Дар як сатр
» » ҚАДРДОНИИ ДАСТПАРВАРОНИ ДАСТАИ «РАВШАН»

ҚАДРДОНИИ ДАСТПАРВАРОНИ ДАСТАИ «РАВШАН»

31-01-2020, 15:06

Дар толори Қасри ҷавонони шаҳри Кӯлоб маросими ҷоизасупории ғолибони Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футбол дар соли 2019 баргузор гардид.

Раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода ба сухан баромада, оид ба дастовардҳои варзишгарони навраси шаҳр ва сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, супоришу таъкидҳояшон ба рушди соҳаи варзиш ёдовар гардид. Ӯ аз ҷумла қайд намуд, ки дар доираи иштироки дастаи наврасони Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон буд, ки навраси мо таҳти роҳбарии мураббии ботаҷриба, дастпарвари футбол Зайниддин Раҳимов, Сафаралӣ Раҳмонов, Анвар Мирзоев ва дигар мураббиёни тоҷик тавонистанд нуфузу манзалати футболи тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ нишон диҳанд.

Дастпарварони дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо маҳорату малака ва таҷрибаи худ дар 10 соли охир 2 маротиба Чемпиони Ҷумҳурии Тоҷикистон, як маротиба соҳиби Суперҷоми Тоҷикистон ва 2 маротиба ҷойизадори Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд. Иттилоъ дода шуд,  ки Оишамоҳ Исоқова, Маҳина Наимова ва Гулфайрӯз Ҳазратова  соли сипаригардида маҳорати хуби варзишӣ нишон доданд.

Дар тӯли фаъолияти беш аз 60-солаи дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб як зумра футболбозони ботаҷриба фаъолияти касбии варзишӣ доштанд, ки имрӯз таҷрибаи онҳо барои насли ҷавон ҳамчун як мактаби ҷасорату матонат дар самти риштаи футбол мебошад.

Маҳз дар соли сипаригардида дастаи собиқадорон низ тавонистанд дар Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон байни 10 дастаи собиқадорони ҷумҳурӣ сазовори зинаи дуюм гарданд. Аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон эътироф гардидани беҳтарин "Мураббии сол” байни собиқадорон Шоҳин Салимов ифтихори мардуми Кӯлобро дучанд намуд. Ҳамчунин Эмом Қурбонов, Ҳайдар Зоиров ва Сафар Муъминов, собиқадорони даста, қадрдонӣ карда шуданд.

Бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни сарпарастони мусобиқаҳо ва қадршиносӣ намудани онҳо директори генералии Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб Комилзода Алӣ Фозил, роҳбари Ширкати саҳомии "Барқи Тоҷик” дар шаҳри Кӯлоб Комилзода Ҷалолиддин, роҳбари «Ширкати Формула-55» дар шаҳри Кӯлоб Хурсанд Эмомов аз тарафи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб бо ифтихорнома ва туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Ҷаъфаршоҳ Шоғиёсов мураббии дас-таи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб, дастпарвари мактаби варзишии шаҳри Кӯлоб ба гирифтани унвони "Мураббии сол” дар сатҳи ҷумҳурӣ аз тарафи Федератсияи футболи Тоҷикистон эътироф шуд.

Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба бозингарони дастаи "Равшан” Наврӯз Баротов ва Шавқат Боронов барои малакаи баланди бозингарӣ ва таҷрибаи хуб нишон доданашон бо туҳфаю ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд. 

Инчунин, дастаи футболбозони нав-раси шаҳри Кӯлоб дар соли сипаригардида таҳти роҳбарии мураббии пуртаҷриба Ҷаъфаршоҳ Шоғиёсов дар Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои 17-сола сазовори зинаи аввал гардиданд. Ба ҳамин муносибат, тамоми аъзоёни даста аз тарафи шаҳрдори шаҳри Кӯлоб бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Б. Сафаров,

сармутахассиси шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ «ХАТЛОН»

Ҷавонон ва варзиш

«Пахтакор»-и Қубодиён ба лигаи 1 роҳхат гирифт

Ҷавонон ва варзиш
Талоши «Равшан» барои ҷойи 3-юм

Талоши «Равшан» барои ҷойи 3-юм

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
«Равшан» - 6-ум, «Вахш» - 8-ум

«Равшан» - 6-ум, «Вахш» - 8-ум

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш
Қаҳрамони 7-каратаи Тоҷикистон мураббии

Қаҳрамони 7-каратаи Тоҷикистон мураббии "Равшан" таъин шуд

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА