Дар як сатр
» » МАН БА КӢ ОВОЗАМРО МЕДИҲАМ?

МАН БА КӢ ОВОЗАМРО МЕДИҲАМ?

7-02-2020, 23:24

МАН БА КӢ ОВОЗАМРО МЕДИҲАМ?

Шояд ин навиштаҳо пайдо намешуданд, агар  баҳси  ду зани ҳамсояамро, ки  солҳо  дугонаему  бо ҳам рафтуо дорем,  намешунидам. Онҳо бо ҳам дар бораи  интихоботи  дарпешистодаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва маҷлисҳои  маҳаллии вакилони халқ, чӣ тавр гузаштану шаффофияти он, тарзи овоздиҳӣ ва ба кадом номзад дониста овоз додан, то дар оянда пӯшаймон нашаванд, бо ҳам  баҳсу мунозира  доштанд. Ман, ки ҳамчун омӯзгор на як бору ду бор дар интихоботҳо ширкат доштаму таҷрибаи кофие дар ин бобат андӯхтаам, хомӯш истода, охири баҳсро интизор будам. Ҳар баҳскунанда худро ҳақ шуморида, фикри худро гузарониданӣ мешуд.

-Муаллим, чаро шумо-омӯзгорон,  ки қариб сад фоиз мутасаддии шаффоф гузаштани интихобот ҳастед, ба баҳси мо ҳамроҳ  нашудаву доварӣ накарда, хомӯшед? - суол кард ба ман  зани аввала, ки  ӯ баҳсро ба миён оварда буд.

- Дугона, аз рӯйи одоб нест, ки  ба миёни баҳси шумо бемуроот «меҳмон»-и нохонда шавам», - гуфта ҷавоб додам.

- Пас, муаллим, шумо ба мо - занҳои хонанишин бифаҳмонед, ки мо ба тарафдории кӣ овоз диҳем, то пӯшаймонӣ аз домони мо надораду дар хиҷолат намонем? - суол дод ба ман зани дуюмӣ.

Баъди ин хомӯш истоданро раво надидаму ба баҳс ҳамроҳ шудам ва ақидаи худро барояшон иброз намуда, гуфтам:

- Дуруст мегӯед, ҳамсояҳои азизи ман. Дар ҳақиқат, имрӯзҳо, ки мо дар арафаи интихоботи навбатӣ қарор дорем  ва овози яки мо тақдири минбаъдаи ватану миллатамон, сиёсати дохиливу берунии онро ҳал мекунад, барои беҳбудиву пешравӣ нақши калидӣ мебозад. Дар ин росто, агар аз ман пурсон шавед, чунин мегӯям: «Барои ояндаи дурахшон, ободиву сарсабзии ватан, хушбахтии фарзандонамон, барои сулҳу ваҳдати  ба сад машаққат ба даст овардаи фарзанди фарзонаи миллат - Сарвари маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овозамро медиҳам. Бале, овозамро медиҳаму бо сари баланд аз ин амалам фахр ҳам мекунам. Ҳамсояҳои азиз, якчанд соли қаблиро пеши назар биёреду онро ба зиндагии серу пури имрӯза муқоиса кунед. Чиро мебинед?  Тафовутро аз замин то осмон. Дар давоми  чоряк аср миллати куҳанбунёди мо бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  он роҳеро тай кард, ки барои ба чунин муваффақияту комёбӣ расидан садсолаҳо лозимамон мешуд. Имрӯз ҷаҳониён воқиф гардидаанд, ки ватани мо-Тоҷикистон дар байни садҳо мамлакати дунё аз лиҳози оромию осудагӣ, тараққиёт, ободкориву созандагӣ дар ҷои дуюм қарор дорад. Ин болобаландиву  муваффақиятҳо бо заҳматҳои Сарвари муаззами мо,  фарзандони соҳибсиёсати ин диёри куҳанбунёд ба майдон омада, обрӯ ва эътибори  мулки биҳиштосоямонро дар ақсои олам баланд бардоштаанд. Аз ин лиҳоз, ман овозамро ба тарафдории фарзандони фарзонаву сарсупурдаи миллат, барои онҳое, ки манфиати ватану миллат барояшон аз ҳама болост, медиҳам.

 Ба сиёсати одилонаву  навсоз ва навоварона  гаравидан кори ҳар шахси хасакӣ ва тасоддуфӣ нест. Хоса дар ин замони сиёсатбозиҳои давлатҳои бузургу абарқудрат. Сиёсати имрӯза аз намояндагони парлумони мо (онҳое, ки мо бовар карда, ба тарафдориашон овоз медиҳем)  тақозо мекунад, ки  ҳамеша, дар ҳар шароит  ба фишори сиёсати бегонапарастӣ, номатлуб  ҷавоби саҳеҳ, пурра ва ҳақиқатнигорона дода, истодагарӣ карда тавонанд. Аз ин рӯ, ҳангоми овози худро додан ба тарафдории ин ё он номзад, бояд сараввал, ба ҳаёту фаъолият, донишу малакаи корбарӣ,  нақши шахсии ӯ дар пешбурди сиёсати одилонаи Сарвари давлат, мақсаду мароми ӯ аз наздик шинос шуд. Дар чунин мавридҳо масали « ҳафт  бор чен куну  як бор бур» басо бамаврид аст. Ба ҳамин хотир, рӯзи интихобот ман ба тарафдории номзади арзандаам, ки фаъолияту малака, дониши сиёсии ӯро ҳаматарафа омӯхтааму хулосаи хешро баровардаам, овозамро  медиҳам, чунки овози ман  дар амалӣ гаштани суханҳои дар боло гуфтаам шояд нақши калидӣ бозанд. Шуморо низ, занҳои азиз, ба  чунин тарзи овоздиҳӣ  ҳидоят мекунам, танҳо ақли солимро кор фармоеду сипас овози худро диҳед.

 

Ҷамила АШӮРОВА,

ҷонишини директори  МТМУ №2, ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ   


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҷавонони саодатманд ва наҳзатиҳои шарманда

Сиёсат

Корвон аз роҳи худ намегардад

Номаҳои Шумо
Насли ояндасозро тарбия менамоем

Насли ояндасозро тарбия менамоем

Маориф ва илм

Нақши Пешвои миллат дар устувории ваҳдату ягонагӣ

Номаҳои Шумо
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ