Дар як сатр
» » ТАВСИЯДИҲАНДАИ РОҲИ НЕКУ РӮШНОӢ

ТАВСИЯДИҲАНДАИ РОҲИ НЕКУ РӮШНОӢ

31-01-2020, 14:58

Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, ҷиҳати таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзу ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Дар баробари ин, Пешвои миллат қайд намуданд, ки мо бояд ба рушди бахши хусусӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда, заминаи ягонаи ҳуқуқиро барои ҳамаи иштирокчиёни фаъолияти иқтисодӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, муҳайё созем.

Ҷиҳати ҳимояву дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар се соли охир дар соҳаҳои саноати сабук, кишоварзӣ, дорусозӣ, парандапарварӣ, чорводорӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок иловатан 30 намуди имтиёзу сабукиҳо ҷорӣ карда шуданд.

Саноатикунонии  босуръат ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул карда шудааст. Зеро рушди саноат барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он замина мегузорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  таъкид намуданд, ки рушди соҳаи сайёҳӣ самти афзалиятноки сиёсати давлати мо ба ҳисоб рафта, ҷиҳати боз ҳам тараққӣ додани он аз ҷониби Ҳукумати мамлакат вобаста ба пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ як қатор имтиёзҳо пешбинӣ гардидаанд. Аллакай, дар зарфи соли якуми эълон гардидани  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  дар деҳоти мамлакат як қатор пешравиҳо ба назар расида, рушди сайёҳӣ ва омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ идома ёфта истодааст.

Бо мақсади рақобатпазир гардонидани соҳа дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ моро зарур аст, ки мутахассисони забондон, донандаи фарҳангу таърих ва технологияҳои муосирро омода кунем, кормандони ширкатҳои сайёҳӣ, роҳбаладу тарҷумонҳо ва дигар мутахассисони соҳаро мутобиқ ба талаботи бозори сайёҳӣ ба камол расонем.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар факултети менеҷмент соли панҷум аст, ки ихтисоси иқтисод ва идораи сайёҳӣ ташкил гардида, дар доираи ин ихтисос донишҷӯён ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Соли таҳсили 2018-2019-ум 14  донишҷӯ аз рӯи ихтисоси номбурда донишгоҳро хатм намуданд. 

Мо-устодони факултети менеҷмент Паёми навбатии Пешвои миллатро сармашқи фаъолияти худ қарор дода,  дар амалишавии дастуру супоришҳои таъкидгардида  кӯшиш ба харҷ медиҳем.

 

Шарифхон Саидмуродов,

декани факултети менеҷменти

ДДБ ба номи Носири Хусрав


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ТАСДИҚИ РАМЗИ «СОЛҲОИ РУШДИ ДЕҲОТ, САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ» ЭЪЛОН ГАРДИД ...

ТАСДИҚИ РАМЗИ «СОЛҲОИ РУШДИ ДЕҲОТ, САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ» ЭЪЛОН ГАРДИД ...

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ
САРИ ХОСОР САЙЁҲОНРО ИНТИЗОР

САРИ ХОСОР САЙЁҲОНРО ИНТИЗОР

Туризм

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ - ТАВСИЯДИҲАНДАИ РОҲИ НЕК

Маориф ва илм, Номаҳои Шумо

Роҳ ба сӯи фардои дурахшон

Номаҳои Шумо

Дар ҳар ноҳия ду ширкати сайёҳӣ таъсис меёбад

Хабарҳо