Дар як сатр
» » ВАХШ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТИ ПАРЛУМОНӢ

ВАХШ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТИ ПАРЛУМОНӢ

7-02-2020, 23:22

ВАХШ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТИ ПАРЛУМОНӢ

То интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои вакилони халқ дар маҳалҳо рӯзҳои башумор мондааст. Баҳри дар сатҳи баланд баргузор намудани ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар ноҳияи Вахш омодагии ҷиддӣ дида истодаанд.

Чуноне ки Азизулло Негматов, раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии Вахш – 32, иброз медорад, масъулони ҳавза ва участкаҳои интихоботии ноҳия дар баробари омода намудани шароити баргузории интихобот кӯчаву маҳаллаҳои қаламрави ноҳияро бо шиору овезаҳоитарғиботӣ оро дода истодаанд, то сокинон оид ба моҳияти иштирок дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ маълумоти бештар пайдо намоянд.

-Ҳавзаи якмандатаи ҷумҳуриявӣ Вахш - 32, ки интихобкунандагони ин ноҳия ва як қисм интихобкунандагони ноҳияҳои Ҷ. Балхӣ ва Кӯшониёнро дар бар мегирад, аз 66 участкаи интихоботӣ иборат мебошад. Шумораи эҳтимолии интихобкунандагон дар ҳавзаи мазкур бо назардошти интихобкунандагони як қисми ноҳияҳои Ҷ. Балхӣ ва ноҳияи Кӯшониён 133 ҳазору 827 нафарро ташкил медиҳад. То имрӯз аз ҷониби комиссияи ҳавзавии интихобот дар ҳавзаи якмандатаи ҷумҳуриявии Вахш-32 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 нафар номзад пешбарӣ гардиданд.

Тибқи талаботи моддаи 25-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» бо пешниҳоди конференсияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш номзадии 4 нафар ба интихоботи Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилояти Хатлон ва номзадии 40 нафар ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Вахш пешбарӣшуданд.

Ба гуфтаи Азизулло Негматов, дар асоси муқаррарот пешбарии номзадҳо тариқи худпешбарӣ то санаи 9-уми феврали соли 2020 идома дош-та, то имрӯз дар ноҳияи Вахш бо тариқи худпешбарӣ ба вакилии Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилояти Хатлон 12 нафар ва ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Вахш 80 нафар дар ҳавзаҳои дахлдор ҳамчун номзад ба қайд гирифта шудаанд.

Ҷамолиддин САЙФИДДИН




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ПЕШБАРИИ НОМЗАДҲО ДАР ХАТЛОН

Ҳаёти иҷтимоӣ
Муборизаи 159 номзад барои 69 курсӣ дар Маҷлиси вакилони Хатлон

Муборизаи 159 номзад барои 69 курсӣ дар Маҷлиси вакилони Хатлон

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Семинарҳои омӯзишӣ дар ҳавзаҳои Қӯрғонтеппа ва Вахш

Семинарҳои омӯзишӣ дар ҳавзаҳои Қӯрғонтеппа ва Вахш

Сиёсат, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Бақайдгирии 4 номзад дар ҳавзаи «Қӯрғонтеппа-26»

Бақайдгирии 4 номзад дар ҳавзаи «Қӯрғонтеппа-26»

Сиёсат, Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА
Пешбарии номзадҳо ба вакилии парлумон аз ҳавзаҳои якмандата ба анҷом расид

Пешбарии номзадҳо ба вакилии парлумон аз ҳавзаҳои якмандата ба анҷом расид

Сиёсат, Хабарҳо