Дар як сатр

ҒАЗАЛИ ҶОВИДОНА

31-01-2020, 18:43

КамолиХуҷандӣ

Ёр гуфт: Аз ғайри мо пӯшон назар!

Гуфтам: Ба чашм!

В-он гаҳе дуздида дар мо менигар.

Гуфтам: Ба чашм!

Гуфт: Агар ёбӣ нишони пои мо бар хоки роҳ,

Барфишон он ҷо ба доманҳо гуҳар!

Гуфтам: Ба чашм!

Гуфт: Агар сар дар биёбони ғамам хоҳӣ ниҳод,

Ташнагонро муждае аз мо бубар!

Гуфтам: Ба чашм!

Гуфт: Агар гардад лабат хушк аз дами сӯзону оҳ,

Боз месозаш чу шамъ аз дида тар!

Гуфтам: Ба чашм!

Гуфт: Агар бар остонам об хоҳӣ зад зи ашк,

Ҳам ба мижгонат бирӯб он хоки дар!

Гуфтам: Ба чашм!

Гуфт: Агар гардӣ шабе аз рӯи чун моҳам ҷудо,

То саҳаргоҳон ситора мешумар!

Гуфтам: Ба чашм!

Гуфт: Агар дорӣ хаёли дурри васли мо, Камол,

Қаъри ин дарё бипаймо сар ба сар!

Гуфтам: Ба чашм!




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ГЛАУКОМА-БЕМОРИИ ОБИ МАРВОРИД

Тандурустӣ ва экология

“Инсони оқилро андеша бояд !”

Хабарҳо
Ифтихори тоҷикии Аҳмадшоҳи Масъуд

Ифтихори тоҷикии Аҳмадшоҳи Масъуд

Сиёсат, Номаҳои Шумо
Эксперименти «Хатлон»: Ним рӯзи кор – 1 сомонӣ фоида…

Эксперименти «Хатлон»: Ним рӯзи кор – 1 сомонӣ фоида…

Ҷавонон ва варзиш
Бахти оилавиро фурӯхтан хостанд?

Бахти оилавиро фурӯхтан хостанд?

Ҳаёти иҷтимоӣ, Ҳуқуқу амният, Таҳқиқи журналистӣ, ЗОКИРҶОН МУРОДОВ