Дар як сатр
» » 975 НОМГӮЙИ МАВОДИ ДОРУВОРИРО АЗ МУОМИЛОТ ГИРИФТАНД

975 НОМГӮЙИ МАВОДИ ДОРУВОРИРО АЗ МУОМИЛОТ ГИРИФТАНД

31-01-2020, 18:26

Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ дар вилояти Хатлон ба масъалаҳои беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин, рушди шаклҳои нави кумаки тиббиву санитарӣ аҳамияти хоса медиҳад. Назорати қатъии сифати доруворӣ бошад, маҳз аз ҳамин соҳа вобаста аст.

Маҳмадҷон Абдуқодирзода, сардори Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ дар вилояти Хатлон дар нишасти матбуотии худ тавре гуфт, нафароне, ки дорувории қалбакӣ ва муҳлати истифодааш гузаштаро мефурӯшанд, мутобиқи қонун ҷаримабандӣ мешаванд.

Дар натиҷаи санҷиш ҷиҳати қонунвайронкуниҳо 179 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешида шуда, ба маблағи умумии 293 ҳазор сомонӣ ҷарима таъйин ва ситонида шудааст. Дар рафти санҷиш фаъолияти 18 муассисаи соҳаи тандурустӣ фаъолияташон то бартараф кардани камбудиҳо боздошт карда шуд

Дар нишаст иттилоъ дода шуд, ки Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон 11 ҳодисаи фавти модарро мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода, дар натиҷа 20 нафар мутахассисон ҷаримабандӣ шуда, нисбати 51 нафар мутахассисон барои андешидани муҷозоти интизомӣ пешниҳод ирсол карда шуд.

Дар давоми соли 2019 аз тарафи шуъбаи назорати давлатии фаъолияти фарматсевтии хадамот ба миқдори 975 номгӯй, 132 ҳазору 649 адад (9415 кг) ба маблағи 544 ҳазору 207 сомонӣ маводҳои дорувории қалбакӣ, пастсифат, ба таври қочоқ воридшуда ва муҳлати истифодабариашон гузашта, бесертификати мутобиқат ва сифат бо роҳи сӯзонидан несту нобуд карда шуданд.

Комрони БАХТИЁР,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ИФШОИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНӢ ДАР ДОРУХОНАҲО

Хабарҳо
Нисбат ба роҳбарони бемасъулияти муассисаҳои тиббӣ чора андешиданд

Нисбат ба роҳбарони бемасъулияти муассисаҳои тиббӣ чора андешиданд

Тандурустӣ ва экология
Маҳви доруҳои пастсифат

Маҳви доруҳои пастсифат

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология
Дорувории муҳлаташ гузашта нобуд карда шуд

Дорувории муҳлаташ гузашта нобуд карда шуд

Тандурустӣ ва экология
Доруҳои пастсифатро cӯзонданд (аксу видео)

Доруҳои пастсифатро cӯзонданд (аксу видео)

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, Матолиби чандрасонаӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР