Дар як сатр

САДА

1-02-2020, 18:46

АмиршоҳиХатлонӣ

Лаҳзае оташ барафрӯхт он  Ҳушанг,

Ахгараш омад падид аз зарби санг.

Шуд раҳо аз дасти ӯ мори сиёҳ,

Лек, сӯхт аз гулханаш гулу гиёҳ.

Кашф кард ӯ оташи меҳри Аҷам,

Бахтро бар зиндагонӣ кард зам.

Хоми мардум пухта шуд аз гулханаш,

Боз шуд роҳи наве дар гулшанаш.

Аз Каёмарсу Сиёмак то Ҳушанг,

Сада шуд эҷод дар майдони нанг.

Таҳмурас ҳам ҳамчу як шоҳи Аҷам,

Ном монда пури худ Ҷамшеди Ҷам.

Аз нахустин шоҳи Кай то Таҳмурас,

Сӯхт сад сол оташе аз хору хас.

Қиблаву ҳам дайри онон гарм буд,

Шеваи гуфтори онон нарм буд.

Кашфи Наврӯзи Аҷам бо Ҷоми Ҷам,

Зиндагиро кард пок аз оҳу ғам.

Гар замоне рафт он ойин зи мо,

Лек,  буд андар дилу маъвои мо.

Сарвари мо он ҳама эҳё намуд,

Ӯ забони бастаро гӯё намуд.

Сафҳаи таърихи меҳан боз кард,

Ҷашни некони куҳан оғоз кард.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

САДА ОИНИ ХАЛҚИ ТОҶДОР АСТ

САДА ОИНИ ХАЛҚИ ТОҶДОР АСТ

Фарҳанг ва адабиёт
Ҷашни сада оини ниёкон аст

Ҷашни сада оини ниёкон аст

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Бузкашии гарм дар борони нарм

Бузкашии гарм дар борони нарм

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Таҷлили бошукӯҳи ҷашни Наврӯз дар Ёвон

Таҷлили бошукӯҳи ҷашни Наврӯз дар Ёвон

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Пайки наврӯзӣ

Пайки наврӯзӣ

Фарҳанг ва адабиёт