Дар як сатр
» » ҲУШЁРИИ СИЁСӢ-ОМИЛИ ОРОМИИ ҶОМЕА

ҲУШЁРИИ СИЁСӢ-ОМИЛИ ОРОМИИ ҶОМЕА

7-02-2020, 23:19

Воқеаҳои охири ҷаҳон шаҳодати он аст, ки ҳанӯз ҳам дар як қатор давлатҳо, аз ҷумла давлатҳои исломӣ нооромӣ, ҷангҳои дохилӣ давом карда, дар натиҷа одамони бегуноҳ ба ҳалокат мерасанд.

Президенти Ҷумҳурии То-ҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин масъалаи муҳим дахл карда, таъкид намуд, ки вазъияти имрӯзаи олам аз ҳар шаҳрванд зиракӣ, ҳушёрии сиёсиро тақозо дорад. Зеро дар гӯшаву канорҳои гуногуни сайёра гурӯҳҳои махсуси террористӣ амал намуда, вазъияти кишварҳоро ноором месозанд. Мақсади асосии террористон бунёди ба ном «Давлати исломӣ» буда, дар амал онҳо амалиётҳои гуногуни террористиро дар давлатҳои алоҳида анҷом медиҳанд. Масалан, нооромиҳои давлатҳои Сурия, Яман, Ироқ шаҳодат медиҳанд, ки дар натиҷаи низоъҳои гурӯҳҳои гуногун дар ин кишварҳо одамони зиёде ба ҳалокат расидаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми нав-батии худ, аз ҷумла қайд намудаанд: "Созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд”.

Мардуми Тоҷикистон огоҳ-анд, ки чанде аз аъзои яке аз гурӯҳҳои созмони террористии ба ном "Давлати исломӣ” ба дидбонгоҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ ногаҳон ҳуҷум карда, даст ба қатли сарҳадбонон заданд. Ин вазъият мақомоти дахлдорро водор мекунад, ки ҷавононро дар рӯҳияи ҳушёриву зиракӣ, садоқат ба халқу ватан, эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд.

Бояд гуфт, ки мубориза бо терроризм ва экстремизм ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти дахлдорро талаб мекунад. Бинобар ин, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти дахлдор бояд ба муқобили созмонҳои террористӣ якҷоя мубориза баранд.

Ҳамчунин, дар Паём таъкид шудааст, ки ташкилоти ғайриқонунӣ ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир машғулбуда, асосан, ин созмонҳои экстремистиву террористӣ мебошанд. Бинобар ин, Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар, Вазорати корҳои дохилӣ, адлия, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти гумрукро вазифадор намуд, ки оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории ҷиноятӣ, ҳамчунин, дар таҳрири нав омода кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», аз соли 1999, чораҷӯӣ намуда, корро ҷиҳати пешгирии воридоти маводи нашъаовар боз ҳам тақвият бахшанд.

Дар Паём ҷиҳати пешгирӣ ва аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ ва тавсияи ҳамкориҳои давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ қайд гардид, ки заминаҳои дахлдори ҳуқуқиву сохторӣ бояд фароҳам оварда шаванд. Ба ин мақсад роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳраку деҳотро Роҳбари давлат уҳдадор намуд, ки  бештар ба масъалаи кадрҳо, тарбияи онҳо дар рӯҳияи поквиҷдонӣ ва муносибати боэҳтиром ба шаҳрвандон аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд. Вобаста ба талабот роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ уҳдадор карда шуданд, ки ба риояи интизоми ҳарбӣ, низоми тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳо, идоракунии ҷузъу томҳои ҳарбӣ, огоҳсозӣ ва робитаи байниҳамдигариро доир ба вазъи фаврӣ мунтазам такмил дода, ба масъалаи ҳифзи амнияти инфрасохтори низомӣ диққати ҳамарӯза диҳанд.

Прокуратураи шаҳри Бохтар мутобиқи талаботи Паёми нав-батии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақша-чорабиниҳо тартиб дода, аз рӯи он фаъолона кор бурда истодааст. Мо-кормандон пайваста ҷаҳду талош дорем, ки ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои нангини террористӣ ва экстремистӣ фаъолияти худро ҷоннок карда, дар ин самт муваффақ шавем.

Иброҳим НУСРАТЗОДА,

прокурори шаҳри Бохтар, мушовири адлияи дараҷаи 1




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

МИЛЛАТИ ТОҶИК ҶОНИБДОРИ СУЛҲ АСТ, НА ҶАНГУ КУШТОР

Номаҳои Шумо

ДАР ТАНҲОӢ ТЕРРОРИЗМРО НАМЕТАВОН МАҲВ КАРД

Сиёсат

Мулоқот бо роҳбарони ҳайатҳои ҷаласаи Шӯрои роҳбарони мақомоти амният ва ха ...

Хабарҳо
Таҷассумгари сиёсат ва симои давлат

Таҷассумгари сиёсат ва симои давлат

Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
Ҷомеаи солим бидуни маводи мухаддир

Ҷомеаи солим бидуни маводи мухаддир

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш