Дар як сатр
» » СОХТМОН ДАР БОЛОИ ГӮР БА ЧӢ ХОТИР?

СОХТМОН ДАР БОЛОИ ГӮР БА ЧӢ ХОТИР?

31-01-2020, 18:41

Ҳар гоҳе ба зиёрати қабри падару модар ва дӯстонам меравам, ҳама ҷо сокит, танҳо вазиши боди форам оромиши водии хомӯшонро халал мерасонад. Қабристон маконест, дар оғӯши худ шоҳу гадоро баробар ҷой додааст. Бале, марг новобаста ба кӣ будан барои ҳар одам ногузир аст. Ҳар нафасе, ки аз вуҷуди мо берун мешавад, лаҳзаеро аз умри мо мерабояд.

Рӯзи ҳаррӯза аз Яздон гирифтан

муфт нест,

Гарчи рӯзӣ медиҳад, рӯзе зи умрат

мебарад.

Зиёрати қабристон ба худ одобе дорад ва ҳар шахсе, ки вориди он мегардад, онро бояд риоя кунад. Гарчанде, ки мувофиқи таълимоти ислом дар болои қабр нишастан ва поймол кардани онҳо дуруст нест, вале борҳо мушоҳида менамоем, ки зиёраткунандагон қабрҳоро поймол менамоянд.

Дунёст боғи куҳнаву инсон чу навгуланд,

Ҳар як шохи умр барканад боғбон ҷудо.

Ҳуш дор, по дар сари озодагон манеҳ,

Танҳо ба гӯр хуфтан аз ҷамъашон ҷудо.

Ҳадаф аз навиштани ин сатрҳо танҳо аз он аст, ки мо бояд нисбати мадфангоҳҳо, ки хонаи охирати инсон аст, бепарво набошем.

Ҳангоми зиёрати чанд қабристон маро баъзе биноҳои зебою хуштарҳ, ки аз тарафи мардумони доро болои қабристон бунёд кардаанд, ҷалб намуд. Ҳол он ки ин амалҳо, яъне сементу гаҷкории қабр ва сохтаи болои он аз тарафи Имоми Аъзам хилофи шариат донис-та шудаанд. Беҳтар мебуд, он маблағҳое, ки дар сохтмони бинои қабр сарф менамоянду ҷои 5-10 қабрро ишғол мекунанд, гирду атрофи манзилгоҳро маҳкам мекарданд, бештар амали хайре мешуд. Имрӯзҳо ҳар шахсе, ки ба водии хомӯшони назди деҳаи Навбаҳори Ҷамоати деҳоти «Тугарак»-и ноҳияи Восеъ мераванд, ҳатман нисбати фарзандони Шовалӣ Ашӯров, сокини шаҳраки Ҳулбук, суханони нек мегӯянд. Ба сарватмандоне, ки падару модар ва дигар наздиконашон дар ин ҷо хобанд, гуфтанием: "Аз инҳо ибрат гиред ва каме ҳам бошад, ҳиссаи худро дар ободии он гузоред, дар ин сурат савоби зиёд насибатон мегардад.

Дигар масъалаи ташвишоваре, ки ҳар касро ба андеша водор менамояд, ин катибаҳои болои гӯр яъне ояту абётҳо ва номи майит бо айби усто ё соҳиби он хато навишта шудааст. Бар хилофи таълимоти ислом баъзеашон барои таскини дил сурати падар ё модарашро дар тахтасангҳо ҳаккокӣ менамоянду бадбахтона, бо мурури гузашти айём аз таъсири офтоб ва барфу борон ранги зарду хираро гирифта, ҳатто шинохта намешаванд. Ҳолати харобии баъзе водии хомӯшонро дида, гуфтаҳои В. В. Менюки насронимазҳаби украинӣ аз китоби шоираи дардошнои тоҷик Гулрухсор Сафиева ба ёд меояд: «Мазоре чунин харобу хорузор дар умрам надидам. Дидани гӯристони хароб диламро ба дард меоварад. Онҳое, ки дар марги азизонашон рӯзҳо бехудона рӯйканиву мӯйканӣ мекунанд, ба ободии манзили охирати онон ҳеҷ таваҷҷуҳ надоранд, аммо хароҷоти маъракаҳояшон, гоҳе аз базми арӯсӣ беш аст. Мераваму ба мафҳуми ин чиз расида наметавонам».

Қабристон макони гузаштагони мост. Замоне буд, ки одамон барои ободии ҷомеаи мо хизмат намуда буданд. Онҳо як давре мисли мо зиндагӣ, шодию нишот, ғаму ғурбат доштанд ва чун мо орзую умедҳо низ доштанд.

Биёед, манзилгоҳи гузаштагони худро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем, зеро қабристон барои мурдагон нест, барои зиндагон аст. Билохир, он ҷой фардои мову шумост.

Умрат чӣ дусад бувад, чӣ сесад, чӣ ҳазор,

З-ин куҳнасарой бурун барандат ночор.

Гар подшоҳиву гар гадои бозор,

Ин ҳар ду ба як нарх бувад, охири кор.

Тавре устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ мегӯяд: «Маро дилам мехоҳад, ки гӯристонҳои мо мисли як осорхонаи саркушода бошанд: озода, гулафшон, муназзам, рӯҳафзо, ибратомӯз, раҳмангез ва шукуфон…».

Рӯзимади Тоҳир




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Садақаи фитр, эҳсон ва некуӣ кардан аз воҷиботи ислом аст

Номаҳои Шумо
Пиронсолон аз ғамхориҳои Президент миннатдоранд

Пиронсолон аз ғамхориҳои Президент миннатдоранд

Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо
Ифтихори ватандорӣ

Ифтихори ватандорӣ

Ҷавонон ва варзиш
Писари роҳгумзадаам, баргард!

Писари роҳгумзадаам, баргард!

Сиёсат, Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
«Ҳайфи ту, падарбезор!»

«Ҳайфи ту, падарбезор!»

Ҷавонон ва варзиш