Дар як сатр
» » ЧОДАРИ ДӮХТАИ БИБИМОҲ ЯК ШОҲАСАР АСТ

ЧОДАРИ ДӮХТАИ БИБИМОҲ ЯК ШОҲАСАР АСТ

31-01-2020, 18:29

Дар урфият мегӯянд, ки «ҳар чизе, ки дар қалб аст, ба забон ҳамон меояд». Бале, Бибимоҳ қалби зебо дорад ва аз забонаш шаҳд мерезад. Бо ҳамин қалбу забони зебо тавонистааст соҳибному соҳибҳунар гардад.

Бибимоҳ Гадоева, сокини деҳаи Садриддин Айнии Ҷамоати деҳоти «Навбаҳор»-и ноҳияи Кӯшониён, мисли дигар духтаракон замони наврасӣ аслан зиёд ҳунаромӯзӣ накарда буд. Танҳо замони тоқидӯзии модару занони ҳамсоя бо диққат ба кори онҳо дида медӯхт ва мустақилона кори шогирдона мекарду халос.

Вақте Бибимоҳро аз ноҳияи Восеъ ба ноҳияи Кӯшониён арӯс карда оварданд, аз рӯзҳои аввали зиндагӣ ба кори деҳқонӣ машғул шуд. Баъди тавлид ёфтани фарзандон пасандозе, ки аз кори деҳқонӣ ҷамъ мегардид, барои таъмини хароҷоти оила намерасид. Ба сари Бибимоҳ андешаи тиҷорати хурдро ба роҳ мондан омад ва якчанд сол бо ҳамин равиш ба шавҳар кумак мекарду кӯдаконро ба по мехезонд.

Соли 2018 соле буд, ки алорағми ҳама шикасту ноумедиҳое, ки Бибимоҳ дар ҳаёт дошт, ба ӯ умеди дубора бахшид. Вақте ки Бибимоҳ Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гӯш мекард ва вақте сухан дар бораи эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва дастгирии ҳунармандон гуфта шуд, ба ёди Бибимоҳ тоқиҳои дӯхтаи модар расид. Базӯр то фардо сабр кард ва рӯзи дигар барои маслиҳату машварат аввал бо ҳамсоязанҳо, пасон бо роҳбари занони ноҳия, баъдан бо сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят ва сипас, бо раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи кишвар ба маркази вилоят ва шаҳри Душанбе рафт.

Бибимоҳ Гадоева то имрӯз аз собиқ раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати мамлакат Идигул Қосимзода барои роҳнамоӣ ва дастгирии беандозааш сипосгузор аст. «Ҳар маротибае, ки аз эшон кумак хостам, бо муомилаву лаҳни ширинаш маро боз ҳам барои амалишавии нақшаву ниятҳоямдастгирӣ намуд. Имсол аз номиПрезиденти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои якчанд зани ҳунарманд модели охирини мошинаҳои дарздӯзӣ, ҳамчун ҳадя пешкаш шуда буд, ки ман низ аз ин туҳфаи арзишманд бенасиб намондам», - мегӯяд Бибимоҳ.

Бибимоҳ баъди хатми курси кӯтоҳмуддати идораи шуғли аҳолии ноҳия бо занону бонувоне, ки ҳар яке ҳунарҳои гуногуни миллӣ доштанд, ба хонааш даъват кард.Ин гурӯҳ, ки аслан занони аз панҷоҳ то 66-сола иборатанд, дар оғоз духтараконро бо ҳунарҳои мухталиф ошно менамуданд.

- Бартарии кори мо дар он буд, ки духтарони имрӯза зудфаҳму зираканд, - бо қаноатмандӣ ва хушҳолӣ мегӯяд Бибимоҳ. – Масалан, барои омӯзонидани ҳунари қолинбофӣ занеро аз як деҳа бо хоҳишу илтимос оварда будем, ҳамагӣ 2-3 рӯз омаду халос, аммо як духтараки гурӯҳи мо дар як муддати кӯтоҳ ин ҳунарро аз худ кард ва то имрӯз дигаронро меомӯзонад. Агар аз ин занҳо якеаш турна бофад, дигар ҳатман замоне дар сехи қолинбофӣ кор кардааст, сеюмӣ бошад, қалам мезанаду чоруму панҷумаш нақшдӯзу шероза мебофад.

Дар гирд овардани ин занони ҳунарманд, албатта, саҳми Бибимоҳ хеле бузург аст. Зеро ӯ тавонистааст бо ширинзабониаш аз ҳар гӯшаву канори ин ноҳияи бузург занонеро, ки замоне ҳар гуна ҳунарҳоро дош-танд, гирди ҳам биёрад. То ин муддат, яъне аз соли 2018 то имрӯз зиёда аз панҷоҳ нафар занону бонувон соҳиби ҳунарҳои гуногун гардиданд. Қисме дар хонаҳои хеш ва қисми дигар дар хонаи Бибимоҳ ба ҳунарофарӣ машғул ҳастанд.

- Онҳое, ки соҳибкасб гардиданду дар хона ҳастанд, бо мо ҳамкорӣ мекунанд, - идома дод Бибимоҳ. - Агар ба мо фармоишгарон зиёд шаванд, бо кумаки онҳо корро ба сомон мерасонем. Ин бонувони ҳунарманд, ки баъзеашон дар як оила то се-чор нафаранд, дар баробари кори деҳқонӣ ва рӯзгордорӣ, инчунин то ду-се ҳазор сомонӣ аз ҳисоби ҳунарашон даромад ба даст меоранд.

Борҳо, бо тақозои касб, бо даҳҳо занони ҳунарманд вохӯрдаам ва барои соҳибҳунару гулдаст буданашон таҳсину офарин мехонам. Аммо ин гуна диду завқи баландро дар як зани соҳибҳунар кам дидаам.

Ҳавлии Бибимоҳ Гадоева, ба қавли худаш, дар фасли баҳору тобистон хонаи меҳмонону сайёҳонеро мемонад, ки аз ноҳияи Кӯшониён дидан мекунанд. Ҳар сайёҳи хориҷие, ки ба ин ноҳия меҳмон мешавад, ҳатман ӯро ба таманои қабул ба хонаи Бибимоҳ меоранд.

Манзили Бибимоҳ хеле хоксоронаю одист, аммо хонаест, ки ҳунар мегӯяд: «ман ин ҷо ҳастам». Аввал диққати ҳар нафареро, ки ба ин хона ворид мешавад, як чодарии зебо ба худ мекашад. Ин чодарӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дӯхта шуда, дарозиаш зиёда аз се метр мебошад. Дар он як гӯшаи зебоманзари диёр, ки дар фасли баҳор боз ҳам зеботар мешавад, таҷассум ёфта, ба монанди як асари томи мунаққаш аст. Дар ин чодарӣ, ки муддати як моҳ Бибимоҳ якҷо бо занони ҳунарманди деҳа дӯхтааст, кӯҳҳои сарбафалаккашида, офтоби нурафшон, дашту теппаҳои лоларез ва духтараконе, ки бо либоси миллӣ лолачинӣ мекунанд, дарахтони сарсабзу рамаи гӯсфандон, писарчае бо ҷомаи тоҷикона найнавозӣ мекунад, духтараки дойрабадаст ва дарёчаи софи кӯҳӣ, умуман тамоми ғановати як гӯшаи диёр тарҳрезӣ шудааст.

Ба гуфти Бибимоҳ сайёҳон аз тамошои чунин эҷодкории як зани ҳунарманди тоҷик ба ваҷд омада, борҳо онро бо нархи 1500 доллар харидор шудаанд. Вале Бибимо ҳанӯз дар фикри фурӯхтани чодараш нест, мехоҳад, ки тавасути он ҳунари занҳои тоҷику Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунад.

Пешвои миллат дар сифати маҳсули дасти ин зани муъҷизаофар гуфтааст: «Ин чодарии дӯхтаи ту як шоҳасар аст, он бебаҳост». Ин нуқтаро, ки боиси хушҳолӣ ва дилгармии Бибимоҳ шудааст, Пешвои миллат дар яке азсафарҳояш, ду сол қабл дар ноҳияи Кӯшониён ба ин зани ҳунарманд гуфтааст. Баъди ҳамин сафар бо супориши Роҳбари давлат лоиҳаи Бибимоҳ барои гирифтани «Гранти президентӣ» пешниҳод шуд ва ҳамон сол соҳиби грант ҳам шуд. Аз ҳисоби ҳамон маблағ барои духтарони ҳунаромӯз Бибимоҳ якчанд мошинаи дарздӯзӣ харидорӣ кард.

Дар меҳмонхонаи Биби-моҳи ҳунаррез, инчунин, аз болишту кӯрпача сар карда, то дастархону сачоқгузор, чойникпӯшу чойникгузор ҳамагӣ нақши чакан доранд. Умуман, ин мавзеъро месазад «хонаи ҳунар» номид.

Бибимоҳ гули сари сабади ҳар маҳфилу чорабиниҳои ноҳия, вилоят ва ҷумҳурист. Роҳбари занони маҳаллаи хеш низ мебошад. Дар ҳар намоише, ки маҳсули ҳунари занони ноҳия ба маъраз гузошта мешавад, пеш аз ҳама, чодариву шероза, нақшҳои чакану қолинчаҳои бофтаи Бибимоҳ ва занони гурӯҳи кориашон намоишро боз ҳам зебандатар месозад.

Соли гузашта дар озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунар беҳ аз зар бувад», Бибимоҳ дар шаҳри Душанбе соҳиби ҷойи аввал гардид. Ин аз он дарак медиҳад, ки кори Бибимоҳ қобили таҳсину қадрдонист.

Бибимоҳ дар кор ҳеҷ мушкилие надорад, мушкилаш танҳо надоштани ҷойи васеътар барои маркази махсуси омӯзишӣ мебошад. Ин зани ҳунарвару ҳунарофар умед дорад, ки ояндаи наздик орзуҳои деринаи ӯ ва дигар занони ҳунарманде, ки бо ӯ ҳастанд, ҷомаи амал мепӯшад. Бибимоҳ мехоҳад, ки дар маркази ноҳияи Кӯшониён бо доштани як бинои омӯзиши ҳунар ҳам ҳунарашро сайқал диҳаду ҳам маҳсули ҳунарашро бо доштани як мағозаи армуғонӣ барои меҳмонону сайёҳон ба фурӯш пешниҳод намояд.

Рӯзе, ки мо бо Бибимоҳ Гадоева ҳамсуҳбат гардидем, ин зани соҳибзавқ барои меҳмононе, ки ба ноҳияашон ташриф меоранд, аз нақшу нигори чакан армуғони зебое омода месохт. Вай ҳатто аз завқи мардуми дигар кишварҳо огаҳӣ дорад ва шӯхиомез мегӯяд: «Мардуми мо ба туҳфаи калон ва хориҷиён ба туҳфаҳои хурду зебо завқ доранд».

Яқин гардид, ки қалби Бибимоҳ чун ҳунараш зебост ва истеъдодаш ҳам чун сираташ нотакрор аст.

Ҳангомаи ИСМАТ,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ҲАМШИРАИ ҲУНАРМАНД

ҲАМШИРАИ ҲУНАРМАНД

Тандурустӣ ва экология
Қаламзане аз «Тахти сангин»

Қаламзане аз «Тахти сангин»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Даҳ зани ҳунарманд дар як хонавода

Даҳ зани ҳунарманд дар як хонавода

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

Ҳунарҳои мардумӣ рушд меёбад

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Чакандӯзе аз диёри чакан

Чакандӯзе аз диёри чакан

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА