Дар як сатр
» » РОҲИ ПУРНИШОТ ҶОНИБИ НУСРАТУ ПИРӮЗӢ

РОҲИ ПУРНИШОТ ҶОНИБИ НУСРАТУ ПИРӮЗӢ

31-01-2020, 14:59

Аз Паём то Паёми навбатӣ зиндагиву рӯзгори мардуми шарафманди  кишвар боз ҳам  шоиставу арзанда мегардад. Дастоварду  комёбиҳо дар соҳаҳои  илму маориф, иқтисодиёту фарҳанг, равобити  хориҷӣ баёнгари он аст, ки  вазъи кишвар ва симои ватани азизамон ба куллӣ дигар гашта, дар ҳолати рушди босубот қарор  дорад. Ин, албатти, далели хизматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

 

Ҳар Паём аст, ин мароми

 Пешво,

Ҳар Паём аст, ин каломи

 Пешво.

Зиндагиро мекунад

нуронитар

Мефизояд эҳтироми Пешво.

 

Дарвоқеъ, дар таърихи ватандории миллати куҳанбунёди тоҷикон  ин арзёбиҳо ва натиҷаҳои  зиндагии шоиста назир  надорад. Зеро зиндагии ширину  нотакрор ва  рангину гуҳарбор  танҳо дар замони  соҳибистиқлолии  кишвар ва осоиштагиву оромӣ  ба миллати тоҷик муяссар гардид.

Дар Паём тамоми паҳлуҳои  мубрами ҳаёти мамлакат баррасиву натиҷагирӣ шуда, ба рушду нумӯ ва пешрафту  тараққии он баҳои ҳаққониву муносиб дода шудааст.

Соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки ҷомеа маҳсуб гардида, дар сиёсати хирадмандонаву созандаи Сарвари давлат ҷойгоҳи махсус дорад. Азму талош ва садоқату матонати маорифпарваронаи  Пешвои миллат буд, ки дар самти рушди илму маориф ва ислоҳоти он, бунёди мактабҳо, муассисаҳои таълимӣ, дониш-гоҳу донишкадаҳо корҳои  шоиставу бесобиқаро ба анҷом додаем. Соҳаи  маориф сол то сол ба таѓйироту дигаргуниҳо  табдил гашта, низоми нави маориф бо стандартҳои  ҷаҳонӣ роҳандозӣ мегардад ва зина ба зина  ба фазои  ягонаи ҷаҳонӣ пайванд мешавад.

Хусусан, роҳандозии муно-сибатҳои салоҳиятнокӣ дар таълим дар рушди  тафаккури созандаву эҷодкории  ҷавонону наслҳои наврас  нақши бориз дорад. Асосгузору сулҳу ваҳдати  миллӣ- Пешвои  муаззами миллат,  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кору пайкори омӯзгору нақши ӯ дар ҷомеа ва таълиму тарбияи насли наврас андешаҳои воломақом иброз дошта, арҷ мегузорад: "Муаллим ақл, шаъну виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад”.

Аз  ин ҷиҳат, соҳаи илму маориф меҳвари  асосии Паёми навбатии Пешвои миллатро фарогир аст. Кормандони соҳаи илму маориф муваззаф гардиданд, ки сатҳу сифати таълим ва азхудкунии донишро дар ҳамаи зинаҳои  таҳсилот беҳтару хубтар намоянд. То ин ки тавонем,  наслҳои имрӯзу ояндаро бо донишҳои амиқу муосир, бархурдорию огоҳии  бештар аз технологияи замонавӣ, тафаккури созанда, ахлоқу рафтори накуву писандида, арҷгузорӣ ба ҳувияти милливу  арзишҳои умумибашарӣ дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир ба камол расонем.

Инчунин, дар Паёми навбатӣ дар  масъалаи забономӯзӣ, алалхусус, омӯзиши ҳамаҷонибаи  забони тоҷикӣ ба масъулони соҳаи маориф  ва устодону омӯзгорон  дастуру ҳидоятҳо  манзур гардид: "Забон оинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон расем ва дар баробари ин, ба  омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем”.

Ёдрас шуд, ки  омӯзиши илму дониш ва забономӯзӣ  аз кӯдакистонҳо, дар ҳамкории  судманду ҳасана бо волидайн оѓоз гашта, заминаҳои боэътимоди омӯзишу таълим, забонпарастӣ ва бунёди калидии фарҳанги сухангӯйиро мегузорад.

Ва инро боз ҳам  метавонем бо роҳбаладии устодони  дилсӯзу воқиф дар зинаҳои дигари таҳсилот такомулу тавсеа бибахшем. Чунки ҷаҳонишавии тамаддунҳо ва раванди ҷаҳони муосир  фардҳои огоҳ, масъулиятшинос ва муваффақро тақозо менамояд.

Дар робита ба такмил бахшидан ба омӯзишу таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ  ва риёзӣ дар ҷумҳурӣ ва тақвият додани тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои  табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи  маориф” эълон гардид. Ба мақсади дар-ёфти рушди   истеъдодҳо аз силсилаи илму фанҳои зикр-шуда ҳамасола дар миёни  муҳассилини  зинаҳои гуногуни таҳсилот олимпиадаҳои  ҷумҳуриявӣ, вилоятиву шаҳрӣ ва  ноҳиявӣ роҳандозӣ мегардад. Агар аз саҳифаҳои  пурнишоти ибратомӯзӣ ниёгон нигарем, дар   соҳаҳои фанҳои табиию риёзӣ ситораҳои  тобноки илму  фан, ба мисли Абӯалӣ ибни  Сино, Алхоразмӣ, Умари Хайём, Закариёи Розӣ ва дигар чеҳраҳои  мондагор зуҳур кардааст. Ин шахсиятҳои нотакрори илму адаб бо асарҳои безаволу кашфиётҳои нодирашон оламро кайҳо мусаххар намудаанд.

Рушди фанҳои табиатшиносию дақиқ дар омода намудани мутахассисони арзандаи  ин соҳаҳо роҳу маҷрои навро кушода, барои  амалишавии ҳадафҳои  бузурги миллӣ, арзи   вуҷуд кардани  иншооту коргоҳҳои  саноатӣ ва муаррифии илму  дониши ин  фанҳо дар озмуну   олимпиадаҳои байналмилалӣ  нақши  муҳим мегузорад.

Пешвои  муаззами миллат аз он изҳори  нигаронӣ карданд, ки  солҳои  охир мутолиаи китоб, аз ҷумла китобҳои  бадеӣ коҳиш ёфтааст. Аз ин лиҳоз, дастур дода шуд, ки тарѓибу  ташвиқи китобхонӣ ва ҳифзу  азбар кардани  порчаҳои насрию назмӣ дар  байни  муҳассилини зинаҳои гуногуни  таҳсилот ва дигар қишрҳои ҷомеа ба мақсади боз ҳам беҳтаршавии дунёи маънавию фарҳангии инсонҳо ҳамаҷониба вусъати тоза касб намояд.

Дарвоқеъ, китобхонӣ ҷаҳон-бинию худшиносии ҷавононро такомул бахшида, маҳорати  сухангӯӣ, одоби муоширату  муносибатҳои инсониро накутар карда, нутқи гуфторию навиштории наслҳои наврасро сайқалу бозтоб мегардонад.

Мо-омӯзгоронро зарур аст, ки дар ҷодаи мутолиаи китобҳои бадеӣ ва  тарѓиби  ҳарчи бештари ҷалби  наслҳои наврас ба он пешоҳангу намунаи   ибрат бошем:

Сафои зиндагонӣ дар

китоб аст,

Бақои зиндагонӣ дар

китоб аст.

Ҳамин тариқ, мо-корман-дони соҳаи маориф бояд мазмуну мундариҷаи пурмуҳтавои Паёмро мавриди омӯзишу роҳбаладӣ қарор бидеҳем. Зеро даъватҳои созанда, маромномаю ҳидоятҳо, дастуру супоришҳо аз Паём роҳи  пурнишот ҷониби  нусрату пирӯзӣ буда, ҳамчун  дастурамалу роҳнамо пешрафту равнақи  босуботи ҷомеаро зинату рӯшноӣ илқо менамояд.

 

С. Маҳмадалиев,

мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики ДДБ ба номи

Носири Хусрав,

 

Ф. Абдураҳимов,

омӯзгори кафедраи 

методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики

ДДБ ба номи

Носири Хусрав



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ПАЁМ РАҲНАМОИ МО

Ҳаёти иҷтимоӣ

ПЕШВОИ МИЛЛАТ- МАОРИФПАРВАРИ БУЗУРГ

Маориф ва илм
Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо

Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо

Ҳаёти иҷтимоӣ
Насли ояндасозро тарбия менамоем

Насли ояндасозро тарбия менамоем

Маориф ва илм
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ