Дар як сатр
» » «САНО» МАДАДГОРИ ХОНАНДАГОН АСТ

«САНО» МАДАДГОРИ ХОНАНДАГОН АСТ

7-02-2020, 23:21

Дар маркази таълимии хусусии «Сано»-и шаҳри Кӯлоб 50 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр ба таълими иловагӣ фаро гирифта шудаанд. Роҳбарияти марказ баъди се моҳи таълим тасмим гирифтанд, ки имтиҳонро аз таълимгирандагон тариқи тестӣ гиранд.

Маркази таълимии "Сано” соли дуюм аст, ки фаъолият карда, дар он мутахассисони таҷрибадор ба кор ҷалб шудаанд. Дар марказ аслан ба фанҳои дақиқ аҳамияти хоса зоҳир карда мешавад. Роҳбари маркази таълимӣ Лутфия Салихова иброз дошт, ки мақсади ташкили ин марказ омода намудани хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ барои дохил шудан дар донишгоҳу донишкадаҳои кишвар тариқи Маркази миллии тестӣ мебошад.

Тариқи тестӣ гирифтани имтиҳон аз хонандагон дар маркази таълимӣ бори аввал аст ва ин усул метавонад хонандагонро барои супоридани имтиҳонҳо омода созад. Ҳангоми супоридани имтиҳон волидони хонандагон даъват карда мешаванд, то аз сатҳи дониши фарзандонашон огаҳӣ ёбанд.

Дар аввалин имтиҳони тестӣ хонандагон ба суолҳо аз 85 то 98 фоиз ҷавобҳои дуруст доданд. Чунин тарзи супоридани имтиҳонҳо, дар оянда низ, бо иштироки падару модарон гузаронида мешавад.

Ш. Сафарзода




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Дар Ховалинг норасоии омӯзгорон бартараф шуд

Хабарҳо
Сифати таълимро баланд бардорем

Сифати таълимро баланд бардорем

Маориф ва илм, КОМРОНИ БАХТИЁР
77,4% худро дар ММТ ба қайд гирифтанд

77,4% худро дар ММТ ба қайд гирифтанд

Хабарҳо, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Таъсиси 12 ихтисоси нав дар ДДҚ

Таъсиси 12 ихтисоси нав дар ДДҚ

Хабарҳо, Маориф ва илм, КОМРОНИ БАХТИЁР
Чаро аз 29 мактаб касе шомили донишгоҳ нашуд?

Чаро аз 29 мактаб касе шомили донишгоҳ нашуд?

Хабарҳо, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА