Дар як сатр
» » ВОСЕЪ. МУШКИЛОТИ НАРАСИДАНИ КОМПЮТЕР КАЙ БАРТАРАФ МЕШАВАД?

ВОСЕЪ. МУШКИЛОТИ НАРАСИДАНИ КОМПЮТЕР КАЙ БАРТАРАФ МЕШАВАД?

31-01-2020, 15:10

Мушикилоти паст будани сатҳу сифати таҳсил ва нарасидани таҷҳизоти дарсии хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ аз масъалаҳои мубрами рӯз ба ҳисоб меравад. Ин ҳолатро дар МТМУ №25-и ба номи Ҷумъа Муъминови Ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ мушоҳида намудем.

Дар муассисаи мазкур 387 хонанда дар ду баст таҳсил мекунанд. "Дар мактаб омӯзгорони фанни таърих ва забони русӣ намерасанд. Ҳарчанд омӯзгорони ҷавонро даъват менамоем, аммо то ҳол ин мушкилӣ дар мактаб ҳалли худро наёфтааст”-мегӯяд Зулқаъда Чақалова, муовини директор оид ба таълим.

Ҳамчунин, мушоҳида намудем, ки  дар машғулиятҳои фаннӣ муаллимони тахассусашон дигар дарс мегуфтанд. Хонандагони синфи 11 иброз доштанд, ки  толибилмон барои ҳуҷҷат супоридан ба Маркази миллии тестӣ аз фанни забонҳои русиву англисӣ ва технологияи иттилоотӣ  мушкилӣ доранд. Яъне, ин фанҳоро нагузашта, забонҳои русӣ ва англисиро хуб омӯхта наметавонанд.

Дар ин росто, дар муассиса синфхонаи на чандон калони технологияи иттилоотӣ мавҷуд буда, дорои 11 компютер (як адад аз омӯзгор, боқимонда барои хонандагон) мебошад, ки 4-тои он таъмирталаб аст.

Даврон Ханчаев, омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ, дар суҳбат бо мо чунин гуфт: "Дар синфхона 11 компютер мавҷуд буда, 4-тои он таъмирталаб мебошад. Дар паси ҳар як компютер 3-4 нафарӣ нишаста, қисми бештари хонандагон бекомпютер менишинанд, ки ин барои аз худ кардани кор бо компютер мушкилӣ эҷод мекунад. Умед дорем, ки ин мушкилот бартараф мешавад”.

Ба назар мерасад, ки хонадагони ин боргоҳ дар рафти дарси технология бо барномаҳои компютер хуб кор карда наметавонистаанд ва танҳо аз рӯи як барнома кор мекардаанд. Инчунин, дар муассиса синфхонаи технологияи таълими меҳнат мавҷуд набуда, толибилмон дар синфхонаҳо дарси назариявӣ мегузаранд.

Пас, суоле ба миён меояд: мушкилоти нарасидани компютер дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №25-и ноҳияи Восеъ кай ҳалли худро меёбад?

 

Фирдавс УМАРОВ,

коромӯзи «Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ

ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ

Ҳокимияти давлатӣ
Хонандагон дар муассисаи замонавӣ таҳсил мекунанд

Хонандагон дар муассисаи замонавӣ таҳсил мекунанд

Маориф ва илм
Ифтихор аз пеша дорам

Ифтихор аз пеша дорам

Маориф ва илм
Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №80 дар  ноҳияи Ёвон

Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №80 дар ноҳияи Ёвон

Ҳокимияти давлатӣ
Русидонӣ беҳтар мешавад?

Русидонӣ беҳтар мешавад?

Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА