Дар як сатр
» » ҲИКОЯТҲОИ ТАМСИЛИИ ШАРҚ

ҲИКОЯТҲОИ ТАМСИЛИИ ШАРҚ

31-01-2020, 18:45

Парвонаҳо ва оташ

Се парвона сӯи шамъи фурӯзон парвоз карда истода, дар бораи мавҷудияти шӯълаи он баҳс мекарданд. Яке аз онҳо ба шамъ наздик рафту баргашта гуфт: -Вай равшанӣ медиҳад.

Дигарӣ боз ҳам наздиктар рафт. Чун паре аз қаноташ сӯхт, баргашту гуфт: - Вай қувваи сӯзонанда дорад.

Сеюмӣ тамоман наздик шуду дар аланга афтод ва барнагашт. Вай он чиро, ки мехост, фаҳмид, вале барои фаҳмондани дигарон дер шуда буд. Натавонист, ки қуввату табиати оташро фаҳмонад. Ва ҳамин масал ба ёдгор монд: «Сухандон намегӯяд, сухангӯ намедонад».

 

Танҳо ба пеш

Марде бисёр фақирона мезист, аз ҷангал ҳезум ҷамъ карда, ба бозор оварда мефурӯхт ва аз он маблағ қути лоямуте меёфту ба зӯр рӯзгорашро пеш мебурд. Боре, роҳгузари хушсимоеро вохӯрд. Ӯ аз аҳволи ҳезумкаш бохабар шуда, маслиҳат медиҳад, ки дарунтари ҷангал равад.

"Ҳар чи дуртар рав”, ҳангоми хайрухуш таъкид мекунад ӯ. Ҳезумкаш маслиҳати ӯро пазируфта, дарунтари ҷангали анбуҳ рафт ва то он ҷое расид, ки дарахтони сандал хело зиёд буд.  Аз ин бозёфт шод гашта, як миқдори онро ҷамъ оварду ба бозор бурда, бо нархи баландтар мефурӯшад. Раҳо-раҳ фикр мекунад, ки  мӯйсафеди накукор, чаро, то назди сандалзор рав,  нагуфту ҳар чи дарунтар рав, гуфт. Вале ҷавоби савол барояш душворӣ мекунад, ки: -хайр майлаш, дар ин бора фикр намекунем, аслаш ҳамин, ки гапаш рост баромад,- хурсандона худро тасаллӣ медиҳад ҳезумкаш.

Рӯзи дигар, суханони пири пурасрор дар сар, боз ҳам дарунтар меравад ва он ҷо миспораҳо ёфта, аз дирӯза хурсандтар мешавад. Ҳамин тариқ ҳар рӯз, ки дарунтари ҷангал мерафт, нуқра, тилло, лаълу ёқут меёфт. Охируламр яке аз шахсони давлатманди минтақа гардид.

Ба ҳамин маънӣ масале аз азал омадааст: ҳар кӣ дар роҳи асли мақсуд ҷаҳд месозад, билохира сарватманду донишманд мегардад.

 

Хушбахтӣ дар пул доштан нест

Шогирде аз устод пурсид: - Оё рост аст, ки хушбахтӣ дар боигарӣ нест, - мегӯянд.

-Бале, ин ҳақиқат аст, - ҷавоб дод устод ва барои исботи фикраш якчанд мисол овард:

Бо пул метавон ҷойи хоб харидан,  аммо хобро не;

- хӯрок харидан, аммо иштиҳоро не;

- доруворӣ харидан, аммо саломатиро не;

- хизматгор харидан, аммо дӯстро не;

- зан харидан, аммо ишқро не;

- дилхушӣ харидан, аммо хушбахтиро не...

ва ин гуна мисолҳо дар ҳаёт ҳад надоранд.

 

Таҳияи Исматуллои Гули ОЛИМ



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

УСТОДИ ЭҲТИЁТКОР ВА ШОГИРДИ НОСИПОС

Маориф ва илм
ОФОҚ БУБИН, КИ ҲАМА ОФОҚ ГИРИФТ

ОФОҚ БУБИН, КИ ҲАМА ОФОҚ ГИРИФТ

Чеҳранигорӣ

Салимпул, сулолаи нави хабарнигории дурӯғбоф

Хабарҳо
Эксперименти «Хатлон»: Ним рӯзи кор – 1 сомонӣ фоида…

Эксперименти «Хатлон»: Ним рӯзи кор – 1 сомонӣ фоида…

Ҷавонон ва варзиш
«Давлати пирӣ»?

«Давлати пирӣ»?

Ҳаёти иҷтимоӣ, Таҳқиқи журналистӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ