Дар як сатр
» » ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА БА РӮЗНОМАНИГОРОН БАРОИ ҲАМКОРӢ ИЗҲОРИ СИПОС НАМУД

ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА БА РӮЗНОМАНИГОРОН БАРОИ ҲАМКОРӢ ИЗҲОРИ СИПОС НАМУД

7-02-2020, 23:14

Дар толори Раёсати телевизион ва радиои вилояти Хатлон нишасти матбуотии раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо намояндагони ВАО баргузор гардид.

Раиси вилоят доир ба дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии вилояти Хатлон дар соли сипаригардида сухан ронда, таъкид дошт, ки дар соли 2019 фаъолон ва аҳли заҳмати вилояти Хатлон дурнамои соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоятро бо нишондиҳандаҳои мусбат ҷамъбаст карда, имрӯзҳо чун тамоми мардуми ҷумҳурии азизамон баҳри дар амал татбиқ гардонидани дастуру супоришҳои дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат зикршуда саъю кӯшиш доранд. Ба истифода додани Агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии "Роғун” аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги имсолаи Ҳукумати мамлакат дар соҳаи энергетика ва як қадами устувори дигар дар ҷодаи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, боз ҳам беҳтар қонеъ гардонидани талаботи соҳаҳои иқтисодӣ ва аҳолӣ ба неруи барқ ва заминаи мусоид барои амалӣ гардидани ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати Тоҷикистони азиз мебошад.

Соли 2019 соҳаҳои истеҳсолӣ рушд карда, даҳҳо корхонаҳои хурду миёна бунёд ва ба истифода супорида шуданд. Дар ин кори хайр саҳми соҳибкорони ватанӣ, шахсони саховатпеша, кишоварзону сохтмончиён ва тамоми мардуми шарифи Хатлонзамин хеле назаррас мебошад. Онҳо бо азму иродаи ватандӯстона ва ба хотири татбиқи сиёсати давлату Ҳукумат ҷиҳати муҳайё сохтани ҷойҳои корӣ, вусъати корҳои ободонӣ ва дар ин асос беҳтар кардани сатҳи некуаҳволии сокинони мамлакат ҳиссаи арзанда гузошта истодаанд.

Соҳибкорон, шахсони саховатманд ва мардуми заҳматкаши шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои ободонию созандагиро бахшида, ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъат бахшида, дар соли 2018-ум 1061 ва соли 2019-ум 2474 адад иншоотҳои гуногуни таъйиноти истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ бунёд намуданд, ки аз ин ҳисоб 12,9 ҳазор ҷойҳои кории доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуд. Аз ҷумла, дар соҳаи маориф 218 иншоот, тандурустӣ 441, фарҳанг 92, варзиш 246 адад, 53 адад иншоотҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин фермаҳои чорвопарварӣ, паранда, сардхона, корхонаю коргоҳҳои саноатии истеҳсолӣ, таъмири роҳу пулҳо ва дигар иншоотҳои хизматрасонӣ мавриди истифода қарор дода шудааст.

Раиси вилоят зимни суханронӣ аз иқдомҳои неку ҷавонмардонаи соҳибкорони маҳаллӣ, ёдовар гардида, таъкид дошт, ки Баҳриддин Ҷӯрахонов, соҳибкор аз ноҳияи Ёвон дар бунёди муассисаи таълимӣ барои 640 ҷойи нишаст, маркази саломатӣ, мумфаршкунии роҳ, корхонаи сементбарорӣ дар ноҳияи Ҷ. Балхӣ, Хӯҷамурод Азимов, соҳиб-кор аз шаҳри Норак дар бунёди муқаддасоти миллӣ, Ҳошим Бобоев - соҳибкор аз шаҳри Бохтар дар бун-ёди муассисаи томактабии хусусӣ барои 140 ҷой, Толиб Мирзораҳим-соҳибкор аз ноҳияи Данғара барои бунёди Қасри фарҳанг дар Ҷамоати деҳоти "Оқсу”, Маъруфхӯҷа Раҳмонқулов - соҳибкор аз ноҳияи Қубодиён барои бунёди боғчаи бачагона дар деҳоти 20-солагии Истиқлолият, Саъдулло Ғафуров - соҳибкор аз ноҳияи Кӯшониён барои бунёди корхонаи истеҳсоли равғани растанӣ ва чандин соҳибкорони дигарро метавон номбар кард, ки саҳми худро дар корҳои ободонӣ бахшида, ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоштаанд.

Нақшаи андоз бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 100,1 фоиз таъмин шуда, ба буҷет як миллиарду 467 миллион сомонӣ ворид гардид, ки нисбати нақша 2,1 миллион сомонӣ ва ҳамин давраи соли гузашта 180 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар таъмини нақшаи андозҳо ҳиссаи шаҳру ноҳияҳои Норак, Балҷувон, Данғара, Дӯстӣ, Ҷ. Балхӣ, Темурмалик ва Ш. Шоҳин назаррас буда, онҳо иҷрои нақшаи қисми даромади буҷетро барзиёд таъмин ва маблағҳои барзиёдиро барои вусъатдиҳии корҳои ободонӣ равона намуданд. Чуноне ки зимни нишаст таъкид гардид, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят 30 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ татбиқ шуда, аз ҳисоби онҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 469 миллион доллари америкоӣ азхуд карда шудааст.

Соҳибкорони вилоят дар соли 2019 ба Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузории ҷумҳурӣ 99 лоиҳаи қарзӣ ва сармоягузорӣ ба маблағи 461 миллион сомонӣ пешниҳод намуда, ба 7 лоиҳа 7,5 миллион сомонӣ маблағи қарзи имтиёзнок ҷудо карда шудааст.

Гардиши савдои хориҷии вилоят 404,5 миллион доллари америкоиро ташкил дод, ки ин нисбати соли гузашта 36,4 миллион доллар ё 9,9 фоиз зиёд мебошад. Дар гардиши савдои хориҷӣ содирот ба 46 фоиз ва воридот ба 54 фоиз баробар мебошад.

Содироти молу маҳсулоти вилоят ба хориҷи кишвар, аз ҷумла нахи пахта 23 фоиз, калобаи ресандагӣ 21 фоиз, семент 15 фоиз ва қувваи барқ 34 фоизро ташкил дода, ба вилоят аз хориҷи кишвар, асосан, шакар, нуриҳои маъданӣ, сӯзишворӣ, гӯшт ва орду гандум ворид гардидааст.

Дар минтақаҳои озоди иқтисодии «Данғара» 25 субъект ва "Панҷ” 16 субъект ба қайд гирифта шудаанд. Соли 2019 дар минтақаи озоди иқтисодии "Данғара” ҷалби сармояи хориҷӣ ба маблағи 129,2 миллион сомонӣ ворид гардида, аз аввали фаъолият як миллиарду 780 миллион сомонӣ аз худ шуда, ба маблағи 36,8 миллион сомонӣ молу маҳсулоти гуногуни саноатӣ истеҳсол намуданд, ки нисбати соли 2018-ум 12,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Шумораи коргарон ба 407 нафар расид, ки ин нисбати соли 2018-ум 107 нафар зиёд мебошад. Ба буҷет 9,9 миллион сомонӣ андозҳо ва боҷҳои гумрукӣ пардохт карда шудааст.

Бонкҳои вилоят дар соли 2019 ба соҳаҳои иқтисодиёт 1 миллиарду 298 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намуданд, ки ин нисбати соли 2018-ум 154 миллион сомонӣ зиёд аст. Аз маблағи умумии қарзи бонкии ҷудогардида 487 миллион сомонӣ ё 38 фоиз ба бонки давлатии «Амонатбонк»-у бонкҳои тиҷоратӣ ва 811 миллион сомонӣ ё 62 фоиз ба ташкилотҳои қарзии хурд рост меояд.

Гардиши моли чакана ба 6 миллиарду 658 миллион сомонӣ ва хизматрасонии пулакӣ ба 2 миллиарду 64 миллион сомонӣ расида, иҷрои дурнамо мутаносибан 105,8% ва 102,5 фоизро ташкил дод. Нисбати соли 2018 гардиши моли чакана 1 миллиарду 798 миллион сомонӣ ва хизматрасонии пулакӣ 198 миллион сомонӣ афзоиш ёфт.

Яке аз масъалаҳои асосие, ки ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва ба шуғл фаро гирифтани шаҳрвандон мусоидат менамояд, таъсиси ҷойҳои нави кории доимӣ ва дуруст ба роҳ мондани касбомӯзии ҷавонон ва калонсолон ба ҳисоб меравад. Дар Паёми навбатии Роҳбари давлат ба ин масъала диққати махсус дода, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ вазифадор гардиданд, ки дар 10 соли пешомад ҳар як фарди корҷӯ бояд соҳиби як ё ду ихтисоси касбӣ гардад.

Соли 2019 дар вилоят 50697 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд, ки аз шумораи умумӣ 29,8 ҳазор ё 59 фоизи он мавсимӣ ба ҳисоб меравад. Аз ҳисоби 310 ярмаркаи ҷойҳои кории холии баргузор гардида, дар маҷмӯъ 6413 нафар бо ҷойи кор таъмин карда шудаанд. Ҳамзамон, 6340 нафар шаҳрвандон ба касбомӯзӣ ҷалб гардида, соҳиби ихтисосҳои гуногун гардиданд.

Чуноне ки раиси вилоят зимни суханронӣ дар нишаси матбуотӣ таъкид дошт, соли 2019 ҷавобан ба дастуру супоришҳои Роҳбари давлат рушди соҳаи кишоварзӣ аз рӯйи дурнамои пешбинишуда таъмин гардид. Дар ин сол ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ ба 14,5 миллиард сомонӣ расида, афзоиши он нисбат ба соли 2018-ум 8,5 фоизро ташкил менамояд.

Дар соҳаи моҳипарварӣ низ муваффақиятҳо назаррас буда, дар бахшҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ 241 ададро ташкил менамояд. Ба онҳо 2175,7 гектар кӯлҳо ва ҳавзҳо вобаста карда шуда, аз онҳо 2050 тонна моҳӣ истеҳсол гардидааст. Дар ин давра шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ 20 адад, масоҳати кӯлу ҳавзҳо 51,3 гектар ва истеҳсоли моҳӣ 669,4 тонна зиёд карда шуд.

Ҳамин тавр, дар нишасти матбуотӣ доир ба фаолияти чорводорон, занбӯриасалпарварон ва кишоварзон таъкид ба миён рафт. Роҳбари вилояти нисбати соҳаи саноат, ки заминагузори рушди иқтисодӣ мебошад, сухан ронда, афзуд, ки соли 2019 ба маблағи 8 миллиарду 507 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуда, ҳаҷми истеҳсол нисбати соли 2018 ба маблағи 1 миллиарду 147 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Соли 2019 дар шаҳру ноҳияҳо 90 корхона ва коргоҳҳо боназардошти 865 ҷойи нави корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар нишасти матбуотӣ раиси вилоят оид ба фаъолияти соҳаҳои роҳ, нақлиёт, сохтмон ёдовар гардида, афзуд, ки соли 2019 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 2 миллиарду 541 миллион сомонӣ аз худ карда шуданд. Аз ин ҳисоб ба манбаъҳои маблағгузории давлатӣ 364 миллион сомонӣ, ҷамъиятҳои масъулияташ маҳдуд 103,6 миллион сомонӣ, соҳибкорон 503,2 миллион сомонӣ, аҳолӣ 122,3 миллион сомонӣ, сармояи хориҷӣ 1 миллиарду 369 миллион сомонӣ рост меояд.

Барои ҳавасманд намудани соҳибкорон, шахсони ҳимматбаланд ва сокинони деҳаҳое, ки дар корҳои ободонию созандагӣ, бунёди иншо-отҳои ҷашнӣ саҳм мегузоранд, озмуни вилоятии «Ободгари Ватан» бо қарори раиси вилояти Хатлон тасдиқ гардида, ғолибон ҳар як семоҳа бо ифтихорнома, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии раиси вилоят сарфароз гардонида мешаванд. Роҳбари вилоят, ҳамчунин, доир ба фаъолияти иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, илм, фарҳанг, сиҳатии омма, занону ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ, ки дар рушди минбаъдаи давлат мавқеи муҳим доранд, махсус ёдовар гардид.

Раиси вилоят зимни нишас-ти матбуотӣ ёдовар гардид, ки дар соли 2019-ум 153 маводҳои танқидиву таҳлилӣ вобаста ба ташкилоту муассисаҳо, соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ дар васоити ахбори омма пахшу нашр гардидаанд. Ҳамкории ВАО бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баҳри ҳалли мушкилоти ҷомеа ва шаҳрвандон мусоидат менамояд. Соли сипаригардида, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои пешрафти кори намояндагони телевизиони ҷумҳурӣ дар минтақа ва телевизиони вилоят як миллион сомонӣ ҷиҳати харидории таҷҳизоти нави замонавӣ ҷудо намуда буд. Бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон телевизиони вилояти Хатлон ба моҳвора пайваст гардид. Ин иқдом имкон дод, ки сад фисади сокинони вилоят, ҷумҳурӣ ва ҳамчунин, дар як қатор давлатҳои хориҷи кишвар низ аз тамошои барномаҳои телевизиони вилоят баҳраманд гарданд.

Роҳбари вилоят таъкид дошт, ки маблағгузорӣ ба озмуни вилоятии "Неруи сухан” нисбати солҳои пешин чор маротиба зиёд гардид ва теъдоди номинатсияҳои озмун афзоиш ёфт.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода, ҳамчунин ёдовар гардид, ки бо вуҷуди дастовардҳо дар соҳаи ВАО-и вилоят то ҳанӯз таърихи журналистикаи вилояти Хатлон пурра мавриди омӯзиш ва тадқиқот қарор нагирифтааст. Аз ин ҷиҳат ба мақсади таҳияи қомуси матбуоти вилояти Хатлон дастурҳои муфид дод.

Пас аз баррасии суолҳои намояндагони васоити ахбори омма роҳбари вилоят ба як гурӯҳ собиқадорони матбуот, кормандони расонаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ сипоснома ва ба маблағи ҳазор сомонигӣ туҳфаҳои пулӣ тақдим намуд.

А. САФАРЗОДА,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

НАТИҶАҲО МУАЙЯН ВА ВАЗИФАҲОИ МУҲИМ ДАР ПЕШАНД

НАТИҶАҲО МУАЙЯН ВА ВАЗИФАҲОИ МУҲИМ ДАР ПЕШАНД

Ҳокимияти давлатӣ

ҶАШНИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ВАТАНРО ИСТИҚБОЛИ САЗОВОР

Ҳокимияти давлатӣ
Бохтар ба ҷашни истиқлолият омодагӣ мебинад

Бохтар ба ҷашни истиқлолият омодагӣ мебинад

Ҳаёти иҷтимоӣ
ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА  НАМОЯНДАГОНИ ВАО-РО БА ҲАМКОРӢ ДАЪВАТ НАМУД

ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА НАМОЯНДАГОНИ ВАО-РО БА ҲАМКОРӢ ДАЪВАТ НАМУД

Ҳокимияти давлатӣ
Д. Гулмаҳмадзода: “Саҳми ВАО дар рушди ҷомеа бузург аст”

Д. Гулмаҳмадзода: “Саҳми ВАО дар рушди ҷомеа бузург аст”

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Иқтисоду тиҷорат, АСАЛМО САФАРОВА