Дар як сатр

ЁРИИ ҲУҚУҚШИНОС

31-01-2020, 15:03

Равзанаи "Ёрии ҳуқуқшинос” ба хотири осон кардани он мушкилиҳои рӯзмарраи сокинон, ки ҷанбаи ҳуқуқӣ доранд, ифтитоҳ карда шуд.

Телефонҳо барои пешниҳоди суолҳо: 937-61-66-67, 888-88-04-03.

Савол:Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ кор мекунам. Директори муассиса маоши моҳонаамро бидуни розигиам на тариқи корти пардохти бонкӣ (дар ҳоле ки чунин корт дорам), балки тавассути ведомост пардохт кард. Мехоҳам донам, ки оё роҳбар чунин салоҳиятро дорад?

Малоҳат,

сокини шаҳри Бохтар

Посух:Мутобиқи моддаи 140-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон корфармо, сарфи назар аз вазъи молиявиаш, уҳдадор аст ба корманд барои кори иҷронамудааш музди меҳнати муқарраршударо пардохт намояд.

Мувофиқи моддаи 159-и Кодекси мазкур музди меҳнат бо пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешавад.  Бо розигии корманд бар ивази пардохти пулӣ қисман ба пардохти аслӣ (нақд) роҳ дода мешавад, вале он аз 20 фисади  маблағи умумии музди меҳнати якмоҳаи ӯ зиёд буда наметавонад.

Тибқи моддаи 160-и ҳамин Кодекс музди меҳнат мумкин аст тариқи кортҳои бонкӣ пардохт карда шавад. Барои чунин хизматрасонӣ аз корманд маблағ ситонида намешавад. Дар сурате, ки корманд корти бонкӣ дорад, роҳбар ҳуқуқ надорад, ки маблағи ҳамаи кормандонро ба таври корти пардохтӣ ва як нафарро тавассути ведомост пардохт кунад.

Дурандеш ИБРОҲИМЗОДА,

судяи Суди шаҳри Бохтар

 

Савол: Агар даъватшаванда то лаҳзаи ёд кардани савганди ҳарбӣ аз Комиссариати ҳарбӣ фирор намояд, оё нисбати  ӯ  ягон ҷазо пешбинӣ мешавад?

Умед, сокини ноҳияи Вахш

 

Посух: Албатта чунин рафтор хилофи талаботи қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  мебошад.

 Барои ташкил ва гузаронидани даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар ҳар як шаҳру ноҳия бо қарори раиси ноҳия ё шаҳр комиссияи даъватӣ таъсис дода мешавад.

Пас аз қабули қарори комиссияи даъватӣ дар бораи ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ мувофиқ гардидани даъватшаванда шаҳрванд аллакай хизматчии ҳарбӣ ба ҳисоб меравад. Агар шаҳрванд, худсарона, бо мақсади саркашӣ кардан аз хизмати ҳатмии ҳарбӣ аз Комиссариати ҳарбии ноҳия ё шаҳр фирор намояд, дар ин маврид кирдори содир намудаи ӯ тибқи моддаи 375-и  кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон банду баст ва нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда мешавад. Ҷазо барои чунин кирдори содиршуда маҳрум сохтан аз озодӣ мебошад. 

Алишер Рафиқзода,

судяи Суди ҳарбии

гарнизони Хатлон,

подполковники адлия



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ҶАЗОИ МАРДИ ФОСИҚ

Ҳуқуқу амният
Алимент напардохт, ҷазо гирифт

Алимент напардохт, ҷазо гирифт

Ҳуқуқу амният
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Хабарҳо
295 ҳазору 986 сомонӣ зарар рӯёнида мешавад

295 ҳазору 986 сомонӣ зарар рӯёнида мешавад

Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР
Даъвати ҳарбӣ 100% иҷро шуд

Даъвати ҳарбӣ 100% иҷро шуд

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА