони собиқадори ин ноҳия, иброз медорад, ки ҳанӯз 10-15 сол қабл аз ҳисоби фурӯши пашм фоидаи зиёд ба даст меовардем. Дар мавсими тароши чорвои майда кироякоронро ҷалб намуда, барои тароши ҳар сари бузу гӯсфандони хоҷагӣ 3 сомонӣ ҳақмузд мепардохтем. Аммо солҳои охир, бинобар пайдо нашудани харидорони пашм ин маҳсулоти хоми саноатӣ дар анборҳо пӯсида, баъдан несту нобуд карда мешаванд.

Аз таҳлилҳои оморӣ оид ба истеҳсоли гӯшт дар вилояти Хатлон бармеояд, ки солона дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят ба ҳисоби миёна 14-15 ҳазор сар чорвои калони шохдор забҳ карда мешавад. Мусаллам аст, ки дар сурати коркарди ин миқдор пӯсти чорвои калон метавон  ҳазорҳо метр маҳсулоти чармӣ истеҳсол намуд.

Аммо, бинобар мавҷуд набудани корхонаҳои коркарди пӯсту коргоҳҳои истеҳсоли пойафзолу либос ва дигар абзори чармӣ, маҳсулоти хоми онро бо нархи арзон ба хориҷ аз кишвар содир намуда, ба ивази он маҳсулоти тайёри чарминро бо арзиши гарон харидорӣ мекунем.

 

Ҷамолиддин САЙФИДДИН




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Хӯроки чорво яке аз омилҳои тараққиёти соҳаи чорводорӣ

Арсаи кишоварзӣ
Дар Хатлон чорводорӣ рушд меёбад

Дар Хатлон чорводорӣ рушд меёбад

Арсаи кишоварзӣ
Вахш. Истеҳсоли маҳсулоти ширӣ зиёд мешавад

Вахш. Истеҳсоли маҳсулоти ширӣ зиёд мешавад

Иқтисоду тиҷорат
Иштирок дар ярмаркаи фурӯши чорво ва маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон

Иштирок дар ярмаркаи фурӯши чорво ва маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ
Темурмалик корхонаи пашму пӯст месозад

Темурмалик корхонаи пашму пӯст месозад

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, ҒАЙБУЛЛО ҲАЛИМОВ