Дар як сатр
» » ОМОДАГӢ БА НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

ОМОДАГӢ БА НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

7-02-2020, 23:17

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон нахустҷаласаи Ситоди омодагӣ ба таҷлили ҷашни байналмилалии "Наврӯз-2020” дар шаҳри Бохтар ва шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид.

Ҷамъомадро раиси вилояти Хатлон, ҳамзамон раиси Кумитаи тадорукоти ҷашн Қурбон Ҳакимзода ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки тибқи қарори раиси вилояти Хатлон аз 30 январи соли 2020 таҳти рақами 26 оид ба омодагӣ ва таҷлили ҷашни байналмилалии "Наврӯз-2020” дар шаҳри Бохтар ва шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳайати Кумитаи тадорукот ва нақша- чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тасдиқ гардидааст. Роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ баргузор намудани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ муваззаф гардиданд. Тавре ки раиси вилоят таъкид дошт, ҷиҳати анҷом додани корҳои ободониву созандагӣ, дар назди биноҳои маъмурӣ, хонаҳои иқоматӣ, гулгашту хиёбонҳои маркази вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ҳашарҳои умумишаҳриву ноҳиявӣ ташкил намоянд.

Зимни ҷаъмомад муовинони раиси вилоят Низом Мирзозода, Фирӯза Шарифӣ, раисони шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯшониён ва Вахш бобати омодагӣ ба Наврӯзи байналмилалӣ гузориш доданд. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода масъулини ташкилоту муассиса, шаҳру навоҳиро ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани Наврузи Аҷам, бо сифати баланд ба анҷом расондани корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ, чароғонкунӣ, ба кор даровардани фаввораҳо, гул ва ниҳолшинонӣ, ҳамчунин омодагии ҳамаҷониба ҷиҳати озмуни "Сайри гули лола”, таъмири роҳҳо, ободонии даромадгоҳу маҳалҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод. Ҳамчунин, насби шиору овезаҳо ба ифтихори ҷашни Наврӯз, гузоштани ангораҳои наврӯзӣ дар майдонҳои марказӣ ва назди ташкилоту муассисаҳо низ яке аз мавзӯъҳои меҳварии ҷаласаи Ситоди Наврӯзи байналмилалӣ гардид.

Сардори Раёсати фарҳанги вилоят Аловиддин Абдуллозода оид ба омодагии ҳунармандон ба чорабинии фарҳангӣ ва барномаи бадеии театрикунонидашудаи ҷашни "Наврӯз- 2020” бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ гузориш дод. Зимни ҷамъомад роҳбари вилоят ба масъулини соҳаҳои дахлдор ҷиҳати ташкил намудани чорабиниҳои варзишӣ, баргузории семинар ва конференсия, маҳфилҳои наврӯзӣ, аёдати ҳамватанони бемору барҷомонда, расондани кумакҳои молиявӣ ба муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, қисмҳои низомӣ ва маъюбону бепарасторону оилаҳои камбизоат дастуру супориш доданд.

ВАХШОНА,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҷашни Наврӯзро сазовор истиқбол мегирем

Фарҳанг ва адабиёт

Тантанаи ҷумҳуриявии Наврӯз дар Норак мегузарад

Фарҳанг ва адабиёт, АСАЛМО САФАРОВА
Д. Гулмаҳмадзода: «Ҷашнҳои Наврӯз ва 20-солагии Ваҳдати миллиро сазовор ист ...

Д. Гулмаҳмадзода: «Ҷашнҳои Наврӯз ва 20-солагии Ваҳдати миллиро сазовор ист ...

Хабарҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Азми таҷлили чаҳоррӯзаи Наврӯз дар тамоми вилоят

Азми таҷлили чаҳоррӯзаи Наврӯз дар тамоми вилоят

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ҷаласаи кумитаи тадорукот оид ба таҷлили Наврӯз

Ҷаласаи кумитаи тадорукот оид ба таҷлили Наврӯз

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА