Дар як сатр
» » БУНЁДИ 24 КИТОБХОНА БА НАҚША ГИРИФТА ШУДААСТ

БУНЁДИ 24 КИТОБХОНА БА НАҚША ГИРИФТА ШУДААСТ

31-01-2020, 15:15

- Дар вилояти Хатлон 489 китобхона, аз ҷумла 3 китобхонаи вилоятӣ, 25 адад китобхонаи марказӣ, 435 филиали китобхона ва 26 китобхонаи бачагона фаъолият карда истодааст, - қайд намуд А.Абдуллозода, сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон. - Хазинаи умумии онҳо 2 миллиону 522 ҳазору 243 нусхаро дар бар мегирад.

Дар нишасти матбуотии Раёсати фарҳанги вилоят зикр шуд, ки соли 2019 аз ҳисоби буҷа 5 ҳазору 713 нусха китоб ба маблағи 146 ҳазору 872 сомонӣ, 1400 нусха ба маблағи 13 ҳазору 495 сомонӣ китобҳои тозанашр харидорӣ гардида, аз ҳисоби китобдорон ва китобҳои туҳфашуда 7 ҳазору 81 нусха, аз муассисаҳои давлатӣ 2 ҳазору 541 нусха, аз муассисаҳои ғайридавлатӣ 2 ҳазору 432 нусха китоб ба китобхонаҳо ворид гардидааст. Аз он ҷумла дар доираи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» як ҳазору 867 нусха китоб ба маблағи 25 ҳазору 609 сомонӣ харидорӣ гардидааст.

Зимни нишасти хабарӣ маълум гардид, ки аз 489 китобхона дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 29 китобхона таъмирталаб буда, 9 адади онҳо дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Дар соли гузашта аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 152 ҳазору 45 сомонӣ, аз ҳисоби соҳибкорони вилоят 139 ҳазору 550 сомонӣ ва аз ҳисоби китобдорон 105 ҳазору 959 сомонӣ барои таъмиру тармим ва сохт-мони китобхонаҳо сарф шудааст. Дар ноҳияи Қубодиён ду бино, Муъминобод як бино аз ҳисоби масҷидҳои ғайрирасмӣ ба китобхонаҳои деҳот табдил дода шуданд.

А. Абдуллозода, ҳамчунин, иттилоъ дод, ки феълан дар қаламрави вилоят 20 осорхона бо теъдоди умумии 32130 нигора фаъолият дорад. Осорхонаи мардумии ноҳияи Балҷувон ва осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳияи Ёвон дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ноҳияҳои Дӯстӣ, Ҷайҳун, Вахш, Кӯшониён, Панҷ, Восеъ, Муъминобод, Ш. Шоҳин ва Данғара осорхонаҳои таърихию кишваршиносии ноҳиявӣ то ҳол таъсис дода нашудаанд.

Шумораи боғҳои фарҳангию фароғатии вилоят ҳам ба 30 адад расидааст. Соли гузашта бо ҷалби соҳибкорон ва аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ ба маблағи қариб 45 миллион сомонӣ таъмиру азнавсозӣ гардида, дар онҳо 75 арғунчаку чархофалак насб ва 5 майдони хурди варзишӣ сохта ба истифода дода шуд. Аммо дар ноҳияҳои Ёвон, Балҷувон ва Муъминобод боғҳои фарҳангию фароғатӣ мавҷуд нестанд.

 Дар маҷмӯъ, як қатор камбудию мушкилоти ҳалталаб, аз қабили норасоии сару либоси саҳнавӣ, асбобҳои халқӣ ва барқӣ, воситаҳои тақвияти овоз, нақлиёти сафарӣ, мизу курсӣ, рафҳои китобмонӣ, китобҳои тозанашр, компютеру принтерҳо, маблағҳои лозимӣ ҷиҳати таъмиру тармими муассисаҳо ва мутахассисони соҳибкасб ҷой доранд. Дар умум заминаи моддию техникии муассисаҳои фарҳангӣ ба дастгирӣ ниёз доранд.

Сардори Раёсати фарҳанг зикр намуд, ки бо вуҷуди мушкилоти мавҷуда, баҳри сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳли фарҳангу ҳунари вилоят бо истифода аз тамоми имкониятҳои мавҷуда минбаъд кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод, ки фаъолияту хизматрасонии муассисаҳои фарҳангиро дар қаламрави вилоят мувофиқи матлаби замон ба роҳ монда, дар доираи ҷашну санаҳои таърихӣ, ки дар давоми соли 2020 дар назаранд, чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ созмон дода, ба ин васила дар самти болоравии тарбияи маънавию маърифатии ҷомеа ва татбиқи сиёсати фарҳангии кишвар саҳми арзанда мегузоранд.

Ҳ. ИСМАТ



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Варзишгарони Хатлон соҳиби 1967 медал гардиданд

Варзишгарони Хатлон соҳиби 1967 медал гардиданд

Ҷавонон ва варзиш

ВАХШ: МАЪЮБОН 44175 СОМОНӢ КУМАК МЕГИРАНД

Хабарҳо
3,2 миллион сомонӣ – даромади солонаи “Тоҷиктелеком”

3,2 миллион сомонӣ – даромади солонаи “Тоҷиктелеком”

Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Муъминобод. 69,3%-и буҷет барои маош

Муъминобод. 69,3%-и буҷет барои маош

Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Китобхонаҳои Хатлон 61 ҳазор китоби электронӣ доранд

Китобхонаҳои Хатлон 61 ҳазор китоби электронӣ доранд

Хабарҳо, АМОН МАҲКАМОВ