Дар як сатр
» » НИЁЗ БА МАКТАБУ СИНФХОНАҲО ЗИЁД МЕШАВАД

НИЁЗ БА МАКТАБУ СИНФХОНАҲО ЗИЁД МЕШАВАД

31-01-2020, 18:21

То соли 1991 дар ҳудуди имрӯзаи вилояти Хатлон ҳамагӣ 1002 муассисаи таълимӣ арзи вуҷуд дошта, имрӯз шумораи онҳо ба 1349 адад мерасад. Аммо аз рӯи маълумоти оморӣ бинобарафзоиши таваллуд ва фарсудашавии биноҳои куҳнаи муассисаҳои таълимӣ сол аз сол эҳтиёҷот ба мактабу синфхонаҳои иловагӣ зиёд мешавад.

Соли 2019 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 60 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 12 210 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шудааст. Аз ин ҳисоб 15 бинои муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ бо кумаки соҳибкорон, 23 бинои иловагӣ бо саҳмгузории аҳли маҳал мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд. Дар ин бора Диловаршоҳ Исоев, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон, зимни нишас-ти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи манбаъ, тибқи нақшаи пешбинишуда соли 2020 дар қаламрави вилояти Хатлон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ бунёди 74 бинои муассисаи таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ дар назар дошта шудааст. Новобаста ба рафти босуръати бунёди биноҳои муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ норасоии ҷойи нишаст аз мавзӯъҳои мубрами соҳаи маориф боқӣ мемонад. Зеро тибқи маълумотҳои оморӣ дар соли гузашта, ки зиёда аз 86 ҳазор кӯдакон ба синфи якум қабул шудааст, омори таваллуд дар вилоят ба 90 ҳазор мерасад. Бинобар ин, бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва фарсуда шудани биноҳои муассисаҳои таълимии 50-60 сол қабл сохташуда, сол аз сол эҳтиёҷ ба мактабу синфхонаҳои иловагӣ зиёд шуда истодааст.

- Айни замон дар ҳудуди вилояти Хатлон 1349 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият дорад, ки аз он 66 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 132 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 1088 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 23 гимназия, 22 литсей, 9 мактаб-интернати кӯдакони ятим, 3 интернати наздимактабӣ, 1 мактаб-интернати ёрирасон, 4 мактаб-интернати бачаҳои лаёқатманд, 1 хонаи бачагонаро ташкил медиҳанд. Теъдоди умумии хонандагон дар муассисаҳои мазкур ба 752 ҳазору 686 нафар мерасад, ки аз ин шумора 48,2 дарсади онро духтарон ташкил медиҳанд. Гуфта мешавад, ки нисбат ба соли хониши 2018-ум 219 шумораи хонандагони муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон 23 ҳазору 625 нафар зиёд шудааст.

 

Ҷ. САЙФИДДИНОВ




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

АЗМИ БУНЁДИ 510 ИНШООТИ ТАЪЛИМИИ ҶАШНӢ ДАР ВИЛОЯТ

Хабарҳо

Санҷиши фаъолияти 301 муассисаи таълимӣ

Хабарҳо

Ш. ШОҲИН. АЗМИ БУНЁДИ 5 МАКТАБИ НАВ

Хабарҳо

БУНЁДИ 4 МТМУ ТАВАССУТИ ҲАШАР

Хабарҳо
қариб 47%-и хатмкардаҳои муассисаҳои таълимии вилоят донишҷӯ шуданд

қариб 47%-и хатмкардаҳои муассисаҳои таълимии вилоят донишҷӯ шуданд

Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА