Дар як сатр
» » ХОВАЛИНГ. ГУЗАРОНИДАНИ КОРҲОИ БИОТЕХНИКӢ

ХОВАЛИНГ. ГУЗАРОНИДАНИ КОРҲОИ БИОТЕХНИКӢ

31-01-2020, 15:08

Якбора сард шудани ҳаво ва бориши барфи зиёд дар ноҳияҳои кӯҳистони мамлакат ба дастрасии олами вуҳуш бо хӯрока мушкилӣ эҷод намуд. Имрӯзҳо аксари ҳайвоноти ваҳшӣ, парандагони нодир аз зери барфи зиёд дона дарёфт накарда аз баландкӯҳҳо ба талу теппаҳо фаромадаанд.

Дар ноҳияи Ховалинг чун дар дигар шаҳру ноҳияҳои баландкӯҳи кишвар кормандони Бахши ҳифзи муҳити зист, хоҷагиҳои ҷангал ва ҷамъиятҳои шикорчиёну табиатдӯстон баҳри ҳифзу нигоҳдошти ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагони нодир корҳои биотехникӣ мегузаронанд. Кормандони муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ба номи Сайдаҳмад Каримов дар якҷоягӣ бо Бахши ҳифзи муҳити зист ба корҳои биотехникӣ ҳанӯз аз тобис-тон омодагӣ гирифта буданд. Сарҷангалбони хоҷагии мазкур Фатҳиддин  Қурбонов дар ин бора чунин мегӯяд: «Дар панҷ мавзеи ҷангалзор ба миқдори зарурӣ коҳу беда ва дону кунҷора захира кардаем, ки онҳоро имрӯзҳо дар ҷойҳои ҷамъшавии ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагон гузоштаем».

Ба гуфти Фирдавс Абдураимов, сардори Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия, як муваффақияти кормандон дар ҳифзу нигоҳдошт ва афзоиши саршумори ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагон ин бурдани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ мебошад. Ин тадбир ба он мусоидат кардааст, ки ба корҳои биотехникӣ хоҷагиҳои деҳқонию сокинони ноҳия низ ҷалб гарданд.

 

Ш. Сафарзода



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

КОРҲОИ БИОТЕХНИКӢ ДАР САРИ ХОСОР

Арсаи кишоварзӣ
Моро ба масъулияти бештар ҳидоят менамояд

Моро ба масъулияти бештар ҳидоят менамояд

Тандурустӣ ва экология
Мамнуъгоҳи Даштиҷум  мавзеи тамошобоб аст

Мамнуъгоҳи Даштиҷум мавзеи тамошобоб аст

Туризм

Талошҳо барои рушди сайёҳии экологӣ

Хабарҳо
Шӯрообод. Ҷаримаи 25 қонуншикан

Шӯрообод. Ҷаримаи 25 қонуншикан

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА