Дар як сатр
» » ГАР БИҶӮЯНД БА САД ҚАРН НАЁБАНД КАМОЛ

ГАР БИҶӮЯНД БА САД ҚАРН НАЁБАНД КАМОЛ

31-01-2020, 18:36

«Бо пешниҳоди мо …Конфронси генералии ЮНЕСКО доир ба баргузории ҷашнҳои 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700 - солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ қарор қабул кард».

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон

Дар таърихиадабиёти форсу тоҷикКамоли Хуҷандӣ ҳамчуншоири ширинкалом ваустоди ғазал мавқеибосазо дошта, бо Саъдӣ,Ҳофизу Ҷомӣ даряк мавқеъ ҷойдорад. Ӯ ҳамчун устодиғазал дар рушдунумӯи ин жанриадабӣ хизмати шоистаероанҷом дода, онро ба пояҳои баландтаринбардоштааст.

Номи аслии ӯ Камолиддин, лақабаш Масъудбуда, бо тахаллуси адабииКамол дар шеърушоирӣ маълуму машҳургаштааст. Камоли Хуҷандӣ соли1318 дар шаҳрихушманзараи Хуҷанди бостонӣчашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ӯтаҳсили ибтидоиро дарзодгоҳаш гирифта, сипас бароитакмили илму донишихуд ба шаҳрҳоиСамарқанд, Тошканд ва Хоразмсафар намуда, дар мадрасаҳоиин шаҳрҳо илмҳоизамонашро пурра аз худменамояд. Камоли Хуҷандӣ башеъру шоирӣ бештаршавқу ҳавас дошт.Баъди синни 35-солагӣ банияти ҳаҷ батарафҳои Арабистон азмисафар менамояд.

Рафтовоза, ки имсолба

ҳаҷрафт, Камол,

Басмуборак сафаре чун

ту аз ӯ ҳамсафарӣ.

Камоли Хуҷандӣпас аз мусофиратҳоитӯлонӣ, ки дар шаҳриТабрез умр басар мебурд, асири лашкариёнимуғул мегардад. Шоири асирроба шаҳри Сароймеоранд ва ӯмуддати 4 сол дарасорат мемонад. Пас аз озод шуданаш бозба шаҳри Табрезбармегардад. Шоири ширинкаломумри дароз дидааст, аммоҳаёти ҷавонии ӯдар ғарибӣ, бо дурӣ азватан ва мусофиратҳоизиёд сипарӣ гаштааст. Камоли Хуҷандӣдар ғарибӣ азбекасиву бечорагӣ нолавуфиғон мекард. Вале дар ҳар куҷоебуд, бо ёди ёрудиёри ватани худ умрба сар мебурдва ҳеҷ гоҳзодгоҳи азизи худ – Хуҷандибостониро фаромӯш намекард. Ҳамеша азон ёд мекард, азхуҷандӣ будани худфахр мекард:

Бо лутфи табъ мардуми

Шероз аз Камол,

Бовар намекунанд, ки гӯям:

хуҷандиям.

Баъди ғарибиҳои зиёд Камоли Хуҷандӣ соли 1401 дар синни 83-солагӣ дар шаҳри Табрези Эрон аз оламмегузарад. Ӯро дар боғи худаш, ки «Биҳишт» маълуму машҳур аст, ба хок месупоранд, кито ҳол мақбарааш дар он ҷост ва то имрӯз зиёратгоҳи аҳлиилму адаб вахирад аст. Аҳли авлодиКамоли Хуҷандӣ то ҳол дар шаҳри Табреззиндагонӣ доранд. КамолиХуҷандӣ шаҳри Табрезробисёр дӯст медошт, кидар байти зеринишора намудааст:

Табрезмаро ба ҷойи ҷон

хоҳад буд,

Пайвастамаро вирди забон

хоҳад буд.

Мероси адабииКамоли Хуҷандӣ тозамони мо омадарасидааст, ки он аз 14 ҳазорбайт иборат мебошад. Эҷодиёти шоирдар жанрҳои хурди лирикӣ: ғазал , рубоӣ , қитъа ва қасида сурудашудаанд.

Девони КамолиХуҷандӣ бештар аз ғазалиборат аст. Дарон 977 ғазал, 101 қитъа, 37 рубоӣ, 11 муаммо, 1 мустазод ва 4 қасида дохилгардидаанд. Ғазал дар эҷодиёташмавқеи асосӣ ишғолменамояд. Ғазал оинаи зиндагонииӯ ба ҳисобмерафт. Шоир дар ғазалҳояштамоми ормону эҳсосотихудро то вопасинлаҳзаҳои ҳаёташ баённамудааст.

Ғазалиёти шоираз нигоҳи мавзӯъва мундариҷа бисёрмухталифу гуногуннавъ мебошад. Даррадифи мавзӯҳои ишқӣ, лаззатиҳаёт, мавзӯҳои иҷтимоӣ, ахлоқӣ, тарбиявӣ низ дар девониӯ зиёд мебошад.

Дар миёнитамоми мавзӯҳое, ки зеҳнишоирро ба худмашғул доштааст , ин мавзӯъғарибӣ, ҳасрати ватанаст, ки касро ба зудӣ мутаассирмесозад. Зеро эҳсоси ғарибӣ,дурӣ аз ёрудиёр эҳсосест, ки худишоир онро азсар гузаронидааст. Хоки ватанашбарои ӯ аз ҳама ҷо қиматтару азизтараст:

Кӯи ту хоҳад ин доми

овора бебиҳишт,

Мурғи ғарибро зи гулистон

ватан беҳ аст.

Мавзӯи дигариғазалиёти шоирро дӯстивурафоқат байни инсонҳоифода мекунад. Мавзӯидӯстиву бародариро шоираз ҳама боловумуқаддас мешуморад. Беҳтарин ғазалҳоиКамоли Хуҷандӣ бабузургдошти дӯст бахшидашудаанд:

Дӯст медорад дилам ҷабру

ҷафои дӯстро,

Дӯсттар аз ҷону сар дарду

балои дӯстро.

Дӯстиҳои ҳама олам бирӯб

аз дил Камол,

Пок бояд доштан

хилватсарои дӯстро.

Дар ғазалиётиКамол мавзӯи ватанва ватандӯстӣ бисёрба чашм мерасад. Шоир онҳоробо дарду аламибеинтиҳо, бо маҳоратибаланд ва ҳунариволо сурудааст. Ӯ пешаз ҳама аздиёри худ – шаҳри Хуҷандифтихор мекунад вабо камоли меҳрусадоқат, бо як ҳисси пурифтихориболидагӣ худро «хуҷандӣ»мешуморад. Камоли Хуҷандӣ то лаҳзаҳои охириҳаёт ёди Ватанкард ва бо ҳамин дард зиндагиропадруд гуфт:

Менагардад дилам аз дарди

фалак рӯзе шод,

Ба ман ин ғуссаи талху ғами

даврон то кай?

Охир, эй бахт, маро роҳ ба

манзил бирасон,

Ки ба ҷон омадам ин ранҷи

биёбон то кай?

Ашъори КамолиХуҷандӣ аз воситаҳоитасвири бадеӣ, аз қабилиташбеҳ, истиора, муболиғава киноя ғанӣбуда, онҳо дар эҷоднамудани образҳои бадеӣва таъсирбахш шуданисуханаш нақши басомуҳим доранд. Хулоса, КамолиХуҷандӣ чӣ дар ғазал ва чӣ дарпанду ҳикмат соҳибиравияву анъанаи худбуда, дар тӯли қарнҳопайравони зиёде пайдонамудааст.

Гар биҷӯянд ба сад қарн

наёбанд Камол,

Булбуле чун ту ғазалхон ба

чаманҳои Хуҷанд.

Ҳамин тариқ,тарзу услуби нигоришиКамол хеле ҷолибидиққат буда, ӯро ҳамчунустоди беҳамтоиғазал муаррифӣ мекунад.Дар эҷодиёти ӯсанъатҳои гуногуни бадеӣмоҳирона истифода шудаанд, киғазалиёти шоирро боз ҳам барҷастатарифода намудаанд.

Аз ту як соат ҷудоӣ хуш

намеояд маро,

Бо дигар кас ошноӣ хуш

намеояд маро.

Гӯям рӯзе: «Бирав ! Султони

вақти хеш бош!»

Баъди султонӣ гадоӣ хуш

намеояд маро.

 

Таҳияи Шералӣ Хоҷаев, омӯзгор




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ҒАЗАЛИ ҶОВИДОНА

Фарҳанг ва адабиёт

АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳокимияти давлатӣ
«Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст» - ҳадяи Муҳаммад Ғоиб ба наврасони Тоҷикисто ...

«Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст» - ҳадяи Муҳаммад Ғоиб ба наврасони Тоҷикисто ...

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
«Хурмои эътиқод»-и Озар ба чоп расид

«Хурмои эътиқод»-и Озар ба чоп расид

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Дар ин фасли зимистон аз Худои хеш мехоҳам…

Дар ин фасли зимистон аз Худои хеш мехоҳам…

Фарҳанг ва адабиёт, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА